logo

иқтисод

 РАШТ: ТАҶЛИЛИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ТАНТАНАИ ХОТИРМОН ХОҲАД ДОШТ


Дар ноҳияи Рашт  корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.
Раиси ноҳия Раҳимҷон Муқимӣ зимни суҳбат иттилоъ дод, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти таъйиноти гуногун, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба гуфтаи раис нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида аз 334 банд иборат буда, 315  банд ба бунёди иншоот марбут аст. Дар солҳои 2018 ва 2019-ум 160, имсол 66 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Дар 83 иншоот корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ бо мақсади таҷлили шоистаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
Иншоот, асосан, аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону аҳолӣ бунёд шудаанд. Масалан, бунгоҳи тиббӣ ва китобхона дар деҳаи Навдонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони саховатманд қад кашиданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бунгоҳи тиббӣ ва китобхона дар ҳудуди деҳоти Қалъаи Сурх ду мушкили асосии мардум роҳи ҳалли худро пайдо намуд, ки яке ба солимии аҳолӣ ва дигаре барои баланд бардоштани  сатҳи маънавиёти ҷомеа мусоидат хоҳад кард. 
Дар деҳаи Кадара бо иқдоми соҳибкорон маркази савдо бунёд ёфт. Акнун сокинон ба маркази ноҳия нарафта, молҳои ниёзи аввалия ва дигар маҳсулотро аз ин маркази тиҷоратӣ дастрас менамоянд.
Майдончаи варзиш дар раванди корҳои созандагӣ вобаста ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми соҳибкорону сокинони деҳаи Лангараки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх сохта шуд.
Дар ин деҳаи дурдаст солҳо боз ҷавонон ба чунин майдончаи варзиш эҳтиёҷ доштанд. Ҳоло ҷавонон дар ин майдонча ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мебошанд.
Дар маркази шаҳраки Навобод бахшида ба солҳои рушди деҳот соҳибкорони саховатманд бунёди истгоҳи замонавӣ, дукони гӯшт ва маркази тиҷоратиро анҷом доданд.
Соҳибкори маҳаллӣ Мирзохӯҷа Ғиёсов дар соҳили дарёи Сорбоғ коргоҳи сангу шағалро фаъол намуд. Он сохтмонҳои ноҳияро бо масолеҳи маҳаллӣ таъмин месозад.
Дар деҳаи Шули деҳоти ба номи Нусратулло Махсум бо иқдоми соҳибкорон асфалтпӯш намудани роҳҳои мошингарди байни деҳа ба масофаи қариб 2 километр анҷом ёфт.
Дар шаҳраки Ғарму деҳаҳои Ҷафр ва Мулло Барот, се истгоҳи нақлиётӣ ба истифода дода шуд. Кӯчаи деҳаи Ҳоит чароғон гашт, канали Туркон таъмир гардид ва сохтмони осиёби обӣ дар деҳаи Ҳиҷборак аз ташаббусҳои ватандӯстонаи соҳибкорон мебошад, ки барои рушди деҳот бунёд шудааст.
  
Дилшод АМИРОВ, “ Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2020    №: 236    Мутолиа карданд: 670
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед