иқтисод
ИЛМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ. АФЗАЛИЯТИ БОҒҲОИ ТИҶОРАТӢ
Солҳои охир дар мамлакат ба бунёди боғу токзор, афзоиши ҳаҷми истеҳсол, коркарди мева ва беҳтар кардани сифати он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Айни ҳол кишоварзон ва боғпарварони ҷумҳурӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва амалигардонии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» талош намуда, корҳои сабзазоркунӣ, хуррамсозӣ ва ниҳолшинониро дар партави омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида истодаанд. Хабарнигори рӯзнома оид ба вазъ, дурнамо ва аҳамияти боғпарварӣ бо доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Нурмаҳмад Камолов, корманди ҳамин муассиса, номзади илмҳои кишоварзӣ, ҳамсуҳбат шуд.
- Лутфан, бигӯед, ки вазъи рушди боғҳои мева дар ҷумҳурӣ чӣ гуна аст?
- Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018 меъёри солонаи физиологии истеъмоли меваю ангур дар як сол барои як нафар 124,1 кило муайян гардидааст. Барои таъмини сабади истеъмолӣ бо миқдори муайяншуда солона зиёда аз 1 миллиону 150 ҳазор тонна мева парвардан зарур аст. Вобаста ба афзоиши аҳолӣ ин рақам ҳар сол зиёд мегардад. Соли гузашта дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ҳамагӣ 716224,3 тонна (473757 тонна мева ва 247167,3 тонна ангур) истеҳсол шудааст, ки 60,94 фоизи меъёри физиологиро ташкил медиҳад.
Мева дорои моддаҳои органикии барои ҷисм муҳим, витаминҳо, моддаҳои фаъоли биологӣ, макро ва микроэлементҳо ва хосиятҳои шифоию табобатӣ мебошад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли равон наздики 200 ҳазор боғу токзор, (160533,4 гектар боғ ва 38570,4 гектар токзор) мавҷуд аст, ки мутаносибан 107544,4 ва 33750,1 гектари онҳо ҳосилдиҳанда мебошанд. Ҳосилнокии миёнаи ҳар гектар боғ 44,1 ва токзор 73,2 сентнерро ташкил медиҳад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.
- Ба андешаи шумо, сабаби паст будани ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда дар чист?
- Куҳна шудани қисми зиёди боғҳо, омехтагии навъҳои гуногун дар як майдон, сари вақт нагузарондани чорабиниҳои агротехникӣ: шохабурӣ, ғизодиҳӣ, таъмини намнокии хок ва роҳандозӣ накардани тадбирҳои зидди касалию зараррасонҳо ба паст шудани самаранокии иқтисодии боғот оварда мерасонад. Талаботи бозор давра ба давра дигар мешавад, аз ин рӯ, истеҳсолгарон бояд нисбат ба навъҳои мева ва сифати он диққати аввалиндараҷа диҳанд. Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ собит месозад, ки боғҳои типи нави бо истифодаи технологияи муосир аз навъҳои ба талаботи бозор ҷавобгӯи мева бунёдёфта ва танҳо дар мавриди ҳосилнокиашон аз 35 - 40 тонна-гектар зиёд будан хароҷоти сарфшударо рӯпӯш карда метавонанд.
Имрӯз, ки мамлакатамон узви Созмони ҷаҳонии савдо аст, маҳсули боғдорӣ дар шакли меваи тару тоза, хушк ва маҳсулоти коркарди саноатӣ ба бозори беруна бароварда мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳатман ба бунёди боғҳои тиҷоратӣ гузарем.
- Боғҳои тиҷоратӣ, яъне чӣ?
