иқтисод
СИТРУСПАРВАРӢ.
ТАВСЕАИ СОҲА ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!
Натиҷаи кори олимон ва нишондиҳандаҳои истеҳсолии ситруспарварон нишон доданд, ки дар шароити хандақҳо, хусусан дар водиҳои Вахшу Ҳисор, ба даст овардани ҳосили 25 - 28 тонна мева аз як гектар, асосан, лимӯ бе истифодаи гармии иловагӣ, мумкин аст. Илова бар ин, агар дар хандақу нимхандақҳои паҳноиашон 5 - 8 метр бо ҷойгиркунии 2 - 3 қатор бутта парвариши ситрусиҳо ба роҳ монда шавад, ба даст овардани 40 - 45 тонна мева аз як гектар имкон дорад.
Бо ин мақсад лозим аст, ки соҳаҳои кишоварзии интенсивиро ривоҷ дода, он бахшҳоеро ки аз ҳар гектар даромади зиёд меоранд, инкишоф бояд дод. Дар истеҳсолоти кишоварзии имрӯза ситруспарварии ҷумҳурӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар кишвар майдони ситрусиҳо қариб 600 гектарро ташкил дода, 12-15 ҳазор тонна ҳосил рӯёнда мешавад, ки барои қонеъ намудани талаботи истеъмолии аҳолӣ кофӣ нест. Мардум на фақат аз чунин меваҳои хуштаъм пурра таъмин нест, балки аз бисёр хусусиятҳои шифобахшию парҳезии онҳо низ кам баҳра мебарад. Меваҳои ситрусӣ баробари хуштаъм будан, дар таркиби худ миқдори зиёди моддаҳои фаъоли биологӣ, органикӣ, маъданӣ ва равғанҳои гуногуни эфирии фаровон доранд.
Дар бораи хосиятҳои шифобахшии лимӯи тоҷикӣ, олимони зиёд тадқиқот бурда, муайян кардаанд, ки таркиби биокимиёии он баробари витамини С (28-30 мг %) боз витамини гурӯҳҳои В, РР, Е, провитамини А, ҷавҳари лимӯ, равғанҳои эфирӣ ва намакҳои маъданӣ дорад. Маҳз истеъмоли он барои табобати бемориҳои захми рӯда, гулудард, гулузиндонак, зардпарвин, хуншорӣ, фишори баланди хун ва ғайраҳо хусусиятҳои хоси онро бозгӯ менамоянд. Ҳамчунин, лимӯ хосияти табобати зуд ба ҳам овардани захм ва пайванди устухонҳоро дорад. Дар таркиби меваҳои ситрусӣ ба миқдори зиёд фитонсидҳо низ мавҷуданд, ки бактерияҳои зарароварро маҳв месозанд.
Ғайр аз ин, бо коркарди меваҳои ситрусӣ дар саноати хӯрокворӣ маводи гуногуни истеъмолӣ истеҳсол менамоянд. Ба онҳо нӯшоба, ширавор, мураббо, шарбатҳои гуногун , маҳсулоти қаннодӣ, аз ҷумла мармелад ва ғайраҳо, шомиланд. Дар натиҷаи коркарди меваҳои ситрусӣ дар саноати хӯрокворӣ, арзиши онҳо назар ба ашёи хом чанд маротиба боло меравад.
Ҳаҷми истеҳсоли ҳозираи меваҳои ситрусӣ дар ҷумҳурӣ талаботи бозори дохилиро пурра таъмин карда наметавонад. Гузашта аз ин, дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла Чини ҳамсоя, талабот ба лимӯи тоҷикӣ бениҳоят зиёд аст. Лимӯи Тоҷикистон дар кишварҳои собиқ шӯравӣ аз рӯи сифат ба худ ҳамто надорад. Айни муддаост, ки истеҳсоли лимӯ дар водию заминҳои наздикӯҳии Тоҷикистон васеъ ба роҳ монда шавад. Роҳандозии ин кор шароит фароҳам меорад, ки маҷмӯи захиравии заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ва қитъаҳои кишоварзӣ самаранок истифода гарданд.
Дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон буттаи лимӯ дар муддати кӯтоҳ қобилияти баланди ҳосилнокиро соҳиб шуда, дар ҳолати таъмин кардани технологияи лозимии парвариш, самараи иқтисодии соҳа низ хеле баланд мегардад. Барои афзун гардондани парвариши лимӯ дар мамлакат шароити истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулот бо назардошти истифодаи имкониятҳои моддию маънавӣ ва хоҷагидорӣ бояд муайян карда шавад. Дар ин маврид барномаи мақсадноки миёнамуддати давлатӣ (10-15 - сола) барои рушди истеҳсоли лимӯ ва васеъ намудани майдони парвариш дар Тоҷикистон бояд қабул шавад. Дар ин ҳолат бо осонӣ Тоҷикистон дар радифи кишварҳои рушд-ёфтаи ситруспарварӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамзамон, даромад аз истеҳсоли маҳсулот аз ҳар гектар замини кишоварзӣ баланд гардида, тараққиёти бемайлони истеҳсолоти кишоварзӣ таъмин мегардад. Барои амалӣ гардондани ин барнома, дар ҷумҳурӣ имконияту шароитҳои лозима фаровонанд.
Барои таъмини ҳосилнокии баланди ин зироат ва ривоҷи ситруспарварӣ замини зиёди ҳамвори обӣ лозим нест. Тоҷикистон дорои доманакӯҳҳо, талу теппаҳои васеъ буда, онҳо барои парвариши дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла ситрусӣ, мусоиданд. Дар ин гуна мавзеъҳо парвариши меваҳои субтропикӣ, махсусан ситрусиҳо, афзалтаранд. Дар барномаи рушди боғдорӣ барои солҳои 2016-2020 низ омадааст, ки дар манотиқи ҷумҳурӣ дар ин давра 207 гектар лимӯхонаҳои нав барои парвариши рустаниҳои ситрусӣ бунёд карда шаванд. Барои амалӣ гардондани барномаи алоҳидаи лимӯпарварӣ шароити табиии водиҳои Вахш, Ҳисор, мавзеъҳои поёноби дарёи Кофарниҳон, ноҳияҳои водигии вилояти Суғд, ноҳияи Дарвоз ва талу теппаҳои ноҳияҳои Данғараю Ёвон хеле мувофиқанд. Дар водии Вахш ҳазорҳо гектар замини талу теппаҳоро барои зиёд кардани истеҳсоли меваҳои субтропикӣ (хурмо, анор, бодом, анҷир, уноб, ситрусиҳо) истифода кардан мумкин аст.
Парвариши лимӯ бо истифодаи технологияи навтарин, аз ҷумла конструксияҳои металлии сабук ва обёрии қатраӣ, истифода кардан беҳтару муфидтар аст. Бунёди зинабоғҳои лимӯпарварӣ дар талу теппаҳо оянда барои рушди босамари соҳа имкониятҳои васеъро фароҳам меорад.
Дар бораи ривоҷ додани ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қарору барномаҳои дахлдор қабул шуда буданд, ки бо сабаби пошхӯрии он то охир амалӣ нагаштанд. Бахши ситруспарварӣ метавонад истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳуриро ба пояи сифатан баланд расонад. Аз ҷониби дигар рушди ситруспарварӣ, хусусан парвариши лимӯ, иқтидори содиротии мамлакатро ба таври назаррас тақвият хоҳад бахшид. Мувофиқи пажӯҳишҳои иқтисодӣ, парвариши лимӯ нисбат ба парвариши дигар намуди меваҳо даромади зиёд дорад. Бо ин роҳ иқтисодиёти кишоварзии водиҳои шароиташон барои боғдории субтропикию ситруспарварӣ мувофиқ, ривоҷ ёфта, даҳҳо ҳазор ҷойи кор фароҳам мегардад.
Албатта, лимӯпарварӣ нисбат ба парвариши дигар зироатҳо ва боғу токпарварӣ, заҳмату харҷи бештар талаб менамояд. Аммо дар сурати хуб ба роҳ мондани ситруспарварӣ ва маблағгузории мақсадноки он дар муддати кӯтоҳ харҷи онро пӯшонда, нисбат ба дигар соҳаҳои кишоварзӣ қариб даҳ маротиба зиёд фоида гирифтан мумкин аст. Аз ин лиҳоз, дар минтақаҳое, ки қувваи кории лозима ва шароити хуби хоку иқлим мавҷуд аст, ривоҷ додани ситруспарварӣ айни муддаост.
Хусусияти ҳосилбандии ҳамасола ва дорои ҳосилнокии баланд будани буттаи лимӯ дар шароити камзамини ҷумҳурӣ, аҳамияти калони истеҳсолию иқтисодӣ дорад. Барои пешбурди соҳа, дар миқёси ҷумҳурӣ тахминан 6-7 ҳазор гектар замини водигию талу теппа лозим аст.
Бо назардошти заҳматталабию маблағгузории калони соҳа, қабули барномаи мақсадноки рушди ситруспарварӣ барои 10 - 15 соли наздик ва бунёди 100 гектар лимӯхонаро ҳамасола дар манотиқи ҷумҳурӣ зарур мешуморем. Дар ҳолати баланд бардоштани ҳосилнокӣ то 22-25 тонна аз як гектар ва дар маҷмӯъ, барои истеҳсоли солонаи на кам аз 14 - 15 ҳазор тонна лимӯ шароит фароҳам мегардад. Бо роҳи амалӣ гардондани чунин барнома ва баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтон дар оянда Тоҷикистон метавонад, дар умум, ҳар сол на кам аз 18 - 20 ҳазор тонна лимӯ истеҳсол намояд. Фурӯш ва содироти ин миқдор лимӯ барои кишвар ба ҳисоби миёна 350 – 400 миллион сомонӣ фоидаи иқтисодӣ меорад.
С. ГУЛОВ,
узви вобастаи Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон,
Т. АҲМЕДОВ,
академики Академияи
илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.12.2020 №: 233 Мутолиа карданд: 784