logo

иқтисод

ҚАРОРИ 117. ЧАРО ДАР ИҶРОИ ОН БЕМАСЪУЛИЯТӢ ЗОҲИР МЕШАВАД?

Аз моҳи феврали соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 117 «Дар бораи тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар самти таъмини оби нӯшоӣ ва рафъи обҳои партов» амал мекунад ва, тибқи он, корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бояд иҷрои қарорро таъмин намоянд. Ба корхонаи мазкур вогузор намудани баҳисобгирии таъмини оби нӯшоӣ ва рафъи обҳои партов ба он хотир аст, ки пешбурди сиёсати баҳисобгирии давлатӣ дар самти обтаъминкунӣ, истифода, рушд ва хамоҳангсозӣ, инчунин, пайваст ва васл кардани асбобҳои баҳисобгирии оби нӯшоӣ аз ҷониби истеъмолкунандагон, ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбасти маълумот оид ба истифодаи об ва рафъи обҳои партов ба уҳдаи он мебошад.

То ин вақт сохторе муайян набуд, ки баҳисобгирии таъминоти аҳолӣ бо обро пурра анҷом бидиҳад. Аз ин рӯ, тибқи талаботи муқаррарнамудаи бандҳои 8, 13 ва 15-и тартиби мазкур, роҳбарони корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бояд дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз моликони иншооту шабакаҳои берун аз ҳудуди хизматрасонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳар моҳ оид ба ҳолати таъмини оби нӯшоӣ ва рафъи обҳои партов маълумоти боэътимод талаб намуда, то рӯзи 5-уми моҳи оянда ба КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҳисоботи хаттӣ пешниҳод созанд.
Мутаассифона, дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби моликони иншооту шабакаҳои хусусии обтаъминкунӣ ва баъзе корхонаҳои зертобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” низ ба корхона ягон ҳисобот пешниҳод нашудааст. Моликони иншооту шабакаҳо, ҳатто раисони шаҳру ноҳияҳо, ки вазифадоранд аз шабакаҳои обтаъминкунӣ ҳисобот талаб намоянд, нисбат ба иҷрои қарори мазкур бепарвоӣ зоҳир намуда, онро нодида мегиранд.
- Борҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ин масъала муроҷиат намудем. Ҷадвали махсуси иборат аз суолҳои мушаххаси муайян кардани шумораи умумии аҳолии бо системаи мутамаркази обтаъминкунӣ пайвастбуда ва характеристикаи умумии рафъи обҳои партов таҳия ва манзури мақомоти маҳаллӣ гардид. Аммо бисёриҳо аз пур кардани ҷадвал ва дар он ҷой додани маълумоти муфассал худдорӣ мекунанд, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бохтар, Норак, Роғун, Файзобод, - гуфт Беҳрӯз Сафаров, сардори раёсати обтаъминкунии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”. 
Мувофиқи маълумоти расмӣ, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” танҳо ба 245 ҳазору 237 хоҷагӣ (1 миллиону 44 ҳазору 45 нафар), ки 11, 4 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад, хизмат мерасонад. Шумораи бештари аҳолӣ аз хизматрасонии корхонаҳои фаръии воҳиди давлатӣ дар назди МИҲД, субъектҳои алоҳидаи ҷамъиятиву хусусӣ ва аз ҳисоби чашма, рӯд, канал, ҷӯйбор, чоҳҳои худсоз ва кашондан ба воситаи нақлиёт оби ошомиданиро истифода менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти роҳбарони иншооти таъминоти оби нӯшоии дар ихтиёри субъектҳои алоҳидаи дар назди МИҲД ва ташкилотҳои ҷамъиятию хусусӣ буда аз додани ҳисоботи боэътимод худдорӣ менамоянд, яъне хилофи қарори 117 амал мекунанд. Ба муассисаи давлатии “Тоҷик НИИГиМ”, ки зерсохтори Вазорати энергетика ва захираҳои об буда, солҳо инҷониб сиёсати давлатиро дар ин самт пеш мебарад, низ аз ҷониби идораю сохторҳои дахлдори давлатӣ ҳисоботи риояи меъёрҳои истифодаи об (ҳисоботи “02ТТ - Об”) ҳамагӣ 35-40 дарсад пешниҳод мегардаду халос. Бисёр иншооти ҷамъиятиву хусусии таъминоти об тибқи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ сохта нашудаанд ва раванди безараргардонии обро мувофиқи тартиби муқарраргардида пурра анҷом надода, сокинонро бо об таъмин менамоянд. Инчунин, ҷамъиятҳои мазкур ба сиёсати ягонаи обтаъминкунӣ, нархгузории қонунии оби нӯшоӣ, амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд ва то ба охир расидани маблағи ҷудокардаи фармоишгарон амал намуда, оқибат барҳам мехӯранд. Аз ҳамин сабаб шабакаҳои обтақсимкунӣ ва ташноб, истгоҳҳои обкашӣ, ҳавзҳо ва дигар воситаҳои коркарди технологӣ, инчунин, иншооти партовобтозакунӣ корношоям гардида, саломатии  шаҳрвандонро зери хатар мемонад. Таъминоти оби нӯшоӣ баъзан  аз  ҷониби  субъектҳои  инфиродӣ ва ҳуқуқӣ бидуни доштани иҷозатномаҳои ниҳодҳои салоҳиятдори давлатӣ ба роҳ монда, амалиёти молиявӣ бе муҳосибот, насупоридани андоз ва пардохт накардани маблағи истифодаи қувваи барқ сурат мегирад.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин бора иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ давоми нуҳ моҳи соли равон аз тарафи нозирони ҳифзи муҳити зист барои бе иҷозат истифода бурдани манбаъҳои обтаъминкунии таъйиноти оби нӯшоӣ нисбат ба 24 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инчунин, барои ифлоскунӣ ва бесарфа истифода кардани захираҳои об дар миқёси ҷумҳурӣ 1530 нафар ба маблағи 188229 сомонӣ ҷаримабандӣ гардид. Барои бе иҷозат истифода намудани захираҳои об ба маблағи 28819 сомонӣ зарар ҳисоб карда, аз он 21994 сомонӣ рӯёнда шудааст.
Тибқи маълумоти раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, идораю шабакаҳои обтаъмикунӣ дар шаҳру ноҳияҳо бояд мувофиқи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ҳуҷҷати меъёри экологӣ дошта бошанд. Аммо, мутаассифона, бисёре аз чунин идораҳо бе иҷозатнома фаъолият менамоянд, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус. Баробари ин, идораю шабакаҳои обтаъминкунии ноҳияҳои Кӯшониён, Абдураҳмони  Ҷомӣ,  Фархор  ва  шаҳри  Левакант барои надоштани ҳуҷҷати меъёри экологии истифодаи об ҷаримабандӣ шуданд.
Дар ҳар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ раёсату бахшҳо ва шуъбаҳои иқтисод, саноат ва савдо фаъолият менамоянд, ки бевосита ба масъалаи обтаъминкунӣ сару кор доранд. Мутаассифона, масъулони онҳо аз қарори №117 ҳанӯз дарак надоранд. Масалан, тавре аз шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳри Бохтар (дар баробари пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷрои корҳои обтаъминкунӣ, таъмири хати лӯлаҳои обгузар ва роҳҳо) гуфтанд, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – ро зарур аст, ки барои гирифтани ҳисобот мактуби расмӣ ирсол намояд, дар ҳоле ки  нусхаи қарор худ ҳуҷҷати расмӣ буда, иҷрои он ҳатмист. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, баръакс, дар доираи татбиқи қарор корҳо оғоз гардида, шумораи иншооти обтаъминкунӣ, аз ҷумла чоҳҳои амудии обкашӣ, ҳавзҳои оби тоза, истгоҳҳои насосӣ ва иншооти барқӣ, ҳисоб шуда истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки шумораи аниқи обистифодабарандагон ва ҳаҷми умумии истифода ва хароҷоти об муайян гардад. Ба ин восита метавон системаи обтаъмикуниро дар кишвар идора намуда, нишондиҳандаи таъминоти аҳолӣ бо обро, ки аз рӯйи маълумот, зиёда аз 50 дарсадро ташкил медиҳад, боз ҳам баланд бардошт. Нишондиҳандаи таъминоти аҳолӣ бо об то андозае ба татбиқи қарори мазкур рабт дорад. Масалан, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, асосан, сокинони шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ (7 ҳазору 600 нафар) бо оби нӯшоӣ таъмин гардида, ба онҳо аз ҷониби КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” хизмат расонда мешавад. Аз рӯйи маълумоти КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, 56 ҳазору 134 нафар аҳолии ноҳия аз тарафи шабакаҳои хусусӣ ва 108 ҳазору 528 нафар бо қувваи худӣ аз чашма, рӯд, канал ва ҷӯйбор об мегиранд.  Аз  ин  ҳисобот  бармеояд,  ки шумораи аҳолии ноҳия - 171 ҳазору 500 нафар бо об таъминанд. Вале ҷои инкор нест, ки  аҳолии ноҳия аз норасоии оби нӯшоӣ танқисӣ мекашад. Далели равшан мактуби ирсолнамудаи сокинони деҳаи Вахши ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” (мавзӯъро пайгирӣ хоҳем кард) оид ба мушкили об мебошад. Чунин ҳолат дар ноҳияҳои Балҷувон, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Деваштич, Ашт низ ба назар мерасад.
Маълум аст, ки масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшоӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, роҳбарони КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори мазкур бештар масъулият эҳсос намоянд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ ҳамчун сохтори назоратӣ бояд ҳолатҳои ғайриқонунӣ фаъолият кардани шабакаҳои ҷамъиятию хусусии таъминот бо обро ба танзим дарорад. Ё ин ки сохтори ягонаи давлатие муайян карда шавад, ки пурра идоракунии системаи обро дар кишвар ба уҳда дошта бошад, на дар алоҳидагӣ ба монанди ҳама идораҳои болозикр, ки хоҳони “идора” кардани соҳа мебошанд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2020    №: 222    Мутолиа карданд: 743
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед