фарҳанг
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ».
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад. Он иборат аз панҷ номинатсия мебошад:
- адабиёти классикӣ;
- адабиёти муосир;
- адабиёти бачагона;
- адабиёти ҷаҳон;
- шоирӣ.
Даври ҷамъбастии ин озмун 8 декабр оғоз гардида, то 15 декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» идома хоҳад кард. Омодагӣ ба ин чорабинӣ дар сатҳи олӣ қарор дорад. Дар фаъолияти озмун ҳайати кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ вобаста гардидаанд. Барои ҳар номинатсия роҳбаладон аз ҳисоби кормандони китобхона ҷудо гардида, ҳар толор ба таври махсус вобаста ба номинатсияи озмун ороиш дода шудааст. Инчунин, теъдоди адабиёти вобас-та ба номинатсияҳо дар толорҳои баргузорнамоии озмун ҳамеша дастрасти иштирокчиён мешавад. Ҳайати ҳакамон ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:
- барои таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои истиқлолияту озодӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот;
- барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи луғатҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар.
Баробари ин, довталаби шоирӣ бояд дар мавзӯъҳои пешниҳодшуда бадоҳатан шеър гуфта тавонад. Байти аввал аз ҷониби ҳакамон пешниҳод мегардад ва идомаи онро дар ҳамон вазну қофия довталаб хаттӣ ё шифоҳӣ ҷавоб медиҳад. Дар озмун шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набуда, шеърро хуб дарк менамоянд, завқи шоирӣ доранд, нозукиҳои шеърро медонанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ намунаи ашъорашон чоп шудаанд. Довталаб барои иштирок дар озмун намунаҳои шеъри худро дар шакли чопӣ ва ё дастнавис пешниҳод менамояд.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти эпидемиологӣ аз тарафи Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми чораҳои беҳдоштӣ ҳангоми баргузории озмун андешида шудаанд. Намоиши ҷараёни озмун ба тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат пурра ба роҳ монда шудааст.
Ҷамил ВАЛИЕВ,
корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.12.2020 №: 236 Мутолиа карданд: 796