logo

иқтисод

БОХТАР. ШАҲРЕ, КИ АЗ ФАЙЗИ ҚУДУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ШУКУФТАН ДОРАД

Шаҳри Бохтар тӯли чанд соли охир дар партави сиёсати дурандешонаи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври устувор рушд карда, аз ҷиҳати меъморӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, сайёҳӣ ба тақозои шиори инсондӯстонаи “Ҳама барои халқ!” дар миёни дигар шаҳру навоҳӣ ҳамчун намуна чун нигини дурахшони Хатлонзамин ҷилои тоза ёфтан дорад.
Ба гуфтаи раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода, коллективҳои меҳнатӣ дар ҳошияи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва қарорҳои раиси вилояти Хатлон барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва иҷрои комили корҳои ҳамешагӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба як қатор музаффариятҳои шоён комёб шуданд.

ИҚТИСОДИЁТ АЗ “ЗАРБА”-ҲОИ ВИРУСИ НАВ ВОРАҲИД
– Ҳалли аксар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳр, баланд бардоштани сатҳ ва сифати  зиндагии мардум ба иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андозҳо вобаста мебошад, ки ин масъала ҳамеша зери диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, баҳри истифодаи самаранок аз имкониятҳои мавҷуда, пурра ба кор андохтани механизм ва манбаъҳои иловагии ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои судманд андешида шуданд. Бо вуҷуди таъсири шадиди бемории коронавирус нақшаи қисми даромади  буҷет аз рӯйи контингенти умумӣ 88 фисад иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 121,7 миллион сомонӣ 107,6 миллион сомонӣ ворид гардид, – зикр кард раиси шаҳр. – Ҳарчанд ин нишондод аз нақшаи мо 14,1 миллион сомонӣ кам мебошад, аммо мувофиқи таҳлилҳои пешакии коршиносони байналмилалию дохилӣ мо бояд ба ин натиҷа ҳам даст намеёфтем. Фикр мекунам, боз ҳам аз файзи дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳайё шудани шароити созгори фаъолият дар давраи хуруҷи коронавирус барои сектори хусусӣ, алалхусус доираҳои соҳибкорӣ буд, ки мо қариб ҳама бунбаст ва монеаҳои ғайриинтизори иқтисодиро пушти сар карда тавонистем.  
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ низ ба андозаи 88 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 95,3 миллион сомонӣ ба буҷет 84,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки барои нақша 11,3 миллион сомонӣ намерасад.
 Ҷиҳати барҳам додани бақияпулиҳои андоз ва андози иҷтимоӣ  тадбирҳои зарурӣ андешида, барои кам кардани бақияпулиҳо ба андозсупорандагони қарздор огоҳнома фиристода, аз ин ҳисоб беш аз 5 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шуд.

БЕШ АЗ 1 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БАРОИ БУНЁДКОРӢ 
– Яке аз омилҳои даст ёфтан ба тараққиёти дилхоҳ ин қабул ва татбиқи марҳила ба марҳилаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2016-2020 мебошад, – иброз дошт Асадулло Шоҳзода, мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар. – Дар ин ҳуҷҷати панҷсолаи амал кам не, зиёда аз 76 лоиҳа бо маблағи умумии 1 миллиарду 252 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то ин давра 51 лоиҳа татбиқи худро ёфт. Маҳз дар асоси ҳамин барнома шумораи биноҳои муосиртарҳи хидматрасонӣ, маишӣ ва маъмурӣ, ки воқеан ҳам дорои имкониятҳои фарох ва меъмории ҷолибанд, тӯли чанд соли охир якбора афзуда, маркази маъмурии вилоят ба як гӯшаи мақбули шаҳрвандон ва меҳмонон табдил ёфт.

АГАРЧИ ШАҲР АСТ, ДЕҲҚОНӢ БАРОР ДОРАД
Дар истинод ба Аҳлиддин Абдулмуъминзода, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар нуҳ моҳ ба 63,3 миллион сомонӣ расид, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсол 7,7 фисадро ташкил медиҳад. Маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 5 ҳазору 752 тонна содирот гардидааст, ки ин 191,7 фисади дурнаморо ташкил медиҳад.        
– Бохтар, агарчи шаҳр аст, сокинонаш ба пешаи деҳқонӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд, - мегӯяд Аҳлиддин Абдулмуъминзода. – Ин аст, ки пахтакорони бохтарӣ дар даҳаи ҳосилғундорӣ дар вилоят сазовори мақоми сеюм гардида, аз ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсол, яъне бинобар аз ҳар як гектар ғундоштани 26-сентнерӣ “тиллои сафед” ҷойи аввалро гирифтанд. Зиёда аз ин, сабзавоткорони мо дар миқёси ҷумҳурӣ машҳур буда, аввалин сабзавоти барвақтии тару тозаро дар рӯзҳои нахустини баҳор маҳз сокинони меҳнатқарини маҳаллаи “Ғайрат”, ба бозорҳои Душанбе мебароранд. Ҳамин меҳнатқаринии истиқоматкунандагони ин маҳалла аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун се дафъа аз ҷараёни умури кишоварзии он дидан карда, ба онҳо дуои нек додаанд.

ЗАҲМАТИ ИМРӮЗ – ЗАМИНА БАРОИ ФАРДО
Тараққиёти чашмгире, ки дар ин гӯшаи диёр бо кӯшишҳои давомдори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва, ҳамзамон, масъулиятшиносии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар мушоҳида мешавад, ба соҳибназарон ва ҳақиқатмеҳварон аз фардои дурахшони он дарак медиҳад. Фардои фараҳфизои як шаҳри ормонҳо, ки он аз мост ва барои мост.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2020    №: 224    Мутолиа карданд: 640
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед