logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020 - 2040)

МУАММОИ «ДОНИШ»
1. Мафҳуми  математикӣ.
2. Истилоҳи  илми физика. 3. Хонанда, шогирд. 4. Фанни хониш.
5. Воҳиди қувваи ҷараён. 6. Донаи шоҳмот. 7. Бо он менависанд.
8. Ҳаммаънои  ситора. 9. Асбоб барои танзими ҷараён ё шиддат дар занҷири электрикӣ. 10. Истилоҳи илми ҳандаса. 11. Муродифи ахтар, ҷирми осмонӣ. 12. Унвони олии илмӣ.
13. Истилоҳ дар илми геометрия.
14. Ченаки дарозӣ. 15. Муқобили чап. 16. Элементи химиявӣ, металли қиматбаҳо. 17. Собиқ  президенти  АМИТ. 18. Истилоҳ дар илми ҳисоб. 19. Баробар ба ҳазор метр.
20. Панҷоҳ, шасту ҳафт, навад.
21. Бузургии он қисми ҳамворӣ ё ягон сатҳи дигарест, ки шаклҳои геометриро ишғол мекунанд. 22. Як қисми илми физика. 23. Мафҳуми математикӣ.
24. Асъори хурди баъзе мамолики арабӣ. 25. Унсури кимиёвӣ.
26. Геометрияро  ҳамин тавр мегӯянд. 27. Муқобили теорема. 28. Амалиё-ти дақиқи пай дар пай, ки барои ҳалли масъала ва ҳадафҳои муайян пешниҳод мешавад. 29. Баробар ба сад сантиметр. 30. Воситаи техникии алоқа. 31. Муродифи инсон. 32. Унсури кимиёвӣ. 33. Элементи кимиёвӣ, ки дар тиб бештар истифода мебаранд. 34. Мафҳуме, ки маънои ҳамешагиро ифода мекунад.

Мураттиб Ҳ. АНӮШЕРВОН
сокини шаҳри Ҳисор

ҶАВОБ БА МУАММОИ «ПАРЧАМ» АЗ 20 НОЯБРИ СОЛИ 2020
1. Парчам, 2. Мамлакат, 3. Тоҷ, 4. Ҷашн, 5. Нишон, 6. Номус, 7. Ситорача,
8. Ахтар, 9. Рафоқат, 10. Тоҷик, 11. Китоб, 12. Бурҳон, 13. Нон, 14. Нусрат, 15. Тоқӣ.
16. Истиқлолият. 17. Турсунзода. 18. Акбар. 19. Ранг. 20. Гандум, 21. Модар, 22. Рамз, 23. Зуҳур, 24. Рабт, 25. Тоҷикистон, 26. Наврӯз, 27. Забон, 28. Наср.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!

Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


“УБУНТУ”
ЧАРО АЗ АМАЛҲОИ ИНСОНГАРОЁНА ПАЙГИРӢ НАКУНЕМ?!
Дар Африқои ғарбӣ миёни бархе қабилаҳо муҷозоти шахси хатокор ба рағми дигар усулҳои маъмулӣ ҷанбаи мусбат дорад. Агар касе ҷурме содир кард, дар байни мардум ба муҳокима мекашанд, аммо на ба мақсади танқид ё сахтгӯӣ, балки аз сифоти хубаш ёдовар мешаванд.
Мардумони қабилавии Африқои ғарбӣ ба ин боваранд, ки ҳеҷ инсон зотан бад нест, вале гоҳо ба иштибоҳ роҳ медиҳад. Аз ин рӯ, ҳимояти ӯ аз ҳар навъ танбеҳ ва хиҷолатзада кардан натиҷаи хуб медиҳад. Ин амалро дар байни онҳо “убунту” меноманд, ки маънои инсонгароиро дорад.
Таҳияи Руқия ҚУРБОНОВА  


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Лекин сад афсӯс, ки ёри ман як хулқу хӯи …не, чӣ хел фаҳмонам, ба шумо, як одати аҷоиб дорад. Яъне, вай ҳамин хел, ки хаёле шаккок, андаке якрав, саҳлакак худписанд. Аз ҳама чиз вай норозӣ, ба ҳама чиз вай айбе  мегирад.  Ин,  албатта, нисбат ба он ҳама хислатҳои хубу наҷибаш тамоман ночизу камаҳамият аст. Чунки бо вуҷуди халидани хораш, гулро одам ҳарисона мебӯяд, ба лабу руйи худ пахш мекунад.

* * *
Лаҳзаҳое, ки дилам ғарқи ҳавас буд,
Лолаҳои сурхи ман тозанафас буд.
Дар лабам номи ту фарёди ҷарас буд,
Ту куҷо будӣ, куҷо?
.
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 20 НОЯБРИ СОЛИ 2020:
Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода.

Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


МАЛОЛА ЮСУФЗОЙ
Ҳимоятгари  ҳуқуқ Малола Юсуфзой аз Покистон барои ҷуръат ва ҳақиқатпарастӣ соли 2014, дар 17- солагӣ, сазовори Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид.
11 сол дошт, ки  дар бораи сокинони шаҳри Мингора, ки аз ҷониби Толибон забт шуда буд, дар Би-Би-Си матлаб менавишт. Соли 2012 Толибон ба ҷони ҷавонаш суиқасд карданд, аммо ба мақсад нарасиданд. Ҷони Малоларо табибон аз марг раҳониданд. Соли 2013 ӯ дар қароргоҳи СММ суханронӣ кард, як сол баъд ҷавонтарин барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ВАҚТЕ КИ 32 ДАНДОН ОТАШ ГИРИФТ…
Ҳанӯз 2600 сол пеш этрускҳо аз устухони фил қатордандонҳои сунъӣ месохтанд, дар асри XVII ашхоси сарватманд барои худ дандонҳои тиллоӣ, нуқрагӣ мефармуданд, духтури дандони итолиёвӣ Ҷузеппанжели Фонси дар соли 1790 дар  Париж аз фахфур (фарфор) дандон месохт, ки ба пластинаҳои тиллоӣ ва платинӣ часпонда мешуд.   Дар охири асри XX идеяи ғайриодие ба сари техникҳо зад, ки аз моддаи синтетикии селлулоид дандон бисозанд. Натиҷаи кори онҳо хатарнок баромад: ҳангоми тамокукашӣ дорандагони дандони селлулоидӣ даҳони худро сӯзонданд, зеро селлулоид маводи зудоташгиранда аст. Вақте ки як бойбачаи Бремен баъди дандонҳои селлулоидии худро намоиш додан, бо кайфияти том тамоку дуд мекард, нохост аз даҳонаш алангаи оташ баромада, меҳмононашро сахт тарсонд. Пас аз он ӯ бедандониро афзалтар донист. 
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


