фарҳанг
АСЛАМ АДҲАМ: «МАРО ОБУ ХОКИ ДУШАНБЕ МЕБАРДОРАД»
Тобистони соли 2000. Хабаре паҳн шуд, ки тарҷумон Аслам Адҳам фавтида. Боварам наомад. Ҳафтае пас дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» сӯгворӣ вобаста ба фавти майдондори варзидаи тарҷумаи бадеъ ба табъ расид.
Хиёле, ки ӯ набуд, он марди хушфеълу хушчақчақ. Фарде ба қавли ходими намоёни давлатӣ зиндаёд Холмурод Шарифов «Аслам Адҳам кори як институтро анҷом додааст…» мурдааш соҳиб пайдо накард.
Шоир ва мутарҷими тоҷик Аслам Адҳам 18 октябри соли 1939 дар шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омадааст. Муддате дар Университети давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ таҳсил намудааст.
Фаъолияти эҷодиашро ба ҳайси мусаҳҳеҳ, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (тарҷумон), корманди Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ, муҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик, корманди эҷодии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», мухбири рӯзномаи «Маориф ва маданият», муҳаррири калони идораи адабӣ - драмавии Комитети телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, муҳаррири нашриёти «Ирфон» кор кардааст.
Аз соли 1984 то 2000 - ум дар кори эҷодӣ буд.
Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои муштараки «Мужда» (1962), «Фаввора» (1965), «Таронаҳои Октябр» (1967), «Дар доманаи офтоб» (1967) ва маҷмӯаи очеркҳояш таҳти унвони «Касби ман – ифтихори ман» (1979) чоп шудаанд. Муаллифи либреттои операи «Ғуломон» (1980) аз рӯи асари устод Садриддин Айнӣ аст.
Аслам Адҳам 70 асари адабиёти рус, адабиёти собиқ халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон, аз ҷумла «Таронаҳои найшакар» (1962), «Гавҳар аз дарё» -и Т. Шевченко (1964), «Гулханда» -и Г. Сарян (1967), «Андешаҳои роҳ» -и Э. Межелайтис (1969), «Бӯи гулҳо» -и Леся Украинка (1971), «Доғистони ман» (китоби 1) -и Расул Ғамзатов (1972, чоп нашуда), «Ташнагӣ» -и Зулфия (1975), «Кохи ёдгор» -и А. С. Пушкин (1976), «Палангинапӯш» -и Ш. Руставели (1979), эпоси халқи қирғиз «Манас» (1982), «Василий Тёркин» -и А. Твардовский (1984), «Абри шалворпӯш» - и В. Маяковский (1985), «Суруди ҳайават» -и Ҳенри Лонгфелло (1987), «Аз раҳи дил» (1989), «Нарспи»-и Константин Иванов (1992), «Маҷолис-ун-нафоис» -и Алишери Навоӣ (1993, чоп нашуда) ва ғайраро тарҷима намудааст.
Ҳамчунон, драмаву мазҳакаҳои «Ҳамлет» -и У. Шекспир (1964), «Шаттоҳзанони Виндзор» -и В. Шекспир (1969), «Муаллимаи рақс» -и Лопе де Вега (1975), «Шоҳ Эдип» -и Софокл (1977), «Роҳзанон» -и Ф. Шиллер (1979), «Мария Стюарт»-и Ф. Шиллер (1983), «Борис Годунов» - и А. С. Пушкин (1988), «Саворагон» -и Аристофан (1989) ва ғайраро ба тоҷикӣ баргардондааст.
Достонҳои эпикии халқи карело - фин «Калевала» (11 ҳазор мисраъ, 1989) дар нашриёти «Адиб», эпоси халқи арман «Довуди Сосонӣ (15 ҷузъи чопӣ, 1987) рӯи чопро надидаанд.
Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Ҳангоми суҳбату дидорбиниҳое, ки бо мутарҷим қаблан доштам, чанд хислати ӯро кашф кардам. Нахуст хоҳишу дархости ёру ошноҳоро ба замин намонданаш. Далели гуфтаҳо ин бо дархости дӯстон даст задан ба ягон тарҷума. Мисол, эпоси халқии мардуми арман «Довуди Сосонӣ» (15 ҷузъи чопӣ) -ро бо дархости адабиётшинос Абдувалӣ Давронов, «Маҷолис-ун-нафоис» -и Алишери Навоиро бо хоҳиши ошнои дерин Муртазо Тоҷиев, эпоси халқи қирғиз «Манас» - ро бо дархости Муъмин Қаноат, асари асосгузори адабиёти халқи чуваш Константин Иванов «Нарспи» -ро бо ҳидояти нависанда Шодон Ҳаниф тарҷима кардааст.
Хислати хуби дигари зиндаёд Аслам Адҳам ин доиман ёд овардани накуии одамон буд. Ӯ аз ҳамсояи даврони бачагӣ, устои танӯрсоз Қамар - ака (хеши нависандаи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ), ки бо як хатчаи ӯ бо ҳикояи нахустинаш аз Самарқанд ба Сталинобод (Душанбе) назди А. Деҳотӣ омаданаш, аз публитсист ва нависандаи маъруф Бахтиёр Муртазоев – дӯсти даврони донишҷӯӣ (ш. Душанбе) барои таълими дарси арӯз ва кумакҳо, аз устод Сотим Улуғзода барои ёрмандии пайвастааш, аз Абдусалом Деҳотӣ барои ҳидоят намуданаш барои тарҷумаи шеърҳо, аз шоир Убайд Раҷаб барои аз маҷаллаи «Машъал» ба Самарқанд навиштани мактуби ҷавобӣ барои шеърҳои нахустинаш, ба шоир Аскар Ҳаким барои поси ошноӣ, аз вазири вақти фарҳанги ҷумҳурӣ Бобохон Маҳмадов барои кумакҳои модии пайвастааш ва баъди дар кӯча саргардон мондан, барои бо хобгоҳ таъмин намуданаш, ба сармуҳаррири ҳафтавори «Чархи гардун» Акбари Саттор барои кумаки доимӣ (стипендия) - аш, ба шоир Сафармуҳаммад Аюбӣ барои кумаки моддӣ ва раҳонданаш аз қарзҳо, ба журналист Умар Алӣ барои қадрдонӣ ва дигар некмардон пайваста арзи сипос мекард.
Баъди нобасомониҳои солҳои 90 - ум Аслам Адҳам раҳгумзадаро мемонд. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 1996 то январи 1997, чор дафъа ба шаҳри Самарқанд равуо кард. Он замон дар он макон модар ва бародараш иқомат доштанд. Пас аз бори охир баргаштанашон, пурсон гаштам:
- Шумо нияти ба Самарқанд кӯч бастанро доред - чӣ? Гуфт: - На, баъди сафарҳои кӯтоҳмуддат ба хулоса омадам, ки маро танҳо обу хоки Душанбе мебардорад.
Замоне, ки 60-сола шуд, касе ёдаш накард (1999). Марди кор, фарде беозор, шефтаи хеш, махмур аз зиндагӣ, шоир ва мутарҷими забардаст, ки номаш дар радифи тарҷумонҳои номӣ Ҳабиб Аҳрорӣ, Шариф Шараф, Нусур Холмуҳаммадов ва дигарон дар саҳифаи адабиёти тоҷик мақоми шоиста ва устуворро касб кардааст, ба гуфте буд ё набуд.
Инак, 20 сол аст, ки гӯристони «Шаҳидон», канори рӯди Ёвон адиби пуркори тоҷикро ба оғӯш гирифтааст.
Умари ШЕРХОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.2020 №: 228 Мутолиа карданд: 518