фарҳанг
«ГАҲВОРАИ СИНО»
БА ИФТИХОРИ 1040 - СОЛАГИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсолаи мост.
Эмомалӣ РАҲМОН
Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино барҳақ ифтихори халқи тоҷик мебошад. Асарҳояш, амсоли «Ал – Қонун», «Китоб – уш – шифо», «Донишнома», «Китоби инсоф», ки ба забони арабӣ ва тоҷикӣ иншо шудаанд, ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд. Мутафаккир ва донишманди Эрон Алиасғари Ҳалабӣ фармудааст: «Пизишкӣ набуд, Буқрот онро ба вуҷуд овард, мурда буд, Ҷолинус онро зинда кард, пароканда буд, Розӣ онро фароҳам овард, ноқис буд, Ибни Сино онро комил кард». Ҷалолиддини Румӣ ба ҳунару дониши Ибни Сино баҳои баланд дода, ӯро табиби нотакрор гуфтааст:
Дарду ранҷурии моро доруе ғайри ту нест,
Эй ту Ҷолинуси ҷону Бӯалӣ Синои мо.
Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров дар бораи бузургдошти Ибни Сино чунин мефармояд: «Ибни Сино бузургтарин олими тиб, беҳтарин файласуф, ҳайвонотшиноси дараҷаи аввал, беҳтарин донишманди соҳаи биология, шоир, устоди наср, илова бар ин, бузургтарин донишманди санъати мусиқӣ ҳисоб мешуд. Ҳеҷ як соҳаи он замон мавҷуд набуд, ки энсиклопедисти асрҳои X-XI - и тоҷик онро наомӯхта бошад».
Дар адабиёти муосири тоҷик устод Муъмин Қаноат нахустин адибе буд, ки ба мавзӯи таърихии зиндагинома ва осори бебаҳои Шайхурраис Ибни Сино рӯ овардааст. «Гаҳвораи Сино» аз лиҳози таркибу образофарӣ ва банду баст фарогири як давраи муайяни таърихии асри X буда, симои бузурги Ибни Сино ва рӯҳи бешикасти ин фарзонамарди тоҷик мисли оинаи пурҷилое ба атроф аксандозӣ мекунад. Достон аз давраи ғуруби аҳди Сомониён ва зери бори зулму истибдод мондани мардуми Бухоро, ваҳшонияти истилогарон ва дар ин айём ба дунё омадани аллома Ибни Сино бо аллаҳои модараш Ситорабону оғоз меёбад. Шоир саҳифа ба саҳифа рӯзгори ноорому пурфоҷиаи Шайхурраисро пайгирӣ намуда, ҳар мушкилотеро, ки ба сари ӯ меояд, бо шарҳ нозукбинона мекушояд. Симои Ибни Сино чун табиби фозили замон инъикос гардида, талошҳои вай танҳо баҳри наҷоти беморону муолиҷаи онҳо мебошад. Дар боби нахустин, ки «Мушкилоти як» ном дорад, манзараи Нӯҳи Сомониро аз марг наҷот додани Ибни Сино тасвир меёбад. Дар бархӯрди табиби тавонои ҷавон Ибни Сино бо шоҳ рамзи шуҷоату тавоноии табиб асос буда, ҳамон андешаи шоир:
барои ҷисми солим аввал рӯҳро табобат намудан лозим меояд, нақши муҳим дорад. Ва ин ҷо манзараи тоҷро аз сар гирифтани шоҳ ва қоил шудан ба ақлу заковати Ибни Сино хеле дилчасп омадааст:
Амир аз ноилоҷӣ мефаромад аз сари кинаш,
Барои ҷони ширинаш.
Гузашт аз тоҷи зарринаш,
Ба рамзи як ишорат кард хилватхонаро холӣ,
Намуд аз бодаи кибри шаҳӣ паймонаро холӣ.
Ва худро ёфт беморе,
Ва худро ёфт ночоре.
Ва худро ёфт озод аз шару шӯри ҷаҳондорӣ,
Ва Сино аз мизоҷаш кофт ҷои решаи дардаш.
Дар боби дуюм, яъне «Мушкилоти дуюм» низ шоир бо нақлу ривоятҳо ба муъҷизаҳои муолиҷаи Сино такя намуда, нишонаҳои ғайриодиву мӯшикофӣ ва усулҳои ташхису табобатро меҷӯяд. Дар «Гаҳвораи Сино» паҳнои олами андешаҳои табибе, ки теғи ҷонбахши вай дунёро тасхир кардааст, хеле доманадор мебошад. Ҳар як боби достон ба як ҳаводисе аз рӯзгори Ибни Сино бахшида шудааст. Ӯ чун тимсоли ҳақиқату адолат ҳамеша ҳамнафаси мардуми одӣ мебошад. Хатти сюжети достон ҷанбаи адабӣ - бадеӣ дошта, бархӯрди нуру зулмот ё ҷаҳолату адолат ба достон шукӯҳ ва шиддат бахшидааст. Устод Муъмин Қаноат Ибни Синоро дар лаҳзаҳои ҳассос ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ ва талоши ӯ барои зинда мондани шахси мариз моҳирона ба қалам дода, ҳамзамон, фиғону тангдастӣ ва кӯшишҳояшро дар пешорӯи ҷаҳолат хеле барҷаста тасвир менамояд:
Дареғо аз ин ранҷи рӯзу шабам,
Дареғо зи аҳволи тобу табам.
Дареғо зи ман, во дареғо зи фан,
Шавад гар матое бар ҳар ду кафан,
Зи қаъри замин то ба чархи барин
Басе роҳ бурдам ба ҷуз роҳи кин.
Дар достон монологи афтодани Абуалӣ ибни Сино дар биёбони тафсон бисёр дарднок ва таъсирбахш мебошад. Ӯ баъди тарк намудани Бухоро дар биёбон бо худ дар набард мебошад.
Мутолиаи достони «Гаҳвораи Сино» бори дигар хонандаро ба умқи ҳаводиси рӯзгор, ба қарни даҳ ва замони зиндагии пурошӯби аллома Ибни Сино мебарад. Дар ин раванд Муъмин Қаноат тавонистааст, лаҳзаҳои шадиди муборизаи некиву бадиро барои наҷоти инсоният нишон диҳад.
Дар поёни достон низ устоди зиндаёд лавҳаҳои ҷонгудози таърихиро аз рӯзгори Ибни Сино ба гардиш дароварда, ҳушдор медиҳад, ки тоҷикон чун ворисони сазовори Шайхурраис имрӯз ҳам барои эмин мондан аз бемориҳо талош меварзанд, то сайёра, замини сабзи мо, поку беолоиш боқӣ бимонад:
Ҷаҳонро ҷовидон гуфтию ҷовид аст,
Хирадро нур гуфтӣ, олам испед аст.
Замин ҳамчун сари шӯридаи инсони пурдон аст,
Фани ту, мадфани ту ҳамраҳи ӯ гирдгардон аст.
Ба зери теғаи Алванд, рӯи рукнаҳои фан,
Гирифта гунбази сабзе чу ақли одамӣ маъман:
Ишорат бар сарони сабзи Инсон асту ирфон аст,
Чу рамзи сарбаландиҳою азми сарбадорон аст...
Маҷид САЛИМ,
барандаи Ҷоизаи адабии
ба номи С. Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.12.2020 №: 235 Мутолиа карданд: 775