АРЗИШИ КАБӮТАР 1 МИЛЛИОНУ 600 ҲАЗОР ЕВРО
Таъбири «ба вазнаш тилло» ба арзиши як паранда, ҳатто, наздикӣ намекунад. Парандапарварони белгиягӣ кабӯтари хаткашонро бо номи Ню Ким дар музояда ба маблағи 1 миллиону 600 ҳазор евро фурӯхтанд. Сабикаи тиллои холиси баробари вазни ин паранда, 90 маротиба аз ин кабӯтар арзиши кам дорад. Ким рекорди соли гузаштаи  кабӯтареро бо номи Армандо, ки бо арзиши 1 миллиону 250 ҳазор евро фурӯхта  буданд, пушти сар гузошт. Ҳар ду кабӯтарро тоҷири чинӣ бо номи мустаори «Супер Дупер» харидааст. Бо таваҷҷуҳ ба сабқати кабӯтарҳо, кабӯтарпарварӣ дар Чин соҳаи даромаднок  шуд.
Кабӯтарони хаткашони белгиягӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Чанд сол қабл парандапарварон гумон ҳам намекарданд, ки як кабӯтар садҳо ҳазор евро арзиш пайдо мекунад.  Дар бораи 1,5 миллион евро, ҳатто, тасаввур наменамуданд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ТОСКАНИНИ
Вақте дирижёрҳои номӣ Артуро Тосканини ва Пйетро Масканйиро ба фестивали бошукӯҳе даъват карданд, дувумин шарт гузошт, ки ҳаққи заҳмати ӯ ҳатман бояд аз Тосканини баланд бошад, ақаллан дар ҳаҷми 1 сент. Масъулони фестивал розӣ шуданд ва ҳар ду ҳам бо ҳунари нотакрорашон ҳозиринро қоилу мафтун сохтанд.
Масканйи, ки табиатан ҳасадхӯр буд, баъди намоиш саросема конвертро кушод, то зуд аз маблағи гирифтааш огаҳ шавад. Вале ғайриинтизор дар конверт ҳамагӣ 1 сентро дида, дар ҷояш шах шуда монд. Аз афташ ӯ намедонист, ки Тос-канини ба хотири ҳампешаи шодравонашон Верди дар фестивали ёдбуд ройгон хизмат кардааст.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ТАҲРИМОТИ ИҚТИСОДӢ: ОҒОЗИ МУҚОВИМАТ
Таҳримоти иқтисодӣ чандин аср аст, ки дар сиёсати баъзе аз кишварҳо ҳамчун роҳи фишор овардан ба давлати дигар истифода мешавад. Аммо таърихи ин гуна муносибатҳои ғайримунсифона нишон медиҳад, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати чунин кишварҳо набудааст.
Ба таври мисол ба таърих назар меафканем. Маълум мешавад, ки дар Юнони Бостон ҳанӯз соли 423 - и пеш аз мелод аз он истифода бурдаанд. Аҳли Афина, ки дар Эллада аз бартарияти бештар  бархӯрдор буданд, нисбат ба савдогарони Мегара таҳрим эълон карданд. Вале норасоии маводи зарурӣ сабаби эътирози афинагиҳо гардида, ҷангҳои байниҳамдигариро асос гузошт. Дар натиҷа, ҷанги хунинтарини  Пелопоннес сар зад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


АҚЛҲОИ ҚАСОСГИР ВА МУСОЛИҲАСОЗ
АЗ ХОТИРАҲОИ НЕЛСОН МАНДЕЛА, СОБИҚ ПРЕЗИДЕНТИ АФРИҚОИ ҶАНУБӢ
Пас аз он ки президент шудам, аз муҳофизонам хоҳиш кардам, ки дар шаҳр сайр кунанд. Барои хӯрокхӯрӣ вориди тарабхонае шудем. Дар яке аз мизҳо нишастем. Пешхидмат таомномаро овард. Он лаҳза дар паси мизи рӯбарӯи мо марде танҳо нишаста, интизор буд, ки ба ӯ хизмат расонанд. Вақте ки ба ӯ хизмат карданд, ман ба яке аз сарбозон гуфтам, ки рафта аз ӯ хоҳиш намоед, ки бо мо ҳамроҳ шавад. Мард табақро гирифта, ба паҳлуи ман нишаст. Ҳангоми хӯрокхӯрӣ дастҳояш меларзиданд ва бо ин ҳоле сар боло намекард. Вақте хӯрокро хӯрдем, ӯ бо ишорае ба мо хайрбодӣ карду рафт.
Сарбоз ба ман гуфт: «Мадиба, (Нелсон Мандела бо ин ном машҳур буд) ба фикрам, ин мард сахт бемор аст, чунки ҳангоми хӯрок хӯрдан дастонаш меларзиданд».
- Не, билкул чунин нест. Сабаби ларзиши ӯ дигар аст, - ҷавоб додам. Онҳо ба ман нигаристанд. Ин мард нигаҳбони зиндоне буд, ки ман дар он маҳбус будам. Пас аз ҳар шиканҷае, ки ба ман мекарданд, дод мезадам ва об мехостам, аммо ӯ баръакс ба ман зулм мекард...
Вай бемор нест, метарсид, ки акнун ман Президенти Африқои Ҷанубӣ ҳастам, ӯро ба зиндон меандозам ва ҳамон тавре ки бо ман рафтор карда буд, шиканҷа ва таҳқираш мекунам. Аммо ин рафтор хоси хислат ва одоби ман нест. Ақлҳое, ки қасос мехоҳанд, давлатҳоро вайрон ва онҳое, ки мусолиҳа меписанданд, миллатро эҷод мекунанд.
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА


ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАЙҲОН
Парчами давлатии мо бо талошҳои фарзандони бонанги тоҷик дар Қутби Яхбастаи Шимолӣ ва дар кайҳони беинтиҳо низ партавафшон гаштааст. Аз ҷумла, кайҳоннаварди машҳур, шаҳрванди тоҷиктабори Ӯзбекистон Солиҷон Шарифов 15 сол қабл парчами моро ба кайҳон бурд ва чанд акси худро бо ливои Тоҷикистон интишор дод.
Номбурда ҳар бор зери навои сурудҳои тоҷикиву ӯзбекӣ сайри кайҳон мекунад. Ӯ 88 - умин касест, ки соли 1998 аввалин сафарашро бо киштии амрикоии «Ендиавор» анҷом дода, ду маротиба ба кайҳони кушод баромад. Хизматҳои шоёни Солиҷон Шарифов бо ҷоизаҳои давлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия қадр шудаанд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ГЕНРИХ ГЕЙНЕ
Гейне аз нотобии дӯсти миллионераш Ротшилд хабар ёфта, нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд:
- Ин ҷаноб ягон дард надорад, шояд дар хобаш дидааст, ки 100 ҳазор франкро ба камбағалон тақсим мекунад, барои ҳамин касал шудааст.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ЯГОНА ДИРАФШИ ПАНҶЗОВИЯ
Непал кишварест ҳаммарз бо Чин ва Ҳиндустон. Ба ин ҷо сайёҳон ба дидани маъбадҳои буддоӣ ва кӯҳи Ҳимолой (зиндагии кишвар бар пояи сайёҳист)  меоянд. Аммо Непал бо вуҷуди ин ҳам, кишварест, басо камбағал. Қариб нисфи аҳолиаш бекор буда, бештари занон ва ними мардон бесаводанд.
Маъруфтарин хусусияти Непал ин парчами он аст. Ягона парчамест дар дунё бо панҷ зовия.
Бунёдгузори он дар миёнаи асри XVIII шоҳ Притхвинараян мебошад. Ӯ ҳамаи князигариҳои Непалро муттаҳид намуда, ба нишони ваҳдат дупарчамиро ҷорӣ кард: ду вимпели секунҷа (он замон парчами кулли кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ сезовия буданд) ба ягона шакли панҷгӯша пайваста шуд.
Парчами муосираш соли 1962 қабул гардид. Қаблан дар парчами непалӣ Офтоб ва Моҳтоб бо намуди чеҳраи одам инъикос шуда буд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Эрих Мария Ремарк:
- Ту метавонӣ, ки аз ҳаводис ва ё одамон гурезӣ, аммо ҳеҷ гоҳ аз эҳсос ва андешаи худ гурехта наметавонӣ. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ВИКТОР ЛЮСТИГИ ЭЙФЕЛФУРӮШ
Люстиг қаллоби машҳурест, ки таърих мислашро кам ёд дорад. Ӯ бо 45 лақаб дар тамоми гӯшаву канори дунё муомилоти тақаллубии зиёдеро гузарондааст. Ба ин озодона ҳарф заданаш бо 5 забони дунё ёрӣ мерасонд. Танҳо дар ИМА ӯро 50 маротиба ба маҳкама кашидаанд. Аммо ҳар дафъа бо сабаби наёфтани далели муътамад озодаш мекарданд. «Самти асосии фаъолияташ»-ро ташкили лотереяҳо ва круизҳои трансатлантикӣ ташкил медод. Ӯ тавонист, ки дар муддати чанд сол садҳо бонк ва шахсони алоҳидаро фиреб диҳад.
Вале дар таърих Люстиг бо фурӯхтани манораи Эйфел машҳур мебошад. Моҳи майи соли 1925 ӯ ба Порис меояд. Дар яке аз рӯзномаҳои маҳаллӣ мехонад, ки манораи машҳур куҳнаву фартут шудааст. Бо ваколатномаи тақаллубӣ худро муовини вазири почта ва телеграфи кишвар муаррифӣ намуда, бо намояндагони тиҷоратӣ пинҳонӣ музокира мебарад. Дар рафти музокираҳо аз куллан сиррӣ будани муомилот ёд карда, пешниҳод менамояд, ки ба маблағи муайян манораро харида, филизашро пинҳонӣ бифурӯшанд. Андре Пуассону ном соҳибкор манораро бо маблағи ҳангуфт мехарад. Вақте ин амалиёт ифшо шуд, Люстиг бо ҷомадони пул дар кӯчаҳои Вена сайругашт мекард.
Таҳияи Наргис РОЗИҚОВА


4 ШАБОНАРӮЗ  ДАР ЗЕРИ ХАРОБАҲОИ БИНО
Дар шаҳри Измири Туркия аз зери харобаҳои  биное, ки бар асари заминҷунбии фалокатбор 30 октябри соли равон фурӯ рафта буд, Айла Гезгини 4 - соларо наҷот доданд. Айла дар зери бинои фурӯрафта назики 4 шабонарӯз (91 соат) монда буд. Ӯ баробари шунидани садои одамон овоз бароварда, сахт гиря кардааст, то аз худ дарак бидиҳад.  Бахташ баландӣ кард, ки овозашро шунида, ба наҷоташ шитофтанд. Барои он, ки Айларо ором намоянд, аввал бо ӯ суҳбат намуданд, сипас дасташро дошта, боэҳтиёт аз зери анбӯҳи регу шағал бурунаш оварданд.   Духтурон ҳоло вазъи саломатии Айларо  муътадил арзёбӣ намуда, мегӯянд, ки  осеби ҷиддӣ надидааст.
Таҳияи Ф. АБДУКАРИМ


100 ФАКТИ ҶОЛИБ
Як чашм 107 миллион ҳуҷайра дорад ва ҳар яки он рӯшноиро ҳис мекунад.
* * *
Дар тамоми китобхонаҳои олам беш аз 20 миллиард китоб нигоҳдорӣ мешавад.
* * *
Мӯйи сари инсонҳо ба ҳисоби миёна аз 3 то 7 сол умр мебинанд.
* * *
Шуллукҳо се сол пайиҳам хоб мераванд.
* * *
Офтоб тақрибан 4,6 миллиард сол қабл дар натиҷаи пароканиши зарраҳои бузурги абрӣ, асосан, аз гидроген ва гелӣ пайдо шудааст.
* * *
Гулпаракҳо таъми хӯрокро бо пойҳояшон мечашанд.
* * *
Тамғаи «Samsung» аз тамғаи «Apple» 38 солу 1 моҳ калон аст.
* * *
Ранги кабуд дар ҷаҳон  маъмултарин ранг ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


МАХЗАНИ КУҲАНИ ФОРТ - НОКС
Иморати Форт - Ноксро моҳи декабри соли 1936 бо маблағи умумии 560 000 доллар сохтаанд.  Он  ҳамчун махзани асосии тиллоии Амрико  то асри XXI боқӣ  мондааст.  Соли 1940 захираи тиллоии он 20 205 тоннаро ташкил медод, ки ин миқдор тиллоро метавон дар беш аз 500 вагон ҷой кард.
Ҳамон солҳо дар ин ҷо Эъломияи истиқлолият, Конститутсияи ИМА, Моддаҳои Конфедератсия, нишонии  Линколн ва се ҷилди «Инҷил»-и Гутенберг ҳифз мешуданд. Аз замони  ҷанги дувуми ҷаҳонӣ 60 давлати аврупоӣ захираҳои тиллоии  худро ба ин ҷо интиқол додаанд, ки ҳоло ҳам онҳо маҳфуз мондаанд. Сарварони даврони куҳану навин аз ин махзан истифода набурдаанд.
Ҷузъиёти ҷудогонаи рамзи дари махзани куҳан миёни фардҳои номаълуме тақсим гардидааст. Маҳз бо ҳамин махзани Форт – Нокс  ҳукумати  Амрико имконияти фарох ба даст овардааст,  ки дар Фонди байналмилалии асъор  мавқеи асосиро  соҳиб шавад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2020    №: 229    Мутолиа карданд: 900
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед