қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ба имзо расид
21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» - ро ба имзо расонданд.
Қонуни номбурда дар асоси нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардидааст.
Дар қонун ҳаҷми даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 муайян гардида, қисми даромади он нисбат ба буҷети соли 2020 ба андозаи 1 миллиарду 591, 8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар буҷети соли 2021, ба мисли солҳои гузашта, бештар ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, афзалият дода мешавад. Аз ҷумла, афзоиши маблағгузории соҳаи маориф 11, 8 дарсад ва тандурустӣ 8, 4 дарсад пешбинӣ шудааст.
Қонун барои рушди устувор ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум равона шудааст.
Қонун дар матбуот чоп мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.11.2020 №: 225 Мутолиа карданд: 955