logo

сиёсат

 ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ВАҚТЕ ДИЛИ РОҲБАР ҲАМНАВОИ ВАТАН МЕТАПАД...


- Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, даст ба домони Худованд мезад, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кӯдаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату чоплусӣ, номардию туҳмат гулугир намуда буд, ӯ масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо кард.
Ин ҳарфҳои самимона панҷ сол муқаддам – 9 декабри соли 2015 зимни қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз забони собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров садо дода буд, ки бисёр ҳаяҷоновар буд. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар асоси дархосту пешниҳоди мардуми кишвар барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби порлумони мамлакат ба тасвиб расид, 14 ноябри соли 2016 ба қонуни конститутсионӣ табдил шуда, ҳамовозӣ ва истиқболи гарми мардумро ба миён овард. Зеро ин қонуни конститутсионӣ бо назардошти афкори ҷамъиятӣ рӯи кор омода, дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ нақши беназир дорад.
Дар  банди  якуми моддаи дуюми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» чунин омадааст:  "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши  арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст".
Ҳамин  як банди қонун, ки натиҷаи фаъолиятҳои сиёсиву роҳбарии сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода менамояд, ба навъи дигар зарурати қабули чунин санадро дар заминаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ таъкид месозад. Аксари соҳибназарон ва вакилони халқ зимни қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» доштани пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалиро шарт ва зарурӣ арзёбӣ карданд. Аз  ҷумла, зимни  қабули  санади  меъёрии ҳуқуқӣ гуфта шуд: «Маҳз  барои миллати борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯз доштани пешвои сиёсӣ, эътирофи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ҳамчун рамзи муттаҳидии халқ атрофи ғоя ва андешаҳои ӯ аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб менамояд. Барои мо имрӯз вақт, замона ва манфиатҳои дирӯз, имрӯз ва фардои миллат дар ҳамбастагӣ ин фурсатро фароҳам овардааст».
Агар ба таърихи печидаи халқи тоҷик, бахсус даврони Истиқлолияти давлатӣ назар афканем, аҳамияти ин иқдом бештар эҳсос мешавад. Зеро, маҳз ҳузури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсии кишвар хатари маҳви миллат ва фурӯравии давлатро аз байн бурд. Зери роҳбарии ин абармард пояҳои давлатдорӣ тарҳрезӣ шуда, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсия қабул гардида, эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз ёфтанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ вориди марҳилаи нав шуда, ҳадафҳои стратегиро пеш гирифт. Дар натиҷаи сиёсати дурусту ояндабинонаи Сарвари давлат кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, амнияти озуқаворию истиқлолияти энергетикӣ таъмин гашт. Роҳи давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона ҳамвор гардид. Ин аст, ки ба андешаи соҳибназарон қабули қонуни конститутсионии мазкур агар аз як сӯ арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи фарзанди фарзонаи миллат бошад, аз сӯи дигар ҳифзи дастовардҳои беназири таърих, тақдири ояндаи давлат ва идома пайдо кардани чунин роҳи саодатбахши миллиро ҳадаф қарор додааст. Аз ин рӯ, ҳар соҳибватане, ки нисбат ба имрӯзу фардои ин Ватани маҳбуб бетараф нест, бояд ҳамеша посдори амалҳои созанда ва сабақомӯзи Пешвои муаззами миллат бошад.


Амирҷон УМАРЗОДА,
корманди мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2020    №: 232    Мутолиа карданд: 828
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед