logo

фарҳанг

 ШИРИНШОҲ  ШОҲТЕМУР. СЕ ЛАҲЗАИ ДИДОР

БА ОЗМУНИ «ҶУМҲУРИЯТ»
 
Ӯро дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ дидам. Лаби кӯл  болои харак нишаста, манзараҳои дилфиреби атрофро тамошо мекард. Сайругашт дар ин мавзеъро нағз медид, балки одат карда буд. Бори  аввал дар солҳои ноороми  ибтидои асри XX ба ин ҷо меомад. Ба гуфтаи  ӯ, хонаашон дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон буд, вале барои  маслиҳат дар ин ё он масъала ба ҳамин ҷо, пеши раиси вақти вилоят – Сайфулло Абдуллоев меомад.
- Шумо Сайфулло Абдуллоевро нағз мешинохтед? - пурсидам ман.  
– Бале, - гуфт амаки Шакармамад Назаров,- на танҳо нағз мешинохтам, балки дар он солҳои душвор мо, тарафдорони  Ҳукумати  шӯроҳо пеши ӯ меомадем, аз ӯ маслиҳат ва ёрӣ мегирифтем. Бо Шириншоҳ  Шоҳтемур ҳам борҳо суҳбат кардаам, бо ин марди шариф борҳо нишаставу аз насиҳатҳои падаронаи ӯ баҳраҳо бурдаам. Ва ӯ он солҳоро ба хотир овард...
- Соли 1922. Кумитаи марказии ҳизби коммунистӣ – болшевикии Туркистон дар қатори комиссияи сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ рафиқ Шириншоҳ Шоҳтемурро ҳам ба Помир  фиристонд. Вай дар ин ҷо аввал чун раиси Кумитаи инқилобӣ ва баъд аз рафтани рафиқ М. Дяков чун раиси сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ба кор оғоз кард. Ман он вақт 10 – сола будам. Рӯзе шунидем, ки Шириншоҳ Шоҳтемур аз қишлоқи Бувед духтари амаки Алимададшо-Ҳуснибегимро ба занӣ мегирад. Ман ҳамроҳи модаркалонам ба тӯйи онҳо рафтам. Ҳамон вақт бори якум Шириншоҳро дида будам. Вай ҷавони бисёр зебо буд.
Соли 1923 Шириншоҳро ба Тошканд даъват карданд. Баъд шунидем, ки ӯро дар Душанбе ба кор мондаанд. Соли 1930 ман барои хондан ба шаҳри Душанбе рафта будам. Аз сабаби он, ки ба саршавии дарс боз 15 рӯзи дигар монда буд, мо чанд нафар дӯстон қарор додем, ки рӯзи истироҳат ба хонаи ҳамдиёрамон Сайфулло Абдуллоев равем. Ҳамин тавр, ман, Карамалишоҳ Шомуродов ва Раҳматназар Имомназаров ба хонаи онҳо равон шудем. Он вақтҳо хонаи роҳбарони ҳизбӣ ва ҳукуматӣ дар рӯбарӯйи хонаи маданияти ба номи В. И. Ленин буд. Вақте мо ба ҳавлии иморат расидем, рафиқонам иҷозатномаҳояшонро ба милитсионери навбатдор нишон доданд. Милитсионер ба онҳо иҷозат дод, вале маро даромадан намонд. Раҳматназару Карамалишоҳ дарун даромада, баъд аз муддате апаи Майно-ҳамсари Сайфулло Абдуллоев берун баромад. Апаи Майно ба ман ҳам аз милитсионер барои даромадан иҷозат гирифт.
Мо вориди ҳавлӣ шудем. Вақте назди хонаашон расидем, худамро хеле гум кардам, ки ин аз апаи Майно пинҳон намонд. Ӯ маро далер карданӣ шуда, гуфт: «Шарм накунед, ин ҷо ҳама одамони худӣ - Сайфулло, Шириншоҳ, Иброҳим ва Валдош. Инҳо рӯзҳои истироҳат гоҳ-гоҳ ҷамъ шуда, шоҳмотбозӣ мекунанд». То ба ҳавлӣ даромада, ба хона расидани ман  суҳбати Шириншоҳ, аллакай, бо Карамалишоҳ ва Раҳматназар хеле гарм  шуда буд. Вақте ки ман расида омадам, Шириншоҳ баъди ҳолпурсӣ  аз   Карамалишо  пурсид:
- Ин рафиқ аз куҷои Помир аст?
- Аз Поршинев, аз қишлоқи худатон,- ҷавоб дод ӯ. Шириншоҳ ба наздам омада, дуру дароз суҳбат кард. Аз ҳоли ҳамаи сокинони деҳаи  Тишор як-як пурсид. Аз вазъияти таъминот бо оби полизии деҳа пурсида, гуфт, ки агар оби ҷӯйро бонизом истифода баранд, алҳол он  басанда аст. Вале дар оянда, бо ба кор андохтани заминҳои нав оби ҷӯй камӣ мекунад. Суҳбатамон то бегоҳ давом кард. Оши палави пухтаи апаи  Майноро ҳам, хӯрдем. Вақти хайру хуш гуфт, ки дигар ҳар рӯз ба хонаи мо омадан гиред, аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар мешавем, аз деҳа ҳам ягон хабар ояд, ба ҳамдигар нақл мекунем... Баъд аз ин дигар то саршавии дарс ҳар рӯз ба хонаи онҳо мерафтем. Ин шиносоии нахустини ман аз наздик бо он бузургон моҳи августи соли 1930 ба вуқӯъ пайваста буд.
Баъд аз тамоми кардани мактаб маро бо ҳамсабақонам Чароғ Қодир ва Сафар Мастибеков ба ихтиёри шуъбаи маорифи райони Ғарм ва  Сӯфишоев Лоҳутшоро ба райони Тавилдара фиристоданд. Ман дар Ғарм аввал муаллим, сипас директори мактаб, сонӣ инспектори шуъбаи маориф таъйин гаштам. Баъдтар маро ба курси 6-моҳаи методистии назди собиқ Институти педагогии Душанбе фиристонданд. Аз он ҷо маро ба сифати мудири шуъбаи маориф ба райони Ҳоит роҳхат доданд. Он вақт  раиси райони Ҳоит Мунаввар Шоҳгадоев буд. Рӯзе Шириншоҳ Шоҳтемур ба райони Ҳоит омад, маро назди раис даъват карданд. Шириншоҳ аз боби кор дар самти маҳви бесаводӣ бо мо суҳбати доманадор анҷом дод. 
Боре барои дастрас кардани ашёи хониш ба Душанбе рафтам. Ин дафъа Шириншоҳро зуд ёфтам. Ӯ дар назди  бинои   Ҳукумат бо як афсари рустабор суҳбат мекард. Маро дидан замон ба тарафи афсар, бегоҳ суҳбатамонро  идома медиҳем,- гуфта, бо хушҳолӣ  наздам омад. 
- Шакармамад, хуш омадӣ, кадом шамол туро ба тарафи пойтахт овард, тинҷимӣ, - гуфта пайи ҳам  савол дод. Ман ҳам  бо ҳамон оҳанги шӯхиомез ҷавоб додам:
- Шамоли  ниёзмандӣ, нодорӣ.
- Нодориву ниёзмандӣ нагӯ,- гуфт Шоҳтемур ва афзуд,- мақсади мо аз байн бурдани ин калимаҳо аз лексикони мо мебошад. Хайр гап зан чи мушкилӣ пеш омадааст, ки қариб 300 километр роҳро аспсавор тай карда, ба пойтахт омадӣ.
Ман доир ба нарасидани ашёи хониш, бино барои мактабҳо, аз таҳсил берун мондани духтарбачаҳо дар деҳоти дурдаст, ҷой доштани ҳодисаҳои бо ҳар роҳ аз мактаб берун кашидани фарзандон, нуфузу таъсири дин дар  ҷомеа нигарониҳои худро гуфтам. Шириншоҳ маро бо диққат гӯш кард. Медидам, ки дар ҷабинаш чинҳо пайдо шуданд. Тарсидам, ки ҳозир мумкин барои ахборам танбеҳ мебинам. Вале, ӯ оромона ба ҳар  саволу пешниҳодам  ҷавобҳои оқилона дода, роҳҳои ҳалли мушкилотро нишон дод. Гуфт, ки мо медонем, дар як қатор   минтақаҳои дурдасти кишварамон вазъият ҳамин хел аст. Вале  рӯҳафтода набояд шуд. Мо бояд байни мардум пайваста кор барем, мардум бояд фаҳмад, ки тамоми кӯшишҳои мо барои беҳбудии  зиндагонии  оммаи  васеи  халқ аст. Бесаводии мардумро маҳв карда, мо чашми онҳоро ба дунёи васеъ мекушоем.  Бесавод мисли кӯр аст. Одами  босавод роҳи худро дар зиндагӣ беҳтар меёбад... Мо қадамзанон ба  утоқи кории Шириншоҳ расидем. Ӯ гӯшаки  телефонро  бардошта, ба касе  супориш дод: "Комиссари маорифро ёбед, гӯед, ки мудири шуъбаи  маорифи райони Ҳоит омадааст. Пагоҳ саҳарӣ бе навбат қабул кунад. Умуман, шаҳрвандоне, ки аз ҷойҳои дурдаст меоянд, бенавбат қабул кунад, онҳо ҳар рӯз ба пойтахт омада наметавонанд. Масъалаҳои рафиқ   Ш. Назаровро ба қадри  имкон  ҳал  кунад. Ин минтақаи дурдаст ва хеле ҳам ҳассос аст, бояд ёрӣ кунем".
Мо шабро дар хонаи Шириншоҳ рӯз кардем. То бевақтиҳои шаб  Шириншоҳ дар ҳар боби ҳаёти деҳоти  райони Ҳоит ва, умуман, водии Рашт аз ман  мепурсид ва хулосабарорӣ мекард.
Он вақт ман намедонистам, ки ин охирин вохӯриам бо Шириншоҳ мешавад. Вале ман аз як вохӯрӣ то вохӯрии дигар пазмони дидораш мешудам. Ӯ ҳамин қадар одами меҳрубону дилсӯз, кордону доное буд, ки кас шефтаи дидору суҳбаташ мегашт…
Баъдҳо туҳматҳои бардурӯғро дар ҳаққи ӯ шунида, дилам хун шуд. Ман комилан боварӣ доштам, ки ҳама туҳматҳои бофтаи душманони миллатанд ва рӯзе мерасад Шириншоҳ Шоҳтемур чун фарзанди сарсупурдаи миллат шинохта мешавад…
Амаки Шакармамад номаълум карда, қатраи ашки сари мижгонашро пок карду суҳбаташро идома дод:
- Ҳақ ба ҳақдор мерасад рӯзе, мегуфтанд пешгузаштагони мо, ана бин, имрӯз хизматҳои Шириншоҳ Шоҳтемурро қадр мекунанд, номи  некашро баргардонданд. Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 100-солагии ин фарзанди вафодорашро ҷашн мегирад, ман аз номи ҳамаи ҳамватанонамон аз Ҳукумати ҷумҳурӣ, хоссатан аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вай ҳам як фарзанди фарзонаи миллат  аст, хоҳиш мекунам, ки ба ин марди матин номи «Қаҳрамони миллӣ» дода, дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ муҷассамааш гузошта шавад.
Ин суҳбати мо бо Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон Шакармамад Назаров соли 1999, дар арафаи таҷлили 100-солагии  зодрӯзи ин фарзанди фарзонаи миллат рӯи кор омада буд. 27 июни соли  2006  бошад, бо  Фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Шириншоҳ Шоҳтемур унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Дуои амаки Шакармамад ва ҳазорҳо нафар ҳамватанонамон  ҷомаи амал пӯшид.
Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2020    №: 236    Мутолиа карданд: 1096
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед