туризм
САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР
Туризми экологӣ дар замони муосир яке аз соҳаҳои зуд рушдёбандаи саноати сайёҳии ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, новобаста аз пандемияи COVID-19 дар соли 2020 байни дигар навъҳои соҳа серталаботу афзалиятнок боқӣ монд. Вобаста ба пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, сайёҳии экологӣ ба 5 стратегияи асосии пешрафти сайёҳӣ то соли 2020 дохил мешавад. Гарчанд дар соли 2020 бинобар вазъи баамаломада пешрафти соҳа боздошта шуд, вале сарфи назар аз маҳдудиятҳо сайёҳии экологӣ бо назардошти бехатарии худ самти асосӣ гардид.
Шарти аввалиндараҷаи сайёҳии экологӣ, ин ташкилу гузарондани истироҳат дар табиат дар реҷаи харобнакунанда буда, ҳамзамон, ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва рушди иқтисодиёти маҳал равона шудааст. Дар шароити паҳншавии вируси нав ҳифзи саломатӣ низ дар мадди аввал баромад. Аз ин рӯ, дар аксар кишварҳои ҷаҳон сайёҳон фаъолона барои истироҳат ба табиати кушод баромаданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки табиати зебову дилоро дорад, сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа муайян шудааст. Рушди он имкон медиҳад, ки аз сайёҳии экологӣ даромади бештар ба буҷет ворид, инчунин, шуғлнокии аҳолӣ дар деҳот таъмин гардад. Барои ин дар бисёр минтақаҳои зебоманзар ва дорои табиати афсунгар, аз қабили баъзе аз минтақаҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои Варзобу Турсунзода, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар гӯшаю канори тамошобоби мамлакатамон меҳмонхонаҳои мувофиқ ба табиати маҳал ташкил намуда, тамоми шароитҳои будубош ва истироҳатро барои сайёҳон муҳайё созем.
Истироҳат дар табиат қувваи рӯҳӣ, ҳисси эстетикӣ, барқароршавии саломатии одамонро таъмин менамояд. Пайдоиш ва рушди сайёҳии экологӣ бо таърихи ҷудошавии ҳудудҳои табиӣ, боғҳои миллӣ, мавзеъҳои рекреатсионӣ бо коркарди меъёрҳои истифодабарӣ ва ҳифзи онҳо алоқамандии зич дорад. Бинобар ин, ҳудудҳои табиии ҳифзшаванда бо суръати баланд таблиғ мешаванд, дар онҳо пайроҳаҳои пиёдагард, роҳ барои нақлиёти механикӣ, мавзеъҳои истироҳат, майдончаҳои назорат, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хӯрок ва алоқа, нуқтаи кирояи таҷҳизоти сайёҳӣ ташкил мешаванд. Ҳамаи ин чораҳо ба афзудани шавқ ба боғҳои милливу мамнӯъгоҳҳо ёрӣ расонда, сайёҳии экологиро ба тиҷорати даромаднок табдил дода истодааст.
Дар ҳудуди мамлакат 5 минтақаи сайёҳӣ ҷудо шудааст. Вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе. Ҳар кадом минтақаи сайёҳӣ захираҳои табиӣ, таъриху фарҳанг ва иқтидори муайяни сайёҳии худро дорад, ки метавонад дар рушди соҳаҳои ҷудогона ва, умуман, дар иқтисодиёти мамлакат омили муҳим бошанд.
Ба минтақаҳои бештар омӯхташудаю азхудкардашуда метавон вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро дохил кард, зеро ин минтақаҳо барои истироҳат, муолиҷаи аҳолӣ шароитҳои хубу бештар доранд.
Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки сол ба сол инфрасохтори сайёҳӣ дар манотиқи мухталифи кишвар беҳбуд меёбад ва ин омили ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон мегардад. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти давлат маҳсуб меёбад ва дар ояндаи начандон дур Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои ҷаҳон ба яке аз давлатҳои рушдёфта аз лиҳози сайёҳӣ хоҳад гашт. Барои марҳила ба марҳила ба раванди ҷаҳонии сайёҳӣ шомил шудани кишварамон сохторҳои давлатию хусусӣ дар асоси қонунгузории амалкунанда ҳамкорӣ ва саъю кӯшиши якҷоя доранд.
Зиёдулло САЛИМОВ,
корманди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.11.2020 №: 225 Мутолиа карданд: 5441