logo

фарҳанг

ФУРӮҒИ "ЧАРОҒИ ДИЛ"

Нашри ҳар китоби нави Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ (соли 1990), баранди нишон ва дипломи байналмилалии «Сарвати зеҳнӣ» (соли 2011, Женева) рухдоди тозаву нек дар ҳаёти фарҳангии кишвар маҳсуб мешавад. Ҳаводорони асили каломи бадеъ ин гуна рухдодро ҳамеша интизоранд.

Абдулҳамид Самад бо достонҳо, қиссаҳо ва ҳикояҳояш на танҳо дар миёни хонандагони огоҳ маҳбубияти хос дорад, балки ӯ дар инкишофи насри муосири тоҷик саҳми назаррас гирифтааст. Ҳанӯз нахустин навиштаҳояш дар жанрҳои гуногуни адабиёт диққати муҳаққиқону мутахассисони соҳаро ҷалб намуда буданд. Перомуни ин асарҳо фикру андешаҳояшонро иброз намуданд, қимати онҳоро муайян карданд ва номи нависандаро дар қатори устодони насри муосири тоҷик гузоштанд. Фаъолияти минбаъдаи эҷодияш ин ҳақиқатро бештару беҳтар возеҳ сохт ва ҳам собит намуд, ки ӯ ҳамеша тавониста дар эҷод ба мақоми болотару болотар бираваду қуллаҳои нави фатҳношударо фатҳ бикунад.
Ҳамин тавр, метавон бо сарфарозӣ ва ифтихор ба хонандагон, муҳаққиқону мутахассисону ҳаводорони нависанда мужда расонд, ки чанде пеш китоби нави ӯ бо номи «Чароғи дил» аз тариқи нашриёти «Русская литература» дар ҳаҷми 24 ҷузъи чопӣ ба табъ расид.
Тавре дар анотатсия ё худ маълумоти мухтасар дар бораи китоб омадааст: «Иншои ҳикояҳо ва нашри китобҳои нахустини нависанда 40 – 50 сол пеш сурат гирифта. Вале ҳамеша таҳқиқи бадеии олами ботинии инсон дар шебу фарози зиндагӣ, тасвири лаҳзаҳои дилангезу ибратомӯз ҳадафи ниҳоии адиб будааст. Муаллиф бо сарфарозӣ аз муъҷизаи  фазои озоди Истиқлолияти Тоҷикистони азиз ҷо – ҷо забони ҳикояҳои солҳои пешинро таҳриру поксозӣ кардааст, ки бешак, посухгӯи талаботи имрӯзаи меъёрҳои забони давлатианд».
Дар ин китоби тозанашр беш аз 60 асари адиб ҷой дода шудаанд. «Занталаб ва маликаҳои саҳро», «Аробакаши идораи боло», «Моҳи хомпаз», «Хазон», «Базм», «Асп мерафт», «Ишқи тирамоҳӣ», «Ошноҳои падарам», «Модар», «Офтобаки сари мо», «Арӯсро дуздиданд» дар ин шуморанд.
«Чароғи дил», ки номи китобро дорад, ҳикояи воқеӣ буда, ба ёди омӯзгори ятимпарвар Самад Фаттоҳ бахшида шудааст. Дар давраи сарварии ин маорифпарвари асил мактаб – интернати Саричашма бо дастовардҳои назарраси худ на танҳо дар кишвар, балки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба некӣ ном бароварда буд. Таҷрибаву усулҳои пешқадамаш мавриди омӯзишу пайравии муҳаққиқону мутахассисон ва ҳамтоёнаш қарор гирифт. Ҳар лаҳзаи зиндагӣ ва суҳбати ӯ ибратбахшу хотирмон мебошад.
Ба яқин, нашри китоби «Чароғи дил» - и адиби маҳбуб, нависандаи чирадаст, дар шинохти ҳақиқати зиндагӣ, боло бурдани завқи бадеии хонандагон, ҳифзу покизагии забони миллат таъсири нек дорад ва ҳам мусоидат мекунад.
Албатта, муҳаққиқон, мутахассисон низ бо мутолиаи ин китоб паҳлуҳои нави эҷоду истеъдод ва ҷаҳонбинии фарохи нависандаро бештару беҳтар кашф мекунанд ва ба ин васила ба хонандагони одӣ дар фаҳмиши дурусти он ёрии худро мерасонанд.
Фурӯғи бисёр зебову равшани «Чароғи дил», бовар ҳаст, ки дилҳоро мунаввар месозад.

Абдулқодири Раҳим, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2020    №: 222    Мутолиа карданд: 606
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед