фарҳанг
«БАЧАИ ОБӢ». ХУНИ ГАРМ ДАР ШАРЁНИ СИНАМОИ МИЛЛӢ
Филми «Бачаи обӣ» - и Файзуллоҳи Файз дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик ва 90 – солагии «Тоҷикфилм» бори нахуст намоиш дода шуд.
Филм бо навори аҷибе оғоз меёбад. Мардуми деҳ ба рамзи посдории хотираи бобои Баракат оини ёдкарди ҳайратангез ва зебоеро бо пошидани гулбаргҳои садбарг дар роҳи охири Баракат амалӣ менамоянд. Аз оғоз маълум мегардад, ки филм чун тафаккури бадеии миллати мо рамзиву ривоятӣ баромадааст. Ин навор низ худ рамз аст, рамзи тавлиди услубу диди нави эстетикӣ дар ин навъи ҳунар.
Асар бо обу хоки Ватан решапайванд будани бошандагони соҳили баҳрро нишонрастар баён медорад. Аслан бигирем, об ҳам ба яке аз рамзҳои асосии асар табдил ёфтааст. Мардуми ин маҳал аз об ризқу рӯзии худро меёбанд. Биноан, ба он сахт дил бастаанду бе об ҳастии худро тасаввур карда наметавонанд. Об низ ба қавли бобои Баракат онҳоро дӯст медорад. Замоне ки қаҳраш ояд, ба сари мардуми деҳ қаҳру ғазаби хешро низ мерезад. Макони зисташон низ ҷазираеро миёни баҳри беканори зиндагӣ мемонад, ки ба олами калон тавассути роҳи обӣ пайваст мешавад.
Филми дар доираи асар рӯи наворовардашуда низ хеле рамзист. Он як навъ намои услуби филмофаринӣ ва бозгӯи диду андешаи синамои миллӣ дар ҳоли ҳозир мебошад. Муҳтавои филми банаворгирифташаванда рӯзгори Хоҷа Насриддин - ба навъе файласуфи номвари Шарқро ташкил медиҳад. Вале, маълум мегардад, ки қаҳрамони филм низ аз аҳолии ин макон фарқе надорад. Мушкилоти асосие, ки ӯ дар рафти филм ҳаллу фасл кардан мехоҳад, гирди ҳикмати борро кӣ бояд бубарад (маркаб ё соҳибаш), чарх мезанад. Гурӯҳи наворбардорон, ки аз ҳунармандон дида ба шаҳнабозон қаробати бештаре доранд, ба ҷои асари бадеӣ офаридан (дар мавриди сокинони маҳал зиндагии шоиста доштан), ба ҳатӯлкорӣ (ҳарчанд ки хеле ҷиддӣ, чун ки худ ба дурустии корашон итминони комил доранд) машғуланд. Бесабаб ҳам нест, ки дар охири филмбардорӣ оби ошомиданиашон тамом мешавад.
Бошандагони маҳали мазкур аз дастовардҳои замони нав, қабили барқ, матбуот ва телевизиону радио бархӯрдор нестанд. Аксари онҳо хату савод ҳам надоранд, дар умрашон китобе нахондаанд. Биноан, наметавонанд бо забони адабӣ сухан гуфта бошанд. Оне, ки гӯиши маҳалҳои гуногун дар филм корбаст шудааст, низ ба таври худ ҳикмат дорад. Маҳали мазкур ба як гӯшаи аз ёди мардуми фалак фаромӯшшуда табдил ёфта бошад ҳам, дар он тамоми ноҷӯриҳои зиндагӣ бо намояндагонаш мунъакис гардидаанд. Агар таваҷҷуҳ шавад, дар асар ба ғайр аз забон чеҳраҳои қавмҳои мухталиф низ истифода шудаанд. Маълум мегардад, ки барои Файзуллоҳи Файз синамо, ба мисли театр барои Питер Брук, маҳсули универсалӣ ва умумиинсонӣ мебошад. Ин амал худ аз худ ба зинаи баландтари камолоти ҳунарӣ ва маънавӣ расидани коргардонро нишон медиҳад.
Рамзеси офаридаи Меҳроҷиддини Сафарро зиндагӣ маҷбур сохтааст, ки аз хурдӣ мустақил бошад, андешаи пешбурди зиндагиро намуда, барои наздиконаш худфидоӣ намояд. Ба ин дар шаби боронӣ ба шикори моҳӣ баромаданаш мисол шуда метавонад. Сарфи назар аз ин, Рамзес кӯдаки ҳассос низ мебошад, ӯ ба сафари охирин баромадани бобои Баракатро (Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Убайдуллоҳи Омон) нахустин шуда ҳис мекунад. Маҳали худ ва одамонашро дӯст медорад, аз ноҷӯриҳои оилавиашон на камтар аз волидонаш азият мекашад. Дар ҳалли бисёр масъалаҳои мушкиле, ки зиндагӣ ҷавобашро аз ин бачаи ҳоло ба камол нарасида тақозо дорад, тинати поку фаросати аслиаш ба ӯ ёрӣ мерасонад. Дар рафтор ва суханрониҳои дурушти ин бачаяки деҳотӣ нафосат ва зебоии фитрие ниҳон аст. Зиндагӣ ва меҳнати тоқатфарсои моҳигирӣ ӯро маҷбур кардааст, ки ба ҳар амали худ ҷавоб додан ва аз худ дифоъ карданро аз хурдӣ омӯзад. Вале ин ҳама барои аз бар намудани илму дониш, дар муносибат бо дигарон хушодоб будану дар рафоқат содиқ мондан, таъсири манфӣ намерасонад. Дорои қалби софу беолоиш будани Рамзес дар рӯйи аз таъсири боду борон шахшӯлшуда, лабони парсинбаста ва, аз ҳама муҳимаш, чашмони чун барқ дурахшонаш аён аст. Дар ин кор, албатта, саҳми наворбардорони филм Абдукарим Ӯроқов ва Зайналобиддин Васихов хеле калон аст.
Рамзи асосии филм бобои Баракат аст. Ӯ гӯё миёни мардум қарор дорад, вале дар асл барои онҳо бегона аст. Аз ин ҷост, ки дар аксари ҳолатҳо Баракатро дар танҳоӣ, аз издиҳоми мардум ҷудо ва андешаманд мебинем. Ин ҳолат дар лаҳзаи ёдбуди ҳамдеҳаашон, ки дар оташ сӯхтааст, аён мегардад. Чунин ба назар мерасад, ки мардум на барои ёд кардан ва хондани дуо дар ҳаққи рафиқи ҳалокшудаашон омадаанд, балки барои пур кардани шикамашон ҷамъ шудаанд. Баракат – Убайдуллоҳи Омон ба онҳо бо даҳшат назар афканда, кӯшиши дар паҳлуяшон нишастанро низ мекунад, вале ба ин саҳнаи даҳшатбор тоб наоварда, аз он ҷо меравад. Ҳамин тавр, ӯро чандин маротибаи дигар дар паси панҷараи тиреза, соҳили баҳр ва як кунҷи бозор мебинем. Вале ҳамеша қаҳрамони Убайдуллоҳи Омон дар лаҳзаи зарурӣ ба мадади ҳамқавмон меояд. Рамзеси шаби боронӣ дар баҳрмондаро ӯ меёбад. Ба доди ҳамсару фарзандони дар оташ сӯхтаи ҳамдеҳааш танҳо ӯ расида метавонад. Мардуми аз дасти дуздон бадодомадаро ҳамин мӯйсафед ором кардаву аз ақли солим кор гирифтанро мехоҳад. Аз мардуми маҳалларо фиреб додану бо роҳи бад бурдани баъзеашон ба ғазаб меояд, сарнишини киштиро танҳо бобои Баракат барин шахси наҷиб метавонад ҷазои сазовор диҳад.
Аслан, образи пирамард фаротар аз як персонажи воқеист. Ӯ ҳам рӯҳи ҳазорсолаи ин қавм асту ҳам садои виҷдону имони он. Баракат дар худ дониш, фазл ва таҷрибаи ҳазорсолаи миллаташро гунҷондааст. Аз ин рӯ, ягона касе, ки дар хонааш китоб дораду дорои хату савод аст, ҳамин бобои Баракат аст. Ӯ ҳам Саъдиву Хайёмро мехонаду ҳам «Мӯйсафед ва баҳр» - и Эрнест Ҳемингуэйро. Гарчанде ки исми ин муаллиф ва асари машҳури ӯ танҳо дар як ҷой истифода шудаанд, вале ба офарандаи филм таъсири амиқ гузоштани он аз назар дур намемонад. Моҳигири пири Ҳемингуэй Сантяго бо бобои Баракат қаробати маънавӣ дорад. Дӯсти хурди ӯ Минолин низ ҳамин Рамзеси моро мемонад.
Чуноне ки аз наворҳои филм маълум мешавад, бештари мардуми ин маҳали беном (дақиқтараш гумном) на танҳо Худоро аз ёд бурдаанд, балки хештанро низ дар ҳоли фаромӯш кардан ҳастанд. Ин ҳамаро хубтар аз мӯйсафед касе дарк карда наметавонад. Биноан, ӯ тарзи нави видоъ - ба баҳр рафтанро «ихтироъ» мекунад. Яъне, ба об мепайвандад. Дар андешаи мардуми мо умри об дидан, ба абадият пайвастан аст. Мавлоно ҳам фармуда: «Мо зи дарёему дарё меравем».
Вобаста ба ин, ҳангоме аз паси Рамзес хати чун тақдири хеш бо пайи заврақ кашидаи Баракатро пайгирӣ мекунему ба баҳри аз нигоҳи бошандагони деҳ беохир мерасем, моро ҳисси яъсу ноумедӣ фаро намегирад. Эҳсоси ҳамин тавр, бо абадият пайвастан, дар вуҷуди ҳар кадоми мо пайдо мешавад.
Маросими ҷанозаи Баракат низ ба расми мусалмонон монандие надорад. Ин ҷо набояд бифаҳмид, ки муаллиф кӯшиши офаридани дину оини наверо дорад, балки таъкиди ӯ замони нав Инсони ҷадид ва муносибатҳои дигарро хостор аст. Маълум мешавад, ки кеши инсони комил офаридан равияи асосии эҷодии Файзуллоҳи Файзро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост забон, макон, миллату қавмият ва урфу одат барин ҷузъиёти барои мо хеле муҳим ин ҷо асолати худро гум мекунанд.
Вақте аз ин зовия ба асар ворид мешавед, забони дигареро кашф мекунед. Он забони рамз, диди хос, имову ишораҳои ҷолиб ва раванди дигаргунаи андешаву ҷаҳонбинист.
Барои коргардон то ҳунармандон ва дастаи корӣ расондани ғояи хеш хеле муҳим аст. Бо вуҷуди таҷрибаи на он қадар тӯлонии филмофаринӣ, Файзуллоҳи Файз ба ин ҳам даст ёфта. Ҳам рассому наворбардор ва ҳам оҳангсозу бозигарон аз ҳамин дарича ба ин дунёи нозуки офаридаи коргардон ворид шудаанд. Дунёи офаридаи рассоми нозукандеш Тоҳири Назар ба муҳити мо монандие надорад. Он дунёи хаёлие аст, ки ҳам дар худ зебоиҳои хонаи бобои Баракатро ҷой додаасту ҳам муҳити тоқатфарсои аҳли маҳали мазкурро. Ин ду дунёи бо ҳам камқаробатдошта гӯё на дар муқобили ҳамдигар офарида шудаанд, балки яке дигареро пурратар месозад. Хусусан, хонаи Баракат, ки хеле бо завқи баланд ороста шудааст, ниҳонхонаи қалби деҳотиёни мо аст. Бобои Баракатро бе рафи китоб ва патифони хиширросзанандааш тасаввур кардан мушкил аст. Ба ҷойи сароянда чунин ба назар мерасад, ки рӯҳи ӯ ё дилдодааш бо мӯйсафед бо оҳанги қадимиву маъмуле сухан мегӯяд. Дар охир, ҳамин садо ӯро ба абадият мехонад. Бесабаб ҳам нест, ки дар охир баробари Баракат фазои кошонаро садои маъшуқа ва расми дар девор насбшудааш низ тарк мегӯянд. Соат рамзи хеле зиёд истифодашудаи ҳунарӣ дар театр ва синамо мебошад. Вале ин ҷо мазмуни наверо дар худ касб кардааст. Соати кисагии худро бобои Баракат бо умеде, ки онро Рамзес биёбаду бигирад, рӯи суфа мемонад. Боз мондани соат рамзи дигаре низ дорад, ӯ вақтро бознамедорад, он чун пештара дар ҳаракат аст.
