logo

иқтисод

«ФЕРМАИ ХУРД Ё ХОНАИ ЗИСТ?»

«Ҷумҳурият» аз 27 августи соли 2020

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баҳри иҷрои муқаррароти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, № 622, ба мақолаи нашрияи «Ҷумҳурият» таҳти унвони «Фермаи хурд ё хонаи зист?» иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расонда шуданд.
Аз ҷумла, мақолаи мазкур дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр бо иштироки масъулини соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, бобати ислоҳи саривақтии нуқсону камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта шахсони масъул вазифадор карда шуданд.
Аз рӯи факту далелҳои дар мақола дарҷгардида аз ҷониби кормандони маркази таъминоти бехатарии озуқавории шаҳри Бохтар дар як қатор хонаҳои истиқоматии атрофи ҶДММ «Фаровон» санҷиш гузаронда шуда, баъзе камбудиҳоро ошкор ва барои рафъи онҳо ба соҳибони хонаҳо огоҳинома дода шуд. Чуноне  аз рафти санҷиш муайян гардид, дар ҳавлии соҳибкори инфиродӣ Муҳиддин Халилов ҳафт сар чорвои калони шохдор барои забҳ нигоҳ дошта мешуд ва ҷойи забҳ дар замини наздиҳавлигӣ қарор дошт. Ин оила дар бозори «Фаровон» нуқтаи гӯштфурӯшӣ дошта, рӯзҳои ҷумъа аз молбозори «Ҳоҷӣ Шариф» чорво харида, онро тӯли ҳафта дар ҳавлиаш нигоҳ дошта, пасон забҳ намуда, гӯшташонро дар бозори «Фаровон» ба фурӯш мебароранд.
Бо сабаби ба талаботи беҳдоштии бойторӣ ҷавобгӯ набудани забҳхонаи соҳибкор М. Халилов аз ҷониби маркази таъминоти бехатарии озуқавории шаҳри Бохтар нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҷарима шуд. Нисбати 3 соҳибкори дигар низ амрномаҳо бароварда шуданд. Мутасаддиёни маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ баҳри таъмини амнияти экологӣ ва бехатарии аҳолӣ ҳамарӯза назоратро ба роҳ мондаанд.

Сиҷоуддин САЛОМЗОДА, раиси шаҳри Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2020    №: 229    Мутолиа карданд: 519
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед