logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАЙХ ТАМИМ БИН ҲАМАД ОЛИ СОНӢ

18 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ибтидои суҳбат Амири Давлати Қатар бори дигар табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ба Пешвои миллат дар робита ба натиҷаҳои интихоботи президентии дар Тоҷикистон баргузоршуда ва аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Дар рафти суҳбат сарварони ду кишвари дӯст вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатарро баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои ҷонибҳо, ки бар асоси манфиатҳои муштарак қарор доранд, баҳои баланд медиҳад.
Ҳамчунин, ҷонибҳо таъкид карданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар, аз ҷумла дар бахшҳои гуногуни иқтисод бо шумули соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, ҳанӯз ҳам дорои захираҳои истифоданашуда мебошанд.   
Дар маркази таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин, ҳолат ва ояндаи робитаҳои ду кишвар дар чорчӯбаи сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба ва масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ қарор доштанд.
Дар ин замина  ҷонибҳо  оид ба таъсири пайомадҳои глобалии пандемияи COVID - 19, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, ибрози андеша карданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон низ дар вазъияти мавҷуда истисно нест ва тамоми саъю талоши худро ба пешгирии оқибатҳои он, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, равона менамояд.
Дар зимн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар ҷиҳати ҳамкорӣ дар мубориза бо ин бемории сироятӣ изҳори сипос намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд. Даъвати мазкур аз ҷониби Қатар бо камоли майл пазируфта шуд.
Суҳбат дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2020    №: 223    Мутолиа карданд: 743
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед