фарҳанг
КАМОЛ:
БА САЙРИ ҶАҲОНИИ АШЪОРИ ТОҶИКОНА
Ашъори Камоли Хуҷандӣ бори нахуст ба забонҳои англисӣ, чинӣ ва арабӣ пешкаши алоқамандони адабиёти калассикӣ гардид.
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 700 - солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд баргузор гардид, дар баробари девони мукаммали шоир ва чандин китобҳои пажӯҳишӣ, ҳамчунин, маҷмӯаи «Ҳабдаҳ чаман» низ рӯнамоӣ шуд, ки 17 ғазали Камолро бо забонҳои гуногуни ҷаҳон фаро мегирад. Дар ин робита суҳбате доштем бо яке аз тарҷумонҳои ғазалиёти шоир Иброҳим Дӯстализода, ки муаллифи тарҷумаҳои англисӣ ва чинии асарҳост.
И. Дӯстализода пештар аз ин осори даҳ шоири мусоири Чинро дар моҳномаи «Садои Шарқ» муаррифӣ кард. Мавсуф шеърҳои онҳоро ба забони тоҷикӣ гардонда, дар ин самт таҷрибаи бой дорад. Ҳоло пайи тадвини баёзи шоирони чиниву тоҷикистонист.
- Вақте фаҳмидем, ки ин китоб аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонони хориҷӣ – иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалӣ бо тамғаи ҷашнӣ армуғон мегардад, масъулиятамон дучанд гардид. Мо, ки бо адабиёти Чин ошноӣ дорем, тарҷумаи чинии ғазалҳо бароямон он қадар мушкил набуд. Бо вуҷуди ин, баъди пурра баргардон кардани 17 ғазали Хоҷа Камол ба шаҳри Пекин, ба мутахассисони адабиёт фиристодем, то барои беҳтар шудани сифати кор назар диҳанд. Аммо тарҷума ба забони англисӣ бисёр душвориҳо дошт. Бахусус, ёфтани муродифҳои истилоҳоти ирфонӣ, тасвирҳову ташбеҳҳои хос, ки танҳо дар адабиёти тоҷик маъмул аст, заҳмати зиёд талаб мекарданд. Он чизе, ки шоир мехоҳад, яъне ҳадафи аслии ӯро дар забони англисӣ дарёфтан лозим омад. Ба ин хотир, ҳамагӣ 11 ғазали Камолро ба англисӣ баргардондем, - изҳор медорад Иброҳим Дӯстализода.
Тарҷумаҳои англисии шеърҳои Камолро директори маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Баҳром Раҳматов баҳои баланд дода, зикр намуд, ки ғазалҳо бо оҳанги шево ва танини хоси англисӣ баргардон шудаанд.
Бино ба гуфтаи Иброҳим Дӯстализода, ғазалҳои англисишударо мутахассисони соҳибзабон низ дида, аз назари таҳқиқ гузаронданд.
- Имрӯз медонед, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ робитаро дар ҳама самтҳо ба роҳ мондан имкон дорад. Мо ҳам ба воситаи дӯстон ғазалҳои тарҷумашударо ба Нидерландия, ба соҳибзабонон фиристода, сатҳу сифати ғазалҳоро такмил додем. Бо вуҷуди ҳама нуқсу камол, дар муаррифии адабиёти миллати худ саҳм гирифта бошем, шодем, - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ёдовар мешавем, ки «Ҳабдаҳ чаман» барои тарғиби осори шоири озодаи тоҷик ба забонҳои англисиву чинӣ, ҳамчунин, ба олмонӣ, русӣ, ӯзбекӣ, урду ва бо хати арабиасоси форсӣ судманд буда, армуғони шоиста барои меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ мегардад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.12.2020 №: 233 Мутолиа карданд: 677