сафарҳо
Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Сингапур
Нимаи дуюми рӯзи 31–уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Сингапур иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар суханронӣ аз ҷумла, таъкид гардид, ки “Тоҷикистон тақрибан тамоми ашёи табиӣ ва стратегии аълосифат - об, замини ҳосилхез, тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, алюминий, маводи сохтмон, пахта, пашм, пӯст, меваҷоту сабзавот, нерӯи арзони барқ, инфраструктураи зарурӣ, нерӯи кории соҳибихтисос, заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ ва имкониятҳои дигари муҳимро барои фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла хориҷӣ, дорад”. Бо ёдоварӣ аз имкону захираҳои фаровон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои марбут ва соҳибкорону тоҷирони ду кишварро ба ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судбахш даъват намуд.
Аз ҷониби соҳибкорони бонуфузи Сингапур ба захираҳои табиии Тоҷикистон ва имконоти фарохи ҳамкорӣ бо он таваҷҷӯҳу ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои форум ҳамчунин Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Нобел - груп оид ба маблағгузории сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургияи ранга, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва ангишт ба имзо расид.
Баъди анҷоми форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари иҷроияи ширкати Нобел - груп Ричард Элманро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот оид ба татбиқи амалии санади мазкури ҳамкорӣ ва нақшаҳои оянда гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Чунонки маълум шуд, ин ширкат 5 сол аст, ки бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамар дорад ва санади нави имзошуда ҳамкориро барои 10 соли оянда дар назар дорад. Ёдовар бояд шуд, ки Нобел - груп яке аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, гардиши солонаи молиаш зиёда аз 40 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Худи ҳамон рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз як корхонаи бузурги обтозакунии Сингапур дидан карда, бо техникаю технологияи муосир ва тарзи кори он аз наздик шинос шуд.
Чунонки маълум гашт, ин корхона оби шӯри баҳрро пок намуда, аз он оби нушокӣ омода месозад. Корхона ҳамчунин ба захира, поксозӣ ва ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудани оби борон машғул аст.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сингапур идома дорад.
Хотиррасон бояд кард, ки баъди анҷоми ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Бруней - Доруссалом хоҳад рафт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Сингапур иттилоъ дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2167