logo

иқтисод

 ГУЛИСТОН: ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ ДАР ДАҲ МОҲ БЕШ АЗ 1,8 МИЛЛИАРД СОМОНӢ


Сарфи назар аз мушкилиҳои пешомада дар иртибот ба бемории коронавирус кормандони соҳаи саноати шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” - Гулистон фаъолияти муътадили корро дар соҳа таъмин карда, дар даҳ моҳи соли равон тавонистанд ба миқдори зиёда аз 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намоянд.
Тавре аз шуъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, ҳиссаи ҳаҷми маҳсулоти тавлидотии саноатӣ дар қиёс ба хизматрасонии пулакӣ ва сектори хусусӣ сол то сол меафзояд. Бо назардошти талаботи бозор номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар шаҳр дар даҳ моҳи соли равон ба 64 намуд расонда шуд, ки, асосан, инҳо консентрати сурб, руҳ, хокаи мис, орд, маҳлули бетонӣ, регу сангмайда, зарфҳои шишагӣ, маҳсулоти оҳану бетонӣ, қолинӣ, заргарии тиллову нуқра ва неруи барқро ташкил медиҳанд. Имрӯз вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар маҷмӯи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд ба зиёда аз 15 дарсад расида, ин раванд тамоюли афзоиш дорад.
- Ин беваҷҳ ҳам нест, - иброз медорад Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси шаҳри Гулистон, - ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар дар ҳудуди шаҳр ҳамасола аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ дар заминаи талаботи бозори ҷаҳон - технологияи муосири инноватсионӣ корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Масалан, танҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистон, дар маҷмӯъ, ба маблағи 15 миллион сомонӣ се корхонаи нави саноатӣ, ба монанди коркарди коғаз бо иқтидори 20 тонна дар як шабонарӯз бо таъсиси 100 ҷои нави корӣ, ҶДММ “Мурғи аълосифат” бо иқтидори истеҳсолии 1000 тонна гӯшти парҳезии паранда бо муҳайё шудани 50 ҷои корӣ ва ҶДММ “Хизир Назар” бо тавлиди тахтаҳои азбестӣ - шифер бо иқтидори 750 адад дар шабонарӯз ва таъсиси 15 ҷои корӣ ба истифода дода шуд, ки ба зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр мусоидат кард.
Ба андешаи раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода роҳандозии тадобири нав дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи дурусту самаровар аз захираву имкониятҳои мавҷуда, шароит фароҳам меоваранд, ки ояндаи наздик шаҳри Гулистон рушди саноатро боз ҳам такони ҷиддӣ бахшида, дар саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас хоҳад гузошт.
  Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2020    №: 234    Мутолиа карданд: 736
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед