фарҳанг
ПАЛАНГИ ҚУЛЛАҲОИ БАРФПӮШ. ЯЪНЕ КӢ?
Нашри китоби бо номи «Паланги қуллаҳои барфпӯш» ҳатман хонандаро сари ин андеша ва хулоса мебарад, ки он дар бораи палангест, ки дар қуллаҳои барфпӯш зиндагӣ дорад. Ва, албатта, зиндагӣ кардан дар чунин ҷое ҳаргиз осон нест. Аммо мутолиаи асар ин ҳақиқатро рӯшан месозад, ки муаллифи он шоири баркамолу маъруфу маҳбуб Ворис барои китобаш номи рамзиву шоиронаро бесабаб интихоб накардааст. Ва ҳам дӯст медорад, ки хонандагони асараш ба дунё, бо зиндагии қаҳрамонҳояш чун худи ӯ шоирона бингаранд. Бо вуҷуди ин, тавре Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мефармояд, беҳтар он аст, ҳадиси дилбаронро аз дигарон бишнаванд. «Он рӯз дуюми январ буд. Дӯстон зодрӯзи Маҳмуродро он ҷо (болои қуллаҳои барфпӯш – А. Р.) ҷашн гирифтанд. Ҳар кадоме дар ҳаққи ӯ сухане мегуфт. Белкин ҳам ба чеҳраи дар хунукӣ симобирангшудаи Маҳмурод нигоҳ карда гуфт: - Дӯстам, ҳар гоҳ часпу талоши туро дар миёни кӯҳистони пур аз барф мебинам, хаёл мекунам, ки ту паланги зебои қуллаҳои барфпӯш ҳастӣ.
- Бале, дӯстам, рост мегӯӣ! Маҳмурод, воқеан ҳам, паланги қуллаҳои барфпӯш аст».
Паланги қуллаҳои барфпӯш ё худ Маҳмурод кист? Чӣ диловарие кардааст? Чӣ маҳбубиятеро соҳиб мебошад?
Китоб аз рӯзгору кори мондагори Маҳмурод Ашӯров табиби машҳур ва кӯҳнаварди маъруф, ҳикоят мекунад. Ӯ нахустин тоҷике мебошад, ки қуллаи бисёр баланди Исмоили Сомониро (пештар «Коммунизм») фатҳ намудааст. Ба ҳангоми мутолиаи ин навишта ба зиндагии қаҳрамон, асрору нозукиҳои кӯҳнавардӣ, роҳ бурдан мумкин мебошад. Бешак, мароқангез низ мебошад, ки чаро як табиб ба ин иқдом, яъне фатҳи қуллаи баландтарини кӯҳ, рӯ меорад. Соли 1974 кафедраи анатомияи Академияи фанҳои Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. - А. Р.) экспедитсияи навбатии худро ба пойгоҳи қуллаи «Коммунизм» оғоз кард. Ба ин сафар Маҳмурод ва Владимир Сергеевич Машковро истихдом намуданд. Дар ин сафари пажӯҳишӣ бояд тобоварии мӯшу харгӯшро дар баландии аз 2000 то 6000 метр месанҷиданд. Чӣ дигаргуние дар вуҷуди ин ҷонварон ба вуҷуд меояд, тағйироти обу ҳаворо бадани онҳо чӣ гуна таҳаммул мекунад ва зиндагиро дар баландиҳои сарду камҳаво чӣ тавр мегузаронанд, - мақсади пажӯҳишгарон буд». Яъне, ин иқдом як иқдоми одӣ набуд, балки ба хотири пешрафти илм буд. Инчунин, пажӯҳиш як дари асрори нокушодаи илмро боз менамуд.
Дар бораи Маҳмурод Ашӯров ва кӯҳнавардии ӯ солҳои гуногун дар матбуоти даврӣ рӯзноманигорон, мутахассисони соҳа матлабҳо ба табъ расондаанд ва аз ин ифтихор ҳам намудаанд. Навиштаи Ворис аз навиштаи дигарон ба куллӣ фарқ мекунад. Аввалан, он дар шакли китоби алоҳидаву калонҳаҷм аст. Баъдан, як навиштаи одӣ дар бораи ин қаҳрамон нест, балки таҳқиқоти пурарзиш мебошад.
Талошҳои қаҳрамони асар барои расидан ба мақсадҳои бузург бисёр хуб тасвир гардидааст.
Ҳамин тавр, ба табъ расидани китоби мазкур аз тариқи нашриёти «Шарқи озод», ки чанд рӯз пеш сурат гирифт, туҳфаи арзишмандест ба хонандагон ва мутахассисону муҳаққиқони соҳа.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.12.2020 №: 236 Мутолиа карданд: 685