Саундтрек (сарахбори мусиқӣ) ва оҳангҳои барои филм офаридаи ҳунарманди шуҳратёр Далер Назаров ҳам басе дилкаш баромадаанд. Онҳо набзи ҳодисоту воқеоти олами берунаро ифшо намесозанд. Муҳити беруна бе ин ҳам бо навои баҳр, сару садои бошандагони маҳалла ва, аз ҳама муҳимаш, нафаси одамон пур аст. Ҳар вақте мусиқӣ садо медиҳад, як навъ ноҷӯрии он бо набзи воқеот эҳсос мешавад, вале чун ба раванди андеша ва эҳсосоти қаҳрамонҳои асосӣ диққат медиҳед, ин дисгармония аз байн меравад. Барои дарки воқеии асар ҳеҷ унсури филм чун мусиқии он хизмати хубе накардааст. Зарбҳои ғайриодии Далер Назаров аз дунёи зебову беолоише дарак медиҳанд, ки онро кайҳо боз дар ниҳонхонаи қалби худ руст кардаем.
Аҳмад Қутбиддинзода дар синамои миллӣ чеҳраи нав ва муваффақ аст. Дар филм ӯ нақши Сафар – падари Рамзесро офарида. Сафарро, ки зиндагии сангини лабиобӣ лоғару хазон намудааст, ҳамоно умеди бой шудану пул ба даст овардан, яъне барои худ, ҳамсар ва фарзандаш шароити шоистаи зиндагӣ фароҳам оварданро аз даст надодааст. Ӯ аз ҳар имкони фароҳамомада чун шахси ғарқшавандаи ба хасе дастёфта мечаспад. Ҳамин тавр, ӯ бо ҳамсараш шабонгаҳ ба шикори моҳӣ мебарояд, ҳунар надошта бошад ҳам, мехоҳад дар филми ҳунарӣ нақши асосиро бибозад. Вале, ӯ низ мисли дигар сокинони ин маҳал, ки файзу баракат ӯро кайҳо тарк карда, ҳеҷ ба соҳили мақсуд расида наметавонад. Баръакс, ғурғурҳои ҳамешагии ҳамсараш аз ташвиши ояндаи писари ягонаашон вайро асабӣ намуда, аз қолаби маъмулӣ мебароранд. Саҳнаи аз ҷониби филмофарони дар рафти филм банаворгирифташаванда фиреб хӯрдану бо ҳасрат гиристанаш, бинандаро ба риққат меорад. Ҳунармандони дар толор нишаста ин ҳолатро баёнгари вазъи воқеии худ арзёбӣ намуданд. Вале, ин чиз низ аз назарҳо ниҳон намемонад, ки деҳаи хаёлии Файзуллоҳи Файз маҳз ба шарофати Сафар барин дилбохтагони диёри хеш ва заҳмати пуртоқати ҳамарӯзаи онҳо побарҷост. Боке не, ки ӯ эҳсосоташро ширин нишон дода наметавонаду матлабашро зебо баён намесозад. Ӯ хуб медонад, ки дар ин ҷо меҳнати тоқатфарсо асоси зебоии зиндагиашонро ташкил медиҳад. Ин сарзамин маҳз ба ӯ ва ӯ баринҳо ниёз дорад. Дар охири филм бобои Баракат аз Салима хоҳиш мекунад, ки ҳамсараш Сафарро напартояд. «Вай марди хуб аст», - мегӯяд Баракат. Ин баҳои баландтарин барои як Мард ва як Инсон аст.
Офарандаи нақши Салима – Соро дар оилаи ҳунарманд тарбият ёфта, ба воя расидааст. Падараш Қурбони Собир яке аз ҳунармандони муваффақи театр ва синамои миллӣ маҳсуб меёбад. Соро Собир то ин дам дар чанд лоиҳаи ҳунарии гурӯҳи эҷодии «Нигоҳи нав» ширкат варзида, дастёб низ гардида. Вале нақши Салима дар эҷодиёти ӯ мақоми хосса пайдо кардааст. Ӯ зани лоғарандому аз зарби кор ва зиндагии мушкил абгореро пешорӯи мо ҷилвагар месозад, ки бо вуҷуди сахтиҳои зиндагӣ, умедашро аз ояндаи нек накандааст. Салима ояндаи худ, оила ва деҳаашро бо писари ба дигарон ҳеҷ монанд набудаи хеш Рамзес мебинад. Вобаста ба ин, ҳамаи кӯшишҳои Салима бар он равона шудаанд, ки писарашро хононда соҳиби маълумот гардонад.
Дар филм ба шаҳр рафтанҳои писараш чун ормони ҳамешагии Салима баён ёфтааст. Драмаи иҷтимоии «Бачаи обӣ» аз ин ҷиҳат асари безаволи Антон Павлович Чехов «Се хоҳарон» - ро ба ёд меорад. Салима чун хоҳарон Прозоровҳо ба шаҳр рафтани писарашро ба мисли ба Москва кӯч бастани онҳо, воқеаи дар зиндагиаш муҳим меҳисобад. Вале наворҳои минбаъдаи филм нишон медиҳанд, ки шаҳри хаёлии Салима, Сафар ва Рамзес аз зиндагии рустоии онҳо тафовуте надорад.
Филми «Бачаи обӣ» - ро метавон оғози марҳилаи нав ва диди тозаи эстетикӣ дар кинематографияи муосир номид. Бисёриҳо ба коргардони шаҳир Бахтиёр Худойназаров тааллуқ доштани ғояи офаридани асарро мансуб медонанд. Вале, як чиз мусаллам аст: агар то филмноманавис Носир Раҳмон ва коргардон Файзуллоҳи Файз онро дар худ ҳазм намуда, роҳи дурусти ифодаи онро намеёфтанд, ҳеҷ гоҳ чунин филми диданӣ рӯйи кор намеомад.
Жанри филм имкон медиҳад, ки дар он аз паҳлуҳои мухталифи зиндагӣ ибрози андеша намуд. Ин аст, ки филм ҳам аз мушкилоти экологӣ, қабили гармшавии иқлим, хушкшавии баҳрҳо, ба партовгоҳ табдил ёфтани онҳо ва ҳам аз мушкилоти маънавии ҷомеа, ба мисли паст рафтани сатҳи саводнокии мардум дар солҳои нобасомонӣ, шароити номусоиди зиндагӣ, коҳиш ёфтани маънавиёти ҷомеа ва боз чандин масъалаи дигаре, ки ҳар кас ба таври худ мефаҳмад, ҳикоят мекунад. Вале, нигоҳи асосии филмофарон ба ҷавҳари инсонӣ нигаронда шудааст. Ҳар давру замон мушкилоти худро дорад, вале асосҳои маънавӣ абадианд. Ва ҳар кас мувофиқи ҳиммату қудрати худ ба он мерасад…
Филмро ҷасорати ҳунарии дастаи мазкур ва қадами ҷиддӣ дар роҳи рушди синамои миллӣ низ метавон арзёбӣ намуд.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.2020 №: 228 Мутолиа карданд: 564