қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 20 ноябри соли 2020, № 592, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода Қ. Қ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Қудрат Қамбар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 20 ноябри соли 2020, № 593, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ озод намудани Одиназода Ҳ. О.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Одиназода Ҳайдар Одина бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 20 ноябри соли 2020, № 594, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод намудани Фақеров Ҳ. Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 20 ноябри соли 2020, № 595, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини директори
Агентии стандартизатсия, метрология,
сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Абдулваҳобзода Т. Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 20 ноябри соли 2020, № 596, ш. Душанбе
Дар бораи директори Агентии стандартизатсия,
метрология, сертификатсия ва нозироти савдои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъйин намудани Абдулваҳобзода Т. Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 20 ноябри соли 2020, № 597, ш. Душанбе
Дар бораи ректори Донишгоҳи техникии
Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
таъйин намудани Давлатзода Қ. Қ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Қудрат Қамбар ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ таъйин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 20 ноябри соли 2020, № 598, ш. Душанбе
Дар бораи ректори Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин
намудани Қурбонзода М. Р.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 20 ноябри соли 2020, № 599, ш. Душанбе
Дар бораи муовини якуми раиси раёсати
Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу
содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»
таъйин намудани Ғарибшозода А. Қ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ғарибшозода Азизшо Қиматшо муовини якуми раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъйин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 20 ноябри соли 2020, № 600, ш. Душанбе
Дар бораи муовини раиси раёсати
Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу
содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъйин намудани Муҳиддинзода Ш. Ф.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Муҳиддинзода Шуҳрат Фаридун муовини раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таъйин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 20 ноябри соли 2020, № 601, ш. Душанбе
Дар бораи муовини директори
Агентии таъминоти амволи махсуси
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъйин намудани Мусозода Н. Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мусозода Нусратулло Носир муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.11.2020 №: 225 Мутолиа карданд: 4728