logo

фарҳанг

 ШУМО «МАЛИКАИ САРАЗМ»-РО ДИДЕД?


Ҳар гоҳ вориди толори якуми осорхонаи нави мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм мегардед, чашматон ба ҳайкали зани зебои хушпайкаре меафтад, ки дар тахт бо шаҳомат ва назокат нишаста. Чеҳраи сирф ориёӣ аз нигоҳи нахуст мафтунатон месозад. Ва амри табиист, донистан, ки ин муҷассамаи олиҷанобро кӣ сохта?
 
ЗИНҲОР ҚАДАМ БА ХОК ОҲИСТА НИҲӢ…
Муҳовара бо кошифи Маликаи Саразм Абдурауф Раззоқов
Соли 1976 қадимтарин шаҳраки бостонии Осиёи Марказӣ - Саразмро кашф кардани Абдуллоҷон Исҳоқов ҳангомаи ҷаҳонӣ шуд. Пас аз 21 сол шогирди соҳибистеъдодаш Абдурауф Раззоқов, сарвари ин пойгоҳи бостоншиносӣ, кори устодашро идома медиҳад. Ҳангомаи дигари ҷаҳонӣ – пайдо намудани мадфани Маликаи Саразм барҷастатарин натиҷаи ковишҳои 35-солаи ӯст. Чанде пеш бостоншиноси маъруф меҳмони нашрияи «Ҷумҳурият» шуд ва суҳбате, ки бо эшон доштем, бо гумони ғолиб барои хонандагон низ ҷолиб хоҳад буд.   
 
БИГӮ, УСТОДАТ КИСТ…
- Дар олами бостоншиносӣ Панҷакенти қадим, ки аз соли 1946  ҳафриёташ идома дорад, бо бозёфтҳои нодир маъруф аст. Кашфи Саразм низ, ки аз он олими барҷастаи тоҷик, устодатон Абдуллоҷон Исҳоқов соли 1976 ба дунё башорат дод, дар улуми таърихи бостон таҳаввулоте ба амал овард. Мурод аз ин гуфтаҳо, агар аз як тараф ифтихор аз таърихи пуршарафи халқи тамаддунофари тоҷик бошад, аз ҷониби дигар таъкиди мактаби тавонои бостоншиносии миллист, ки дастпарваронаш ба чунин кашфиёти оламшумул қодиранд. Ва ин лаҳзаҳо мо сарфарозем аз суҳбат бо Шумо - шогирди муваффақи ҳамин мактаб, ки кайҳо ба мартабаи устодӣ расидаед. Шояд дар ибтидо аз қадамҳои нахустинатон ёд мекунед, яъне чӣ тавр таърихдон ба бостоншинос табдил ёфт?
- Воқеан ҳам, соли 1980 донишҷӯи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шудам (он вақт факулта ё шуъбаи бостоншиносӣ набуд).  Се сол пас ба шуъбаи ғоибона гузашта, бо даъвати устодам Абдуллоҷон Исҳоқов чун лаборанти калон ба пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент омадам. «Камоли ҳамнишин бар ман асар кард» ва то соли 1997, то вопасин нафасашон Абдуллоҷон Исҳоқов дар ҳафриёти Панҷакент, сипас Саразм басо ранҷ бурданд, то аз ин «гили хом», яъне банда, чизе барояд. Дигар устоди муътабарам солҳои аввал академик, бостоншиноси маъруфи рус Вадим Михайлович Массон буд, ки зимни ҳафриёти Ингилитеппа, Намозгоҳ, Анав ва Ҷайтуни Туркманистони Ҷанубӣ аз ӯ басо сабақ гирифтаам. Дар ташаккули тахассусии банда трассологи (изшиноси) номӣ профессор Галина Фёдоровна Коробова низ нақши муҳим бозид. Зимнан, соли 1994 таҳти роҳбарияш рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Олотҳои меҳнат ва маданияти хоҷагидории Саразмиёни бостон» дар шаҳри Санкт – Петербург дифо намудам.
 
