фарҳанг
ВАНҶ.
КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОН ТАҚДИМ ШУД
Дар ҳаёти мардуми ватандӯст, сарбаланд ва меҳнатқарини ноҳияҳои Ванҷу Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои аввали фасли зимистон фаромӯшношуданӣ боқӣ хоҳад монд, зеро онҳо аз ҳама аввал дар кишвар туҳфаи бебаҳо ва пурарзише гирифтанд, ки бесаброна дар интизораш буданд.
Манзурамон ин аст, ки ба сокинони ин ду ноҳияи дурдасту баландкӯҳ китоби пурарзиши Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» - ро, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Нашриёти муосир» - и шаҳри Душанбе бо ороиши зебо ва сифати баланд чоп шудааст, аз номи Сарвари давлат тақдим карданд. Гурӯҳи кории Ҳукумати кишвар бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуралӣ Собирзода ва муовини аввали директори Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ Шодмон Шокирзода корвони пур аз китоби «Тоҷикон»-ро ҳамроҳӣ карданд. Дар майдони Исмоили Сомонӣ сокинони шаҳраки Рохарв аҳли корвони китоб-ро гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Баъди ҷамъомади тантанавӣ дастаҳои китоби «Тоҷикон» ба 54 деҳаи шаш ҷамоати деҳоти ноҳияи Ванҷ дастрас шуданд.
Дар ин хусус узви комиссия, муҳаррири рӯзномаи «Ватан», шоир ва рӯзноманигор Пайшанбе Шоев иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки дар маросими ба Ванҷ расидани корвони китоб омӯзгори шинохтаи Тоҷикистон Хушвақт Искандаров, ки зиёда аз шаст сол ба насли наврас таълиму тарбият додааст, нахустин шуда «Тоҷикон» - туҳфаи гаронбаҳои Пешвои муаззамро ба даст гирифт.
Собиқадори маориф Муҳаббатшо Пирумшоев иброз дошт, ки китоби аллома Бобоҷон Ғафуров туҳфаест беназир аз ҷониби Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ба аҳолии шарафманди ноҳияи Ванҷ. Солҳои пеш китоби «Тоҷикон» рӯи чоп омада буд, аммо на ҳама ба он дастрасӣ дошт. Имрӯз Пешвои миллат барои шинохти гузаштагонамон китоби «Тоҷикон» - ро ба чоп расонда, ба ҳар хонадон пешкаш намуданд, ки боиси ифтихор аст.
Баъди ба сокинони Ванҷ дастрас намудани ин асари пурарзиш мутмаинем, ки хурду калон онро бо шавқ мутолиа менамоянд. Мардуми ин диёр аз таърихи бой ва рангини даврони пешдодиёну шоҳони каёнӣ, шукӯҳи сулолаи сомониён, аз таърих, адабиёти ғанӣ, фарҳанг ва ахлоқи шоистаи тоҷикони бостонӣ хубтар воқиф мегарданд ва, албатта, ҳисси ватанпарастиашон боз ҳам боло мегирад.
Бештар аз 4400 хонаводаи ноҳияи Ванҷ барои дастрас гаштанашон ба китоби «Тоҷикон», туҳфаи пурарзиш ва бебаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан изҳори миннатдорӣ ва сипоси бепоён менамоянд.
Дар фурсати наздиктарин, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон, Шуғнону Роштқалъа ва Ишкошим низ ин асари бебаҳои академик Бобоҷон Ғафуровро дастрас менамоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.12.2020 №: 232 Мутолиа карданд: 586