барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
3 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари даргузашти собиқ Президенти Франсия Валери Жискар д’Эстен боиси андуҳи мо гардид. Ҷаноби Жискар д’Эстен, ба ҳайси шахсияти боризи давлатӣ, хислату муҳтавои як давраи муҳими рушди Франсияро муайян намуда, номи ӯ дар таърихи муосир ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар таъмиқи раванди ҳамгироии Аврупо ва ташаккули асосҳои таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши босазо гузоштааст, ба ҳамешагӣ боқӣ мемонад. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи ҷаноби Жискар д’Эстен дар арсаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳу субот низ боиси шинохти умум ва эҳтироми ӯ гардидаанд.
Лутфан тасалливу таъзияи самимии инҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Франсия бирасонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.12.2020 №: 233 Мутолиа карданд: 4786