logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “КОХИ ВАҲДАТ”-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

 
11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат”- ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имкониятҳое, ки пас аз навсозӣ дар он фароҳам оварда шудаанд, шинос гаштанд.
Муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат” аз чор ошёна иборат буда, таъмиру таҷдиди он соли 2017 оғоз гардида буд. Дар ин муддат ба пуррагӣ симои нав гирифт, дар он шароити мусоиди гузарондани чорабиниҳои сиёсии  сатҳи баланд, аз ҷумла мулоқоту вохӯрии сарварони давлатҳо, ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷаласаҳои корӣ, суҳбату вохӯриҳои аҳли зиёи кишвар бо сарварони давлатҳои хориҷӣ, бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст.
Тавре зимни боздид маълум гардид, муассиса бо санъати баланди меъморӣ ва сифати аъло ба пуррагӣ навсозӣ гардидааст. Аз ҷумла, даромадгоҳи бино бо истифода аз сангҳои маҳаллии ороишӣ, ки шакли зебову сифати баланд доранд, зебу зинат ёфтааст. Ду адад зинапояи толори асосӣ бо услуби нотакрор навсозӣ шуда, ҳунармандони маҳаллӣ бо истифода аз санъати кандакориву чӯбтарошӣ онро оро додаанд. Сақф ва деворҳои долони муассиса бо услуби хоси ойинабандӣ ва гаҷкорӣ зинат ёфтааст ва  истифодаи қандилу дастгоҳҳои равшанидиҳӣ ба зебоии  “Кохи Ваҳдат” ҳусни дигар зам намудаанд.
Толори асосии “Кохи Ваҳдат” дорои 1000 ҷойи нишаст буда, бо курсиҳои бароҳату замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Мушкилоти асосии толор таъмини гармӣ дар сардиҳо ва ҳавои салқин дар тобистон буд, ки ин масъала дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ ҳал гардида, шабакаи таъмини гармидиҳии муассиса комилан наву замонавӣ карда шуд. Ҳамчунин, сақфи толор бо санъати баланди меъморӣ оро ёфта, ҳунармандони маҳаллӣ бо маҳорати хос онро зебу зинат додаанд. Бо истифода аз санъати гаҷкориву ойинабандӣ деворҳои толори калон навсозӣ шудааст, ки ҳусну зебоии нотакрор доранд. Ҳамчунин, услуби меъмории миллӣ бо ҷалби ҳунармандони маҳаллӣ дар рангу ороиши толор ба таври васеъ истифода гардидааст.
Дастгоҳҳои равшанидиҳии толор пурра навсозӣ шудааст, ки ин иқдом барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард. Таҷҳизоти тақвияти овоз низ аз ширкатҳои маъруф дастрас гардидаву барои истифодабарӣ васл шудаанд. 
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ғайр аз толори асосӣ, ҳамчунин, муассиса дорои 9 толори дигар мебошад, ки ҳар кадоми он аз 50 то 200 ҷойи нишаст дорад. Дар доираи корҳои навсозӣ ба пуррагӣ ҳамаи толорҳо таъмиру таҷдид гардида, бо имкониятҳои мусоиди корӣ, ки барои гузарондани вохӯриву ҳамоишҳои гуногун зарур аст, таъминанд. Дар толорҳои хурд низ мизу курсиҳои замонавию бароҳат дарёфт гардида, имкониятҳои мусоиди корӣ фароҳаманд.
Ҳуҷраҳои алоҳидаи кории кормандон пас аз таъмири пурра мавриди истифодаанд. Ҳамаи онҳо ба шабакаи махсуси гармидиҳӣ пайваст буда, ҷиҳози зарурии корӣ дар дохили ҳуҷраҳо насб гардидааст.
Барои қабули меҳмонони олиқадр ҳуҷраҳои алоҳидаи машваратии ҷавобгӯ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошанд.
Дар таҳхонаи иншоот анборхона, ҳуҷраҳои техникӣ, ҳуҷраи ивазкунии сарулибос ва ошхона ҷой гирифтаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки боми бино таъмир ва  навсозии шабакаи муҳандисии дохилӣ анҷом ёфта, иншоот дар доираи талаботи ҷаҳонӣ навсозӣ гардидааст. Намои берунаи “Кохи Ваҳдат” низ ба пуррагӣ таъмиру  таҷдид гардида, мутобиқ ба меъёрҳои муосири шаҳрдорӣ рангу оро дода шуд. Хусусан, шомгоҳон назди иншоот рангу ҷилои нотакрор дошта, он бо чароғакҳои ранга ва дастгоҳҳои зебои равшанидиҳӣ таъмин аст. Анҷоми корҳои мазкур зебоии дигарро ба ҳусни шаҳри Душанбе зам намуд ва имконият барои баргузории ҳар гуна чорабиниҳо боз ҳам беҳтар гардид.
Бори дигар ёдрас мешавем, ки маҷмааи “Кохи Ваҳдат” барои гузарондани чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла мулоқоту вохӯрии сарварони давлатҳо, ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷаласаҳои корӣ, бизнес-форумҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ гаштааст.
Таъмиру навсозии иншооти мазкур идомаи мантиқии тадбирҳо дар роҳи зебову замонавӣ намудани пойтахти мамлакат буда, дар маҷмӯъ, давоми чанд соли охир вусъати бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷараён доранд, симои шаҳрро куллан дигар намудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки имконоти мавҷударо хубу самаранок истифода баранд. 
Пас аз шиносоӣ бо имкониятҳои “Кохи Ваҳдат”, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо роҳбарияти шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, масъулони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораву корхонаҳои пойтахт мулоқот анҷом доданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки дар ин доира бояд корҳои ободонӣ, сабзкорӣ, шинондани гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабзу сояафкан вусъат дода шаванд. Ҳамчунин, Роҳбари давлат масъулонро вазифадор карданд, ки фаъолияти марказҳои савдо, қаҳвахона, тарабхонаву ошхона ва дигар мавзеъҳои серодамро бо назардошти риояи тадбирҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ намоянд.
Дар идомаи суҳбат таъкид гардид, ки бо дарназардошти афзоиши талабот ба қувваи барқ дар саросари мамлакат, бояд фарҳанги истифодабарии неруи барқ риоя гардида, аз масрафи зиёдатии неру, истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф ҷилавгирӣ шавад.
Дар доираи мулоқоти имрӯза, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2020    №: 237    Мутолиа карданд: 732
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед