logo

иқтисод

ХАТЛОН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 95,64 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Зимни ҷаласа раванди иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст, муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода оид ба рафти иҷрои нақша ва масоили қафомонии баъзе деҳот дар ҷамъоварии ҳосили пахта гузориш дод.
Зикр шуд, ки пахтакорони вилоят то 18 ноябри соли ҷорӣ 95,64 дарсади нақшаи ғунучини пахтаро иҷро намуда, ба хирмани мамлакат 266 076 тонна «тиллои сафед» супурданд.
Боиси тазаккур аст, ки соли равон дар вилоят дар майдони 124  ҳазору 175 гектар чигит кишт шуда, нақшаи ҷамъоварии пахта 278 ҳазору 200 тоннаро ташкил медиҳад.
Қурбон Ҳакимзода ба масъулони сарраёсати кишоварзӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор ва идораҳои кишоварзии шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки барои беталаф ҷамъ овардани ҳосили боқимонда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба хабарнигори «Ҷумҳурият», гуфт, ки бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахта қарори дахлдори раиси вилоят аз 7 сентябри соли равон «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2020» ба тавсиб расидааст, ки дар асоси он байни шаҳру ноҳияҳои пахтакор мусобиқаи меҳнатӣ ба роҳ монда шуда, ғолибон бо мукофотпулӣ ва сипосномаи раиси вилоят сарфароз гардонда мешаванд.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2020    №: 225    Мутолиа карданд: 728
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед