сиёсат
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД
2 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки тариқи видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа, инчунин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, раиси Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, иҷрокунандаи вазифаи Президент, раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ширкат доштанд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти раёсати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гашт.
Барои баррасӣ ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, минбаъд ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти созмон, рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшудаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ҳамчунин, самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмон ворид шуданд.
Дар ҷаласа роҳҳои рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо назардошти истифодаи торафт фаъолонаи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ барои ҳадафҳои таблиғ ва ҷалбсозӣ, аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳои хадамоти махсус дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо ва иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ташаккули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳо, ки дар сиғаи СААД террористӣ эътироф шудаанд, таъкид гардид. Дар баробари ин, масъалаҳои ҳолат дар марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД, вазъ дар Афғонистон ва таҳдиди маводи мухаддир матраҳ гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои кори ҷаласа Изҳорот ва Эъломияи СААД қабул шуда, як қатор қарорҳои муҳими Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳои аъзоро дар назар доранд, ба имзо расиданд.
Зимни ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварони давлатҳои аъзои созмонро ба Душанбе барои иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки соли оянда дар кишвари мо баргузор мешавад, даъват карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.12.2020 №: 233 Мутолиа карданд: 706