фарҳанг
ҲИКМАТИ ТАЪРИХ ВА ПАНДИ РӮЗГОРОН
Таърихро ба чашми хирад нигаред, дар он ҳазорҳо роз нуҳуфтааст. Бояд донед, ки гузашта ояндаро равшан менамояд. Пас, бояд кӯшиш кунем, то оянда равшантар гардад.
Таҷрибаи башарӣ гувоҳи он аст, ки аксари одамон ба некномӣ алоқа ва дилбастагӣ доранд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки зиндагии худро ба зиндагии ашхоси бузург ва хушноми таърих мувофиқ созанд, то ояндагон номи онҳоро низ ба накуӣ бибаранд. Аз ҳамин ҷост, ки донишмандон саргузашти одамони наҷиб ва ҳикоятҳои таърихиву воқеиро дар тарбияи инсонҳо омили самарабахшу муҳим медонанд. Онҳо ақида доранд, ки муаррихон ва тазкиранависон устодоне ҳастанд, ки бо нақлу ҳикоятҳо ва достонҳои воқеӣ одамонро ба сӯи ахлоқи поку ҳамида ҳидоят месозанд. Бозгӯйкунандаи достонҳои воқеӣ ҳодиса ва воқеаҳои ибратомӯзро аз авроқи таърих берун меоранд ва дар хидмати ҷомеа мегузоранд, то ба ин васила, кори хайру шоистаеро дар ин росто анҷом диҳанд. Хонандагони мо мутолиаи саргузашти инсонҳои хубро меписанданд, зеро онҳо ҷавонмардӣ, адолатхоҳӣ, накукорӣ ва инсондӯстиро меомӯзанд. Ҳикоёти таърихӣ саршори панду андарзи ҳакимона буда, дар худ ҳикмати рӯзгорро ҷой додаанд. Ин гуна матолиб назари моро ба зиндагиву рӯзгори гузаштагон амиқтар ва равшантар месозанду дар раванди худшиносии ҳар фарди ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
Таърих ҳар лаҳзаву ҳар соат беист дар ҷараён аст. Вақту замон чун ҷараёни беохири рӯдест, ки аз гузашта тавассути имрӯз ба ҷониби оянда равон асту равон ва онро боздоштан ғайри имкон мебошад. Оре, вақту замон мафҳуме ҳастанд, ки бо гузашти худ таърихро ба вуҷуд меоранд. Таърих ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Саду дусад ва панҷсад сол дар пеши таърихи инсоният ҳеҷ асту ба як чашмзанӣ ва як нафаскашӣ баробар аст. Бинобар ин, таърихи башарият бисёр ҳодисаву воқеаҳоро аз сар гузаронда, дар саҳафоти худ сабт намудааст ва метавонад рӯзҳову солҳои дароз бароямон ҳикоят намояд, то ки панду андарз гирем, некиро аз бадӣ, адолатро аз зулму ситам фарқ кунем. Аз ин нуқтаи назар, хондан ва шунидани ҳикоёти таърихӣ барои ҳар як шахс сабақи зиндагӣ ва дарси ҳаёт аст. Ҳар яки мо дар айёмӣ кӯдакиву наврасӣ ба хондан ва шунидани достонҳои афсонавӣ ва ҳангоми камолот ва пиронсолӣ ба достонҳои таърихиву ростин шавқу ҳавас дорем. Чаро ин тавр аст? Чунки ба гуфтаи донишманд Маҳмуди Ҳакимӣ: «Инсон дар даврони кӯдакӣ шавқ ва қариҳаи шунидани достон ва ҳикоят дорад. Дар ҳар марҳалаи зиндагӣ навъе аз достон мавриди писанд ва таваҷҷуҳи ӯст. Дар айёми тифлӣ бештар афсонаҳоро меписандад ва чун бар марҳалаи балоғату рушд расид, афсонаҳо ҷозибаи худро назди вай аз даст медиҳанд. Ва аз он замон аст, ки ба достон ва ҳикоятеро, ки дурусттар ва воқеитар бидонад, бо шавқу ҳаваси бештар мехонад. Инсон зотан адолат, ростӣ, садоқату ҷавонмардиро дӯст медорад ва ба дурӯғу беадолатӣ, зулму ситам, ноҷавонмардӣ ва пастиву дунҳимматӣ нафрат дорад. Ин аст, ки пирӯзии қаҳрамонон ва шахсиятҳои адолатхоҳи достонҳои воқеӣ ӯро ба шавқ меорад ва зулму ситами ҳокимони ситамгар мӯҷиби хашми вай мегардад».
Таърих шарҳи зиндагонӣ ва рӯзгори инсонҳо ва робитаи онҳо бо якдигар аст, инсонҳое, ки замоне ба дунё омадаанду зистаанд. Бозгӯ кардан ва нақли қаҳрамониву фидокориҳои инсонҳое, ки дар гузашта миёни қавмҳо ва миллатҳои гуногун зиндагӣ мекарданд, фоидаву арзиши бисёр доранд. Одамон аз онҳо шеваи дурусти ҷавонмардӣ ва адолатхоҳиро меомӯзанд, аз рӯзгор ва оқибату фарҷоми мардуми бадандешу ситампеша ибрат ва сабақ мегиранд. Бинобар ин, ҳикоёти таърихӣ, чи нек ва чи бад, ҳама ибратомӯзанд. Хондан ва шунидани на танҳо достонҳое, ки дар бораи некиву накукорианд, балки ҳикоятҳое, ки аз бадиву беадабӣ, зулму ситам, қабоҳату разолат нақл мекунанд, адабомӯз мебошанд. Дар ин бобат Шайх Саъдии Шерозӣ дар асари безаволи хеш «Гулистон» чунин овардааст: «Луқмонро гуфтаанд, адаб аз кӣ омӯхтӣ? Гуфт: «Аз беадабон. Ҳар чи аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам». Дарвоқеъ, ҳикоёти таърихӣ саршори панду андарзи ҳакимонаи рӯзгорон аст.
Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ: «Мо таърихро забт накунем, аз ҳаводиси рӯзгори гузашта панду андарз ва сабақу ибрат нагирем, аз таърих ва хештаншиносӣ огаҳӣ пайдо накунем, ошнои кору марди роҳ нагардем, аз нафасҳои рамида зинда нашавем, дирӯзро бо имрӯзамон пайванд насозем, зиндагиро мурғи дастомӯз накунем, риштаи айёмро ба даст наоварем, кишвар ва Ватани азизамонро ободу зебо ва шукуфон нагардонем, чун барҷомондаву бадфарҷом ва рӯзкӯру шабпараст хоҳем монд».
Сайёраи АВАЗ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.12.2020 №: 234 Мутолиа карданд: 865