- Боғҳоеро, ки қисми асосии меваашон ба савдо бароварда мешавад, тиҷоратӣ меноманд. Ин боғҳо аз як ё ду навъи мева бунёд карда мешаванд, ки як навъ асосӣ буда, 75-80 дарсади ниҳолҳои боғро ташкил мекунад. Навъи дуюм ба сифати гардолудкунанда баъди ҳар 4 - 8 қатор дар 1 - 2 қатор шинонда мешавад. Солҳои охир бо мақсади якнавъӣ будани боғ ба сифати гардолудкунанда дарахтони хасак ва ҷангалиро мешинонанд, ки ин барои гузарондани чорабиниҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосил мувофиқ аст. Гарчанде шумораи дарахтони мевадиҳанда 20-25 фоиз кам гардад ҳам, лекин ин боғҳо аз ҳисоби баландшавии ҳосилнокӣ ва сифати мева бартарӣ доранд. Дар майдонҳои калон бунёди боғҳои якнавъӣ бештар барои ба бозор баровардан (ҷалби харидорони яклухтгир), нигоҳдорию коркарди мева ва сарфа кардани хароҷот дар давраи ҷамъоварӣ ва кашондани ҳосил мусоидат мекунад.
Барои ин Институти боғу токпарварии АИКТ-ро зарур аст, ки якҷо бо Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъҳо ва муҳофизати навъ»-и назди Вазорати кишоварзӣ навъҳои дар бозор серталабро дар шароити ҷумҳурӣ санҷида, анвои афзали ба шароити маҳал мутобиқро ноҳиябандӣ карда, ба истеҳсолот пешниҳод намоянд. Инчунин, хоҷагиҳои КВД «Тоҷикниҳолпарвар» ва дигар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ бояд навъҳои ноҳиябандишуда ва аз тарафи Комиссияи давлатии озмоиши навъҳо ва муҳофизати навъи назди Вазорати кишоварзӣ пешниҳодшударо парвариш карда, дар оянда хоҷагиҳои боғу токпарвариро бо ниҳол таъмин намоянд.
- Давраи бунёди боғу токзорҳо наздик аст. Ба боғдорон чӣ тавсияҳо дода метавонед?
- Муҳлати шинондани ниҳол дар ноҳияҳои водигӣ аз охири моҳи ноябр оғоз мегардад. Ба деҳқонону фермерон, ки мақсади бунёди боғу токзорро доранд, тавсия медиҳем, ки саросема нашаванд ва дар интихоби навъҳо, сифати ниҳол, майдон ва технологияи бунёди типи боғ ба хатогӣ роҳ надиҳанд. Ҳангоми харидани ниҳол ҳатман сертификат, маълумот дар бораи тагпайванд, ном, тозагии навъ ва аз касалию зараррасонҳои карантинӣ озод будани онро талаб намоянд.
Ҳангоми бунёди боғҳои замонавии тиҷоратӣ тарзи ҳосилбандии онҳоро низ ба ҳисоб гирифтан зарур аст, зеро ин барои тартиб додани нақшаи шинондани ниҳолҳо дар боғ ва шохабурии дарахтон даркор аст. Мисол, навъҳои себ аз рӯи тарзи ҳосилбандиашон ба чор тип ҷудо карда мешаванд: 1. Дар дарахтони типи супурӣ («Стар Кримсон», «Ред Ҷиф», «Ред Кап», «Ред Апке», «Ёрли Реу Уан» ва ғайра) узвҳои ҳосилдиҳанда (гул ва мева) дар асоси шохҳо ҷойгиранд. 2. Дар намояндагони типи Рен де Ренет шохҳои мевадиҳанда кушод ҷойгиранд. Узвҳои ҳосилдиҳанда шохаҳои 2 ва 5-солаанд. 3. Дарахтони типи Голден Делишес («Голден», «Гала», «Айдаред», «Ренет Симеренко», «Бореберн», «Элстар», «Ҷоноголд» ва ғайра) шохаронии зиёд доранду узвҳои ҳосил дар нӯги навдаҳои 1-3-сола ҷойгиранд. 4. Дар дарахтони типи «Грани Смит» («Грани Смит», «Флорина», «Фуҷи», «Интерпрайс» ва ғайра) узвҳои ҳосил дар нӯги навдаҳои 1-2-сола ҷойгиранд.
Бо риоя намудани тавсияҳои пешниҳодшуда боғпарварон метавонанд аз боғот ҳосили баланд ва маҳсулоти ба талаботи бозор ҷавобгӯ истеҳсол намоянд.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.11.2020 №: 225 Мутолиа карданд: 692