logo

иқтисод

ЛЕВАКАНТ ШАҲРИ САНОАТӢ

Левакант (номи пешинааш Сарбанд), ки дар қисми ҷанубии ҷумҳурӣ, дар водии зарнисори Вахш ҷойгир аст, тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар шаҳри зебову дилрабо гардид. Он 2 феврали соли 1996 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати вилояти Хатлон миёни ноҳияҳои Кӯшониён (собиқ Бохтар) ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо маркази маъмурии шаҳри Калининобод таъсис ёфтааст. Масоҳати шаҳр беш аз 131 километри мураббаъ ва аҳолии он наздики панҷоҳ ҳазорро ташкил медиҳад.
Левакант бо ноҳияҳои Данғара, Кӯшониён, Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ ҳаммарз аст. Масофаи байни шаҳр то маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар 17 километрро ташкил медиҳад. Ҳудуди шаҳр аз шаҳраки Левакант, деҳоти Гулистон ва Ваҳдат иборат аст. Дар маркази шаҳр зиёда аз 16 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад.

МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
Дар деҳаи Истиқлоли деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант барои сайёҳону бостоншиносон мавзеи ҷолиби дидание бо номи Уштурсанг мавҷуд аст. Тавре дар қиссаҳои мардумӣ ҳикоят мекунанд, уштуре, ки ба санг мубаддал гаштааст (дар он мавзеъ теппаи сангине мавҷуд аст, ки ба пайкари уштур монанд аст), ба Хоҷамастони Валӣ тааллуқ доштааст. Дар замонҳои қадим дар мулки араб ашхосе, ки ба паёмбари  Ислом - Муҳаммад (с) душманӣ доштанд, дар пайи нест кардани авлоди ӯ мешаванд. Бо сабаби нооромиҳо, Хоҷамастони Валӣ ҳамроҳи бародарону хоҳаронашон, ки наберагони Ҳазрати Алӣ (р) будаанд, барои аз марг раҳо ёфтан, ба уштурҳои худ савор шуда, ба Осиёи Миёна фирор кардаанд. Дар ин ҷо бародарон хостанд, ки канори дарёи Вахшро зистгоҳ ихтиёр кунанд, аммо он ҷо бо душманон рӯ ба рӯ шуда, барои зинда мондани хеш уштурҳои худро партофта гурехтаанд. Хоҷамастони Валӣ бо ду бародару хоҳараш ба тарафи рости дарё ва ду бародари дигар ба самти чапи рӯди Вахш мегурезанд. Пас аз раҳоӣ ёфтан аз иҳотаи душманон, диданд, ки яке аз уштурҳояшон, ки дар он китобҳоро бор карда буданд, ба дасти душманон афтодааст.
Бародарон ғамгин шуда, даст ба дуо бардоштанд, то уштурашон аз дасти душманон раҳо ёбад. Дуояшон мустаҷоб ва уштури Хоҷамастони Валӣ дар ҳамон ҷояш ба санг мубаддал гаштааст. Аз он замон садсолаҳо гузашт ва Шутурсанг макони зиёрат гардид. То имрӯз бисёриҳо бо умеди шифо ба зиёрати ин санг меоянд.

ИНФРАСОХТОРИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА САНОАТ
Левакант, асосан, шаҳри саноатӣ буда, шумораи корхонаҳои саноатии он имрӯз 26 - торо ташкил медиҳад. Дар шаҳр барои сайёҳон тамоми шароитҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳои сатҳи олию миёна (маъруфтаринаш меҳмонхонаи «Фароз»), ҳаммомҳо ва муассисаҳои фарҳангию тафреҳӣ, аз ҷумла китобхона, қасри фарҳанг, осорхона, мактаби мусиқӣ, мавҷуд аст. Инчунин, Левакант яке аз шаҳрҳои таъминкунандаи неруи барқ ва дорои силсилаи неругоҳҳои барқии обии «Сарбанд», «Вахш» ва «Марказӣ» мебошад.
Ба истиқболи Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва бо ҷалби сармояи хусусӣ дар минтақаи саноатии шаҳр корхонаи истеҳсоли оби ҷав бо иқтидори 15000 литр дар як шабонарӯз, сехи обҳои ташнагишикан (10000 литр дар як шабонарӯз), корхонаи истеҳсоли консерва (140 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз) ва корхонаи нассоҷӣ сохта мешаванд.
Таҷҳизот барои истеҳсоли корхонаи оби ҷав ва сехи обҳои ташнагишикан аз Олмон дастрас гардида, ин корхонаҳо рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар сурати пурра ба фаъолият пардохтани онҳо беш аз 500 ҷойи кори нав таъсис меёбад.

ВИЖАГИҲОИ ШАҲР
Левакантро бештар бо ҶСК «Тоҷик - Азот» мешиносанд, ки яке аз заводҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Он дар сурати фаъол будан на танҳо эҳтиёҷоти сокинони кишвар, балки берун аз онро бо нуриҳои минералӣ бароварда месохт. Дар шаҳр Муассисаи давлатии литсейи касбии саноати кимиёвӣ фаъолият дорад, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсил намудаанд.
Ҳунари оҳангарӣ хеле ривоҷ ёфта, устохонаҳои оҳангарӣ, асосан, дар кӯчаю гузарҳои серодам, бозор, инчунин, дар ҳавлиҳои устоҳо қарор доранд. Дар ҳошияи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ анвои ҳунарҳои суннатӣ, назири кандакорию табақтарошӣ, заргарию сабадбофӣ, нақшпартоиву гулдӯзӣ ва оҳангарӣ аз нав эҳё мегарданд. Занони ҳунарманди Левакант дар дӯхтани либосҳои миллӣ ва пухтупази хӯрокҳои миллӣ маҳорати баланд доранд.

НАВГОНИҲОИ ЯК СОЛИ ОХИР
Лавҳаи «Дуои модар» бо тасвири расми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи модарашон ва расми якҷояи қаҳрамонони миллати тоҷик боиси сарфарозӣ ва эҳсоси ҳувияти миллии сокинони шаҳр гардидаст.
Манораи «Эйфел» - нишоне аз «Парижи хурд» дар даромадгоҳи шаҳр бо баландии 25 метр қомат афрохтааст, ки ин яке аз иншооти таърихии ҷашнӣ буда, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳми ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ дар муддати 6 моҳ ба истифода дода шуд.
Бунёди иншооти Парчами давлатӣ, осорхона, амфитеатр ва қаҳвахонаю маркази дилхушӣ барои кӯдакон дар боғи фарҳанги фароғатӣ аз омодагии сазовор барои истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дарак медиҳад.
Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 дар деҳаи Вахши деҳоти Ваҳдат туҳфаи арзанда ба насли наврасу соҳаи маориф мебошад. Муассиса бо маблағи 3 миллиону 770 ҳазор сомонӣ барои 240 хонанда дар як баст сохта шуда, аз бинои дуошёнаи дорои 10 синфхонаи таълимӣ, анбор, 3 синфхонаи технологӣ бо тамоми таҷҳизоти дӯзандагӣ, хӯрокпазӣ ва дуредгарӣ иборат мебошад.
Инчунин, барои муҳайё сохтани ҷойҳои нишаст ва дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши маорифу  соҳибкорони маҳаллӣ 8 синфхонаи иловагӣ бунёд гардид.
Корҳои сохтмонӣ бо тарҳу намуди муосир дар муассисаи таълимии маркази шаҳр ҷараён доранд. Муассиса аз се ошёна иборат буда, барои 320 хонанда дар як баст сохта мешавад.
Дарвозаманора дар шоҳроҳи Данғара - Бохтар, аз самти ноҳияи Данғара ба шаҳри Левакант дар як муддати  кӯтоҳ  бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бунёд ёфта, дар он ҳамчун рамзи  арҷгузорӣ ба таърихи ниёгон китоби «Тоҷикон»- и аллома Бобоҷон Ғафуров инъикос шудааст.
Дар заминаи иқдоми Соли равшаннамоӣ - чароғонкунии деҳот ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид, тамоми кӯчаҳои шаҳр ва деҳот чароғон шудаанд.
Мумфаршнамоии 13 километр роҳи деҳот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ оилаи Соҳибовҳо дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдат сурат гирифт. Роҳи мазкур тӯли беш аз 50 сол рӯйи таъмирро надида буд.
Таъмиру бозсозии 4 километр роҳ дар деҳаи Оқгазаи деҳоти Гулистон иқдоми наҷиби сокинони маҳал ва соҳибкорону шахсони саховатпеша мебошад. Аллакай, беш аз 2 километри ин роҳ мумфарш шудааст. Корҳо тариқи ҳашар ва саҳми ҳар як сокини маҳал ҷараён доранд.
Бунёди пойгоҳи нигоҳдорӣ ва анбори маҳсулоти нафту гази ҶДММ «БАҲОР - ОЙЛ» иқдоми хуби соҳибкорон дар ин давра мебошад. Ин анбор барои нигоҳдории гази моеъ ва маҳсулоти нафтӣ бо арзиши умумии 991,6 ҳазор сомонӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант сохта шудааст.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2020    №: 223    Мутолиа карданд: 964
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед