logo

фарҳанг

 РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ


Инсони некниҳод дар ҷомеаи рангину пуртазод дар кадом пояе бошад, мавқеи хоссеро касб мекунад, тавассути кору рафтораш ва амалҳои некаш дар дили ҳамагон ҷой мегирад.
Донишманд ва  журналисти эҷодкор Сабзалӣ Муродов аз ҳамин қабил инсонҳои некрою нексиришт дар хотираҳо боқӣ мондаанд. Хонандагони тоҷик маҷмӯаи очерку мақолаҳои ӯро бо номҳои «Рӯсурхӣ» дар бораи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Бозоргул Алиаҳмадова (1974), «Маликаи саҳро» дар бораи механизатор Малика Қурбонова (1975), «Чашмаи босафо» дар хусуси ансамбли тарона ва рақси колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Восеъ (1979) – ро мутолиа намуда, бо розу ниёзи ӯ ошно мегардад.
Дунё аз заҳмат, муҳаббат, ташвиш ва марг иборат аст. Кору номи неки онҳоро ба ёд овардан хуб аст.
Сабзалӣ Муродов, ки хатмкардаи факултети филологии Университети давлатии Тоҷикистон аст, ба хубӣ дарк мекард, ки илм қадри зиёд дошта, чизе нест, ки яку якбора худ ба худ ба пурагӣ дар вуҷуди инсон пайдо шавад ва кас интиҳои онро дарёбад.
Ба қуллаҳои баланди илм, ки нишебу масирҳои зиёд дорад расидан кори осон набуда, кашидани ранҷу машаққат ва бедорхобиҳои зиёд лозим меояд. Илм аз кас омӯзиши пайдарпай ва сабуриро талаб мекунад, Илм барои инсон беинтиҳост. Интиҳо надоштани он шояд ба он хотир бошад, ки умри одамӣ барои пурра аз бар кардани он камӣ кунад. Адабиётшинос Соҳиб Табаров шиори хубе доштанд. «Он чӣ медонӣ, ба дигарон бидеҳ, майнаатро холӣ бикун ва дар он боз дониши наверо ҷой намо, ки шогирдонат надошта бошад». Яъне ҳар лаҳза ба чизҳои омӯхта чизе зам намоем.
Сабзалии донишҷӯ ва ташнаи илм ба ин хотир дар маҳфилу конфронсҳои илмӣ фаъолона ширкат варзида, савияи дониш, малака ва маҳорати азбаркардаашро такмил дода, баланд мебардошт.
Пайи таҳқиқ ва ҷустуҷӯ заҳмат мекашид ва хуб эҳсос мекард, ки ин заҳматҳо рӯзе самари дилхоҳи худро хоҳанд дод.
Пас аз хатми донишгоҳ Сабзалӣ Муродов дар нашриёти «Ирфон» (1972 – 1992) кор карда, миёни ҳайати ҳамкорон ва устодон эҳтиром ва маҳбубияти хосса пайдо кард.
Ӯ дорои маданияти баланд, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аз қабили хоксориву ростгӯӣ буда, мекӯшид, ки чунин хислатҳоро дар ниҳоди ҳамкорон низ ҷой кунад. Тӯли 20 соли фаъолият дар нашриёт ба ҳайси муҳаррир худро ҳамчун шахси кордону уҳдабаро ва дорои қобилияти хуби илмӣ нишон дод.
Имсол ба қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 июли соли 1999 дар иҷлосияи X Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қабул шуда буд ва он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод, 31 сол пур мешавад. Мавсуф дар ин кор низ саҳм гузоштааст. Соли 1988 мулоҳизаи худро оид ба мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ба Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ М. С. Осимӣ ирсол намуд, ки он дастгирӣ ёфт. Ҳамчунин, дар конфронси аввалине, ки ба ин муносибат доир гардид, иштирок намудааст. Соли 1989 дастуре ба ин муносибат ба нашр расондааст.
Аз мактубу мақолаҳо шуҷоат, ватанпарварӣ ва миллатдӯстии ӯ бармеояд. Ҳамкоронаш изҳор медоштанд, ки академик М. С. Осимӣ ба лаёқати Сабзалӣ Муродов ва ҳамчун забоншинос, луғатдон ва донишманди олими нуқтасанҷ баҳои баланд додааст.
Ҳамкорон ва дӯстон ин шахси наҷибро эҳтиром мекарданд ва ӯро барои худ беҳтарин рафиқ мешиносанд.
Шамсиддини АБДУЛЛО, ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2020    №: 235    Мутолиа карданд: 690
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед