logo

сиёсат

«ПЕШВОИ ФАРҲАНГПАРВАРИ МИЛЛАТ»

Таҳти ин унвон бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, вазири фарҳанг Зулфия  Давлатзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Рафиқа Мӯсоева ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни баромад зикр кард, ки  дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани ин ҷашни муқаддас нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ  мебошад.
- Ба бахти миллати куҳанбунёди мо, дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиру нуфузи ҷаҳонии худ баромад карда, низоми президентиро на танҳо ба қаринаи (контексти) фарҳанги сиёсии халқи тоҷик ворид намуданд, балки пойдору мустаҳкам карда, сазовори бовари аҳли ҷомеаи кишвар гардиданд, - иброз дошт А. Раҳмонзода.
Хайринисо Юсуфӣ дар бораи хизматҳои шоистаи Сарвари давлат дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ибрози назар намуда, таъкид кард, ки Пешвои муаззами миллат дар таърихи миллати тоҷик аз дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо фаросату ҷасорат, сиришти пок ва фитрати азалии худ дар маснади бузурги роҳбарӣ нишастанд ва давлатдории миллии тоҷиконро дар даврони муосир асос гузоштанд.
Ба андешаи Зулфия  Давлатзода, таҷлили Рӯзи Президент ҳамчун ҷашни муҳими давлатӣ дар баробари ибрози эҳтироми ҷомеа ба Президент, омили муҳими сарҷамъию муттаҳидӣ низ мебошад.
Мавсуф аз дастовардҳои фарҳангии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, афзуд, ки сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, пас аз бо заковати фитрии намояндагони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан, ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт.
Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ дар охири конфронс зикр кард, ки обрую эътибори Тоҷикистон ба шарофати фазилату фидокории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ сол ба сол боло рафта, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гаштааст. Ба қадри ин шахсият расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан - ин қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

Алишер АВҒОНОВ,  муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ,
Додоҷон РӮЗИЕВ, муҳаррири маҷаллаи илмии «Фарҳанг ва санъат»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2020    №: 223    Мутолиа карданд: 810
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед