logo

иқтисод

 ОБУҲАВОШИНОСӢ. СОХТОР БА ТАҶҲИЗОТИ ЗАМОНАВӢ ЭҲТИЁҶ ДОРАД!


Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамарӯза ба аҳолӣ ва ҷонибҳои ҳавасманд хизматрасониҳои пешгӯии боду ҳаво ва ҳодисаҳои офати табииро анҷом медиҳад. Фаъолияти агентӣ дар ин самт сол ба сол беҳтар мегардад. Бо назардошти вазъи имрӯзаи байналмилалӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра агентиро зарур аст, ки хизматрасониҳои муосир, махсусан дар самти рушди хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла бахши кишоварзӣ барои гирифтани ҳосили баланди зироат ҷиҳати таъмини аҳолӣ (дар зимистон) бо маҳсулоти ниёзи аввалия ва дигар молу маҳсулот, рушди чорводорӣ ва беҳдошти чарогоҳҳо, ки ба иттилои саривақтии боду ҳаво зич алоқамандӣ дорад, ҷорӣ намояд.
Бо ин мақсад, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Бонки осиёии рушд лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» амалӣ мешавад. Барои татбиқи лоиҳа ҳамкориҳо бо вазорату идораҳо, ширкатҳо ва ҷонибҳои ҳавасманд бо диди нав ва дар сатҳи беҳтар бояд ба роҳ монда шаванд. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур зимни семинари машваратӣ дар меҳмонхонаи «Хилтон» - и пойтахт таҳти унвони «Дурнамои хизматрасониҳои Агентии обуҳавошиносӣ ва ҳамкориҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.       
Гуфта шуд, ки барои беҳтар кардани хизматрасониҳо дар соҳаи обуҳавошиносӣ вусъат додани  ҳамкорӣ миёни сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла бо Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, вазоратҳои мудофиа, кишоварзӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, зарур мебошад.
Тавре Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази обуҳавосанҷии агентӣ изҳор дошт, вазорату идораҳо бояд ҳамкории худро бо агентӣ ҷоннок намоянд. Аз ҷумла, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҳамкории нокифоя дорад. Пешгирии талаф ёфтани ҳосили зироат ва мева ба сари вақт огоҳондани деҳқон ба вазъи боду ҳаво вобастагии калон дорад. Ҳамчунин, идораю сохторҳои суғуртавӣ дар доираи шартнома чорвои маҳаллиро суғурта намуда, бо агентӣ робитаи ба ҳар ду ҷониб судманд ба роҳ монанд.
Ба андешаи мутахассисон, ҳоло бисёр давлатҳои тараққикарда аз технологияи муосири обуҳавошиносӣ истифода бурда, метавонанд вазъи боду ҳавои кишвари моро низ пешгӯӣ намоянд ва ин раванд, кори агентиро ҷиҳати рақобат намудан дучанд зиёд кардааст. Барои ин Агентии обуҳавошиносӣ ба технологияи муосир, аз ҷумла моҳвораи обуҳавошиносӣ, ки дар шароити кӯҳистон ҳатмист, ниёз дорад. Ҳамасола хизматрасонӣ тариқи моҳвора беш аз 400 доллари ИМА - ро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, агар се – чор ниҳоди болозикр дар ин самт якдигарро дастгирӣ намоянд, пешгӯии вазъи боду ҳаво боэътимодтар ва саривақтӣ мегардад. Маҳз бо сабаби норасоии таҷҳизот сохтори агентӣ барои пешниҳоди маълумот оид ба вазъи боду ҳаво дар минтақаҳои ҷумҳурӣ душворӣ мекашад. Тибқи натиҷаи назарсанҷӣ, ки бори аввал аз ҷониби агентӣ гузаронда шуд, 79 дарсади пурсидагон аз ташкилоту идораҳои гуногун ва ҷонибҳои ҳавасманд бар он назаранд, ки маълумоти обуҳавошиносӣ боэътимод ва дақиқ гардонда шавад, зеро аксар вақт маълумот ба воқеият мувофиқат намекунанд. Сабаби кам истифода бурдани маълумоти Агентии обуҳавошиносиро пурсандагон бо надонистан ва бехабар мондан аз хизматрасониҳои агентӣ, ҳамчунин, истифода кардан аз дигар манбаъҳо шарҳ доданд.
Мавриди зикр аст, ки агентӣ на танҳо хизматрасонии пешгӯии боду ҳаво, балки оид ба сатҳи оби дарёҳо, ҳолати захиравии об, вазъи муҳити зист, ташхис ва санҷиши сифати боду ҳаво, ҳамчунин, маълумоти агрометеорологӣ, яхшиносӣ ва ғайраро дар шакли электронию чопӣ бо роҳи бастани шартнома пешниҳод менамояд. Яъне, хизматрасониҳои агентӣ қариб тамоми фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифта, барои таҷдиди агентӣ ба сохтори тақвиятноки дорои иқтидор ва захираҳои устувор аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Агентии обуҳавошиносӣ тадбирҳои амалиро тақозо дорад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2020    №: 234    Мутолиа карданд: 647
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед