иқтисод
"РАВЗАНАИ ЯГОНА".
СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД
Дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони кумита, ходимони илмии институтҳои соҳавӣ, Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон, намояндагони КВД “Маркази Равзанаи ягона”- и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватанӣ, ки ба воридоту содирот сарукор доранд, маҷлиси машваратии «Барномаи ҳамкориҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бо соҳибкорони ватанӣ» баргузор гардид.
Ҳабибулло Қаландарзода, муовини раиси кумита, ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки дастуру супоришҳо ва таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани корбарии электронӣ, мусоидат ба фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон, тақвият бахшидан ба истеҳсоли маҳсулоти содиротивазкунанда, рушди ҳамаҷонибаи молистеҳсолкунандагони ватанӣ, бартараф намудани монеаҳои техникӣ ва содагардонии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо саривақтӣ буда, ба рушди ҳамаи ин самтҳо мувофиқат менамоянд.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бо мақсади мавриди амал қарор додани низоми миллии “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо корҳои заруриро амалӣ намуда, бо мақсади дастгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имрӯз ба воридоту содирот ва транзити борҳои таҳти назоратӣ машғул мебошанд, дар раванди тиҷорати онҳо мусоидат намуда истодааст. Тамоми иқдомҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон пеш гирифта мешаванд аз тарафи кумита дастгирӣ меёбанд.
Исмоил Андамов, сардори раёсати назорати байторӣ ва зотпарварии кумита, вобаста ба мавзӯи “Амалиёти воридотӣ ва содиротии борҳои таҳти назорати байторӣ қарордошта” баромад намуд.
- Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар доираи ваколатҳои худ сиёсати ягонаи давлатиро дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ амалӣ менамояд. Бевосита дар татбиқи ин раванд соҳаи байторӣ нақши муҳим дорад. Кумита бо мақсади амалисозии ҳадафи Ҳукумати мамлакат оид ба дастгирии истеҳсолгарони маҳсулоти воридотивазкунанда тасмим гирифтааст, ки ба соҳибкорони ватанӣ афзалият диҳад. Яъне, бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони маводи дорувории ватанӣ барои ба қайди давлатӣ гирифтан, ки пардохтҳои ҳатмӣ доранд, нисбат ба бақайдгирии дорувориҳои воридотӣ бартарият дода шудааст, - изҳор дошт И. Андамов.
Ҳамзамон, аз ҷониби ширкаткунандагони маҷлиси машваратӣ доир ба самтҳои дигари соҳа маърӯзаҳо шунида шуданд. Таъкид гашт, ки барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи байни агентиҳо, мақомоту ташкилотҳои давлативу ғайридавлатии ширкаткунанда, махсусан соҳибкорони ватанӣ, ба роҳ мондани муносибатҳо тариқи низоми “Равзанаи ягона” мувофиқи мақсад мебошад. Низоми “Равзанаи ягона”, инчунин, бо мақсади таъмини муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони ҷаҳонии савдо” амалӣ карда мешавад.
Дар ҷараёни маҷлиси машваратӣ дастовардҳои “Равзанаи ягона” дар самти байторию фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ тариқи манитор ба намоиш гузошта шуданд. Иштирокдорон доир ба дастовардҳо ва камбудиҳо дар системаи “Равзанаи ягона” низ андешаронӣ намуда, доир ба татбиқи раванди ҳуҷҷатгузорӣ ва барасмиятдарорӣ ҷиҳати такмили системаи таъсисёфта, бо назардошти талабот ва хусусиятҳои соҳаи байторӣ ва карантини рустанӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.12.2020 №: 235 Мутолиа карданд: 724