ИСҲОҚОВ ПАЙДОШАВИИ САРАЗМРО ИНТИЗОР БУДАНД
- Шумо солиёни зиёд ҳамроҳи олими забардаст Исҳоқов будед. Ва бояд тафсилоти бузургтарин кашфиёти асри гузаштаро аз нақли худашон хуб донед.
- Аз суҳбатҳое, ки бо ҳам доштем, як нуктаро махсус таъкид кардан мехоҳам. Он кас кайҳо боз интизор буданд, аниқтараш эҳсос мекарданд, ки чунин як кашфиёти муҳим дар Панҷакент бояд ногузир ба вуқӯъ пайвандад. Ба он далел, ки марказҳои тамаддун Панҷакент, Самарқанд, Хуҷанд ва Бухоро таърихи 2500 – сола доранд. Ҳол он ки сароғози таърихи миллати мо, суғдиёну бохтариҳо, бояд решаи беш аз 5000 – сола дошта бошад. Ва куҷост ин нахустшаҳр?
Яъне, бояд ҳатман маҳале пайдо мешуд, ки замина, таҳрикдеҳи пайдоиш ва рушди ин шаҳрҳо бошад. Вақте табари ёфтаи сокини деҳаи Авазалии Саразм Ашӯралӣ Тайлоновро мебинанду баъди ташхис биринҷӣ буданаш аниқ мешавад, мефаҳманд, ки ин мужда аз ҳамон шаҳрест, ки солҳо интизораш буданд. Ва дар натиҷаи ҳафриёт Саразми аҳди энеолит, яъне давраи сангу биринҷиро кашф мекунанд, ки 5500 – 6000 сол қабл шаҳрнишин, кишоварз, чорводор, маъдангудоз, ҳунарманд, тоҷир будани ниёгони моро собит месозад. Ин барҷастатарин кашфиёте буд дар таърихшиносии миллӣ, ҳамчунин, хизмати мондагори устодам ба диёру халқи хеш.
 
МАЛИКАИ САРАЗМ «ЗИНДА» ШУД
- Агар Исҳоқов баъди ҳафт соли фаъолият нахустин кашфиёти муҳими худ – алифбои суғдиро пайдо карда бошанд, Шумо ҳатто ду сол нагузашта, дунёро боз бо як чеҳраи барҷастаи таърихӣ - Маликаи Саразм шинос кардед. Вақте дар Осорхонаи нави Саразм ҳайкали муҳташами бонуи ниҳоят зеборо дидам, Хайёми бузург ёд омад, ки гуфта буд:
Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К – он мардумаки чашми нигоре будаст.
Хуб мешуд, агар аз ин бозёфтатон чанд сухан мегуфтед. Зимнан, кист он ҳайкалтароши мумтоз, ки аз чанд устухон олиҳаи ҳусн офарида?
- Соли 1984 буд. Ҳангоми гузарондани ҳафриёт панҷ қабр пайдо кардем, ки ҳар кадом як, ду ва ҳатто се фавтида дошт.  Дар рӯи қабри панҷум то оғози кофтуков харсангеро дидем, ки яку ним тонна вазн дошт. Онро наҷунбонда атрофашро кофтем. Аввал тешаамон ба оинаи биринҷӣ бархӯрд. Баъд косахонаи сар ва устухони се ҷасад баромад. Аҷиб, ки онҳо ба таври батнӣ гӯронда шуда буданд. 7 - 4 ҳазор сол қабл дар Осиёю Аврупо фавтидаҳоро тавре ба хок месупурданд, ки тифл дар батни модар инкишоф меёфт. Бостоншиносон ин таври дафнро батнӣ меноманд. Барои аниқсозии ин шахсиятҳо ба антрополог, доктори илми таърих Телман Хоҷаев - шогирди антропологи машҳури шӯравӣ Герасимов, ки дар вақташ чеҳраи маликушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакиро муайян карда буд, муроҷиат намудем. Тибқи хулосаи ӯ, “скелети якум ҷасади зани 19-21-сола мебошад, ки қадаш 164-165 сантиметр буда, як кӯдак таваллуд кардааст. Скелети дуюм ба марди 20 – 21 – сола ва сеюм ба духтарчаи 13 – 14 – сола мансуб аст. Зану мард шояд аз як оила бошанд. Бо назардошти синну соли зан духтарча фарзанди ӯ буда наметавонад”.
-Малика буданаш чӣ тавр муайян карда шуд?
- Аввалан, зан бо кулоҳу сарулибос ва тамоми ороишот дафн шудааст. Либос бо сангҳои қиматбаҳо, аз қабили ақиқи сурх, лоҷувард, фирӯза ва ғайра оро ёфта буд. 16 намуди ороишот, ки аз ҳазор адад бештар буд. Агар қисми марҷонҳо болои кулоҳу қад-қади остину доману шалворро зеб диҳанд, қисми дигар дар пироҳан дӯхта шуда буданд. Ин аз тарзи ҷойгиршавӣ бармеомад. 49 дона марҷони тиллоӣ мӯйи занро оро медод. Ҳамчунин, шадаҳои зиёдеро баъди ду тонна хокро обшӯй намудан, ҷамъ овардем ва чун бо сӯзан ба ришта гузарондем, 10 метр шуд! Ду дастпонаи зан аз устухони гӯшмоҳӣ моро ба гумоне бурд, ки чун Саразм аз баҳру уқёнус дур аст, аз Ҳиндустон тоҷирон овардаанд. Зеро чунин ороишот танҳо дар шаҳраки Моҳанҷодорои Ҳиндустону Меҳргари Покистон ёфт шудааст. Ин ҳама дороӣ аз мақоми волои зан шаҳодат медод ва дар он давраи модаршоҳӣ Малика хондани ӯ амри воқеист. Таҳқиқи бостоншиносони ватанию хориҷӣ собит намуд, ки ӯ 3500 сол қабл дафн шудааст.
- То ҷое маълум аст, ақиқ дар болооби Зарафшон набуд.
- На танҳо ақиқ, ки онро аз Туркманистон меоварданд. Ҳамчунин, фирӯзаро аз Нишопуру Фарғона, лоҷувардро аз Бадахшон ва дастпонаи устухони гӯшмоҳиро аз Ҳиндустон. Тиллоро бошад, саразмиён худ истихроҷ мекарданду коркард. Ин ҳама тавассути савдою тиҷорат ба Саразм ворид мегашт. Яъне, тоҷирони Саразм дар фосилаи қариб 1400 километр дар тиҷорат буданд. Боз як факти ҷолиб. Тӯли 44 соле, ки ин ҷо ҳафриёт мегузаронем, нишонаҳои обхезӣ, заминларза, ҷанг ба чашм нарасид. Яъне, ҳаёти осоишта доштанд саразмиён. 
 
РОҲИ ЛОҶУВАРД ХЕЛЕ ҚАДИМТАР АСТ
- Раванди аз нав эҳё кардани Шоҳроҳи абрешим барои пайванди дубораи Осиё ва Аврупо торафт густурдатар мегардад. Лекин то ҷое огаҳем, Роҳи лоҷуварде, ки Шумо дар таърихи Саразм ёд мекунед, гӯё аз ин роҳи овозадор қадимтар аст. Ин даъво исботе дорад?
- Як далел меорам. Шоҳроҳи абрешим ҳамагӣ 1500 сол дорад, Роҳи лоҷувард бошад, ҳамсоли Саразм аст. Инро тадқиқоти болооби Зарафшон муқаррар кардааст. Худ дар осорхона дидед, ки қабри Маликаи Саразм дар кони лоҷувард ғӯта зада. Ба ҷуз ин, зимни ковишҳо лоҷуварди зиёд дар шакли шаддаву марҷон ба даст омад, ки гувоҳи аз Саразм ибтидо гирифтани яке аз минтақаҳои марказии Роҳи лоҷувард аст. Ин роҳ то Афғонистону Эрону Балуҷистон мекашид.
Ҳунармандони саразмӣ лоҷуварди бадахширо коркард карда, баробари тиллою нуқра ва қӯрғошим ба қабилаҳои ҳамҷавори Эрону Калтаманор ва Покистону Ҳиндустон содирот менамуданд. Дар бисёре аз ёдгориҳои Шарқи Наздик ҳам Роҳи лоҷувард зикр ёфтааст. Дар тамаддуни 4 ҳазор сол қаблии Шарқи Миёнаву Авруосиё низ ин роҳ хеле маълуму машҳур аст. Баъд аз Роҳи лоҷувард роҳи байниқабилавии истихроҷи маъдан дар он замон инқилоб буд. Бовари кас намеояд, аммо кони қалъагии Мушкистоне, ки алъон дар даромадгоҳи шаҳри Панҷакент воқест, ҳанӯз дар замони Саразм коркард мешудааст.
 
НАМУНАИ АВВАЛИН ДАВЛАТШАҲР
- Чун сухан аз маъдан рафт, мавриди зикр аст, ки ҷомеаи Саразм аз табақаҳои гуногун: кишоварзон, чорводорон, маъдангудозон, кулолон, чармгарон, бофандагон, заргарон ва ғайра таркиб ёфта буд. Саволе ба миён меояд, ки идораи ин ҷомеа аз ҷониби кӣ сурат мегирифт?
- Дар ҷомеаи Саразм нишонаи аввалин давлатшаҳрҳоро мебинем. Ҳатман як гурӯҳи идоракунанда ҳам вуҷуд дошт.  Онҳое, ки беш аз 8 ҳазор аҳолиро сарварӣ мекарданд, ақлу заковати воло доштанд. Масалан, барои сохтани зарфи сафолӣ хоки мувофиқро аз доманакӯҳҳои Зарафшон пайдо менамуданд. Дар ҳаффорӣ деворҳо чор тарҳи баробар доранд. Яъне, меъморон нақша кашида, онро тарҳрезӣ мекарданд, ки ин нишонаи маданияти шаҳрсозию шаҳрдорист. Ё ин ки чорводории доманакӯҳӣ ва наздиҳавлигӣ маъмул буд. Чорвои хона аҳолиро бо ширу гӯшт таъмин мекарду кӯҳӣ саршуморро меафзуд. Дар натиҷаи омӯзиш зоологҳои русу фаронсавӣ ба хулосае омаданд, ки саразмиён гӯшти чорвои то яксоларо истеъмол мекарданд. Ин гувоҳи он аст, ки мардум маданияти баланди таббохӣ доштанд. Дигар далели ҷолиб он аст, ки дар ҳазораи сеюм анбори ғалла бо ғунҷоиши то 100 тонна мавҷуд будааст. Ин миқдор маҳсулот эҳтиёҷоти аҳолиро ба орд ва тухмӣ таъмин менамуд.
    
“НАМЕГУЗОРЕМ, КИ ЯК ПОРА ХОКИ САРАЗМРО БОРОН ШӮЯД”
- Аз Роҳи лоҷувард мегузарем ба роҳе, ки Саразм тайи солҳои соҳибистиқлолӣ паймуд. Он тавассути қарори тақдирсозе, ки ду даҳсола қабл аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расида буд, аз коми нестӣ вораст. Ба ибораи дигар, маҳз Ҷаноби Олӣ ба ин куҳаншаҳр умри дубора бахшиданд. Аз ҷумла, муайян ва минбаъда ҳифз намудани заминҳои ҳудуди ёдгорӣ, ки қариб 48 гектар аст, аз ҳидоятҳои Сарвари давлат маншаъ мегирад...
- Дар ҳақиқат, дуруст зикр кардед. Саразм пири афгоре буд, ки аз қудуми Пешвои миллат ҷавонӣ ёфт, хоки панҷоҳупанҷасрааш чун зар дурахшид. Ёд оред, ки соли 2003 мо нав аз коми ҷанги таҳмилӣ ворастему буҷети мамлакат ҳам он қадар ғанӣ набуд. Аммо, ба ин нигоҳ накарда, зимни сафари нахустини Ҷаноби Олӣ бо супориши бевоситаашон панҷ мавзеи ёдгорӣ болопӯш шуду гирду атрофаш панҷарадевор. Саразм зери ҳимояи молики ғамхоре қарор гирифт. Ҳар боре ба Саразм менигарам, ин суханонашон дар гӯшам садо медиҳанд, ки ҳамон  вақт гуфта буданд: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар намегузорад, ки як пора хишту девори Саразмро боду борон шӯяд. Ин моликияти башарият бояд шавад”. Дар кӯтоҳтарин муддат ин гуфтаҳо ба ҳақиқат табдил ёфтанд ва Саразм моли башар шуд.
- Шумо тасмими ЮНЕСКО-ро дар назар доред?
- Бале. Идеяи ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод намудани ёдгории Саразм низ иқдоми Ҷаноби Олист. Ҳамон соли 2003  дастури омодасозии санадҳоро доданду мо аз пайи кор шудем. Ҳафт сол зарур шуд барои анҷом доданаш. Хушбахтона, соли 2010 дар иҷлосияи 34-уми ЮНЕСКО дар Бразилия ёдгории муҳташами тоҷиконро ин созмони бонуфуз пазируфт. Акнун ҷаҳониён ба ин “фарзанди таърихӣ”-и тоҷикон бо ҳавас менигаранд, ки барои оламшумулии он Сарвари давлат басе талош карданд.
 
ПОЙГОҲИ ИЛМИЕ, КИ ШУҲРАТИ ҶАҲОНӢ ЁФТ
- Саразм аз солҳои аввали кашфаш дар омӯзиши таърихи Осиёи Марказӣ барои муаррихону бостоншиносони хориҷӣ пойгоҳи беҳтарини илмӣ шуд. Дар баробари А. Исҳоқов Шумо низ бо онҳо солиён ҳамкорӣ доред. Аз ин ҳамкории байналмилалӣ чанд сухан мегуфтед.
-Ин ёдгории нодири давраи энеолит даҳсолаҳо инҷониб дар маркази таваҷҷуҳу ковишҳои ҳамкасбони бурунмарзиямон низ мебошад. Ҳамкорӣ бо бостоншиносони рус, фаронсавӣ, амрикоӣ, олмонӣ ва дигарҳо басо судманд сурат мегирад. Натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар ин ёдгориро коршиносони номӣ дар бисёр конфронсу ҳамоишҳо дар кишварамон ва Россия, Франсия, ИМА, Олмон, Италия, Ӯзбекистон, Қазокистон, мамлакатҳои Африқо баррасӣ карданд. Дар бисёре аз онҳо банда низ аз дастовардҳои бостоншиносони тоҷик бо ифтихор сухан рондаам. Ин ҷо мехоҳам аз олимони сатҳи ҷаҳонӣ Александр Беленитский, Борис Литвинский, Вадим Массон, Борис Маршак, Наталия Виноградова, Нуъмон Неъматов, Аҳмадалӣ Аскаров, Ролан Безенвал, Филипп Колл, Карл Ламберг-Карловский, Анри Пол Франкфорт, Бертил Леоне ёдовар шавам, ки дар ҳафриёти муваффақонаи Саразм саҳми арзанда доранд.    
 
ХАСЕ АЗ МАВОДИ БОСТОНӢ БЕРУН НАРАФТААСТ
- Панҷакенти қадим ва Саразм ганҷинаҳои таъриханд, ки бо вуҷуди ин қадар бозёфт ҳанӯз сарвати ҳангуфт дар қаъри хок маҳфуз медоранд. Мехостем андешаатонро аз хусуси тақдири минбаъдаи бозёфтҳое бифаҳмем, ки то замони истиқлолият ба дигар ҷойҳо, аз ҷумла Эрмитажи давлатии Санкт – Петербург интиқол ёфта буданд.
- То солҳои 90 – ум на танҳо бозёфтҳои Панҷакенти қадим, балки Истаравшан, Ҳулбук ва Бадахшонро ба Эрмитажи давлатӣ бурданд, ки ҳоло ду толори онро таърихи тоҷикон оро додааст. Аммо бояд гуфт, ки ин масъала он замон сабаби худро дошт, яъне дар кишвар шароити нигаҳдошти бозёфтҳо мавҷуд набуд. Шояд бо гузашти вақт ин масъала ҳалли худро пайдо кунад.
 Аммо боиси қаноатмандист, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳатто як пора сафол ё донаи марвориди Саразм аз марзи Тоҷикистон берун набаромадааст. Аз рӯзе, ки Сарвари давлат ба сари қудрат омаданд, на танҳо вазъи сиёсии кишварро ором сохтанд, балки таърихро низ чун гавҳараки чашм ҳифз намуданд. Ҳамин аст, ки имрӯз тамоми дороиҳои Саразм дар осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ дар маърази тамошоанд.
Шамсиддин НАСРИДДИНОВ,
Меҳрангез ҚОДИРОВА,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2020    №: 232    Мутолиа карданд: 702
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед