logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ


ДАСТИ ДУОИ ДОДАР
Дар асри XV дар деҳаи хурдакаки начандон дуртар аз Нюрнберг оилае ба сар мебурд, ки 18 фарзанд дошт. Барои хӯрондану пӯшондани чунин як оилаи бузург сардори хонавода Дюрерро мебоист 18 соат дар як шабонарӯз заҳмат кашад. Сарфи назар аз зиндагии вазнин  фарзандонаш Албрехт ва Алберт бо орзуҳои зиёд бузург мешуданд. Боре, бародарон ба қароре омаданд, ки тангаеро ба ҳаво мепартоянд ва ҳар касе, ки бохт ба шахта ба кор рафта даромадашро сарфи касбомӯзии бародараш менамояд. Ҳамин тавр, Албрехт Дюрер баранда мегардад ва ба академияи Нюрнберг раҳсипор мешавад. Алберт бошад, муддати 4 сол музди меҳнаташро баҳри касбомӯзии бародараш сарф менамояд. Ҳунари рассомии Албрехт дар академия зуд ба ҳангома табдил ёфт. Пас аз хатми академия ҳангоми бозгашти Албрехт ба деҳа падараш зиёфате меорояду мардумро аз соҳибкасб шудани писараш огоҳ месозад. Қабл аз хӯрдани хӯрок Албрехт бо қадаҳи дар дасташ буда, аз ҷой хеста, гуфт: «Акнун бародари накукорам вақти ту расид. Метавони аз пушти орзуҳоят ба академия равию ман ба ҷои ту ба кор». Алберт бо чашмони пур аз ашк аз ҷой бархоста гуфт: «Не бародар. Акнун дер шудааст.  Бубин 4 соли кор дар шахта ба дастонам чӣ кардааст! Устухонҳои ҳар ангуштам шикастаанд. Чанде қабл дар дасти ростам артрит  пайдо шуд, ки ҳатто қаламро ба даст гирифта наметавонам, вале хушбахтам, ки дар байни 18 нафари аз оилаамон  як кас соҳибкасб гардидааст».
Ҳамин тавр, Албрехт дастони осебдидаи бародарашро рӯи коғаз тасвир намуду онро «Дасти дуогӯ» ном гузошт. Дере нагузашта ин мусаввара шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Имрӯз зиёда аз садҳо сол сипарӣ шуда бошад ҳам, мусаввараҳои нодири Албрехт Дюрер дар осорхонаҳои бузурги ҷаҳон ҳифз шудаанд.
 Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Яке аз рӯзҳои осмонаш беғубори ҳамин фасли тирамоҳ буд. Фазилатхолаи қадхамида якто-якто  асозанон аз ҳавлии дарун ба берун баромада меомад. Ӯ дар дасти чапаш чизи ба докаи тари сафед печондашудае дошт. Ба сараш аз болои қарси сафед яктаки сурхи парчагулдорро бо як тарафи остини он партофта буд. Овози аз болохонаи ҳавлии берун баромадаи касе ӯро аз роҳ боздошт.
* * *
Хилватгузидаро ба тамошо чӣ ҳоҷат аст,
Чун кӯи дӯст ҳаст, ба саҳро чӣ ҳоҷат аст?
Ҷоно, ба ҳоҷате, ки туро ҳаст, бо Худо,
К-охир даме бипурс, ки моро чӣ ҳоҷат аст?
.
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
аз 4 декабри соли 2020
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ,    
Фарзона
 
СИРРИ МУВАФФАҚИЯТ
Маслиҳат аз миллиарддорҳо
Ба гуфтаи миллиарддорҳо, барои расидан ба муваффақияти воқеӣ дар тиҷорат ва ба даст овардани пули зиёд танҳо зиракӣ ё матонат кофӣ нест, балки қотеият, маккорӣ, қобилияти муайян кардани афзалиятҳо ва ҳатто баҳс ба мисли ҳаво лозиманд.
Маслиҳати миллиардорҳоеро пешниҳод месозем, ки тибқи баҳогузории Bussineslnsider, танҳо дар як соат аз $50 то $120 ҳазор кор мекунанд.
1. «Тиҷорат мусобиқа нест. Инҷо талоши бартарӣ ба рақибон лозим намеояд. Салоҳияти шумо дар ин ё он соҳаи муайян муҳимтар аст» (Карлос Слим Элу).
2. «Ҳатто дар осонтарин лаҳзаҳои ҳаётатон аз зиёдаравӣ канорагирӣ намоед, зеро ин ба шумо дар давраи душвориҳои азим суботро таъмин мекунад» (Карлос Слим Элу).
3. «Фаҳмиши нопурраи ҳадафҳо дар ҳама гуна лоиҳаҳои техникӣ мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб  меравад – аз ин сабаб, бахт одатан ба онҳое механдад, ки аз миқёси хурд оғоз менамоянд, сипас бар асоси таҷрибаи андӯхтаашон онро васеъ мегардонанд» (Билл Гейтс).
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
ЗАНИ ТОҶИК
ҲУНАРМАНДИ БЕҲТАРИНИ ҶАҲОН
4 – 5 декабр Ассамблеяи генералии шӯрои ҷаҳонии косибон - ҳунармандон ғолибони «Намоишгоҳи маҷозӣ ва мусобиқа оид ба беҳтарин маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар давраи пандемияи коронавирус» - ро, ки Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон тариқи видеоӣ сазмон дода буд, эълон дошт. Боиси сарфарозист, ки ҳунарманди чирадасти тоҷик, бонуи ҳунар Аспармо Мавлоназарова бо пешниҳоди ҷуробҳои маъмулаш дар он пирӯз омад. 
Аспармо ин ҳунарро дар 6 – солагӣ аз модаркалонаш омӯхта, ҳоло дар ҷумҳурӣ ва берун аз он чун ҷуроббофӣ моҳир шуҳрат дорад ва ҷуробро чун бренди сайёҳии кишвар муаррифӣ менамояд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
 
БАЛЗАК ВА ИЛОҶИ ВОҚЕА
Ҳангоми сафар дар Австрия Балзак, ки забони ин мардумро намедонист, мушкили зиёд дошт. Махсусан, дар вақти ҳисобӣ кардан, ки ба гумони ғолиб маблағро камтар медод, қошу қавоқи мизбонҳо аксаран овезон мемонд. Ниҳоят савори фойтун вақте дар ин бора андеша дошт, илоҷи муамморо ёфт: ҳамаи тангаҳояшро аз киса бароварда, якто-якто ба саворакаш дароз кардан гирифт, дар ҳоле ки аз чеҳраи ӯ чашм намеканд. Ҳамин ки даҳони фойтунчӣ аз табассум то гӯшҳояш расид, Балзак як тангаро гашта гирифт ва бо бовари он ки ҳаққи хизматро дуруст додааст, бо дили пур хайрухуш кард.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Муаммокалимаҳо доир ба номи умумии намакҳо
Масалан: Ҳол+ид+хор = хлоридҳо
     Ота+ҳа+тест = Атсетатҳо
1. Ҳомид + Бор =?
2. Фидо + Сулҳ =?
3. Фут + Соҳил =?
4. Кит + Ҳосила =?
5. Олам + Танҳо =?
6. Коса + Ҳолат =?
7. Ота + Мерген + Паҳн =?
8. Фил + Дору + Истгоҳ =?
9. Анор + Пат + Коҳ =?
10. Атр + Гул + Ҳота =?
11. Ҳой +Одат =?
12. Тоҳир +Тин =?
Таҳияи Ҳикматулло ТОШЕВ,
сокини ноҳияи Кӯшониён
 
ШОҲ ВА ҲИКМАТИ ЯК АМР
Подшоҳи одилу соҳибидроке рӯзе ба вазирони дарбораш дастури аҷибе дод. Вай амр кард, ки ба ҳар се вазир як халтагӣ диҳанду ба боғ дароранд, то онҳо халтаҳоро аз мева пур кунанд. Вазирон дар ҳайрат монданд, вале аз амри подшоҳ ҷои саркашӣ набуд.
Вазири якум фикр кард, ки подшоҳ ин дастурро барои худаш додааст ва барои қадру манзалаташро дар назди шоҳ боз ҳам баландтар кардан беҳтарин меваҳоро дар халта ҷамъ овард.
Вазири дуюм фикр кард, ки шоҳ ин дастурро барои ҳадияи  хешовандонаш додаасту халтаи пуркардаи ӯро нигоҳ намекунад. Барои ҳамин «ҳар чи пеш омад хуш омад», - гуфта, халтаашро пур кардан гирифт.
Вазири савум бошад, фикр кард, ки подшоҳ меваро барои чорпоён фиристоданист. Ва бо як саросемагӣ халтаҳоро аз хасу баргу навдаҳои дарахт пур кард.
Вақте вазирон дастурро иҷро карданд,  шоҳ ба навкарон дастур дод, то онҳоро ба утоқҳои алоҳида дароварда, дарҳояшонро маҳкам кунанд. Инчунин, амр дод, то ғизои вазирон ба муддати муайян аз ҳисоби меваҳои ҷамъкардаашон бошад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА
 
ЯК СОЛУ ЯК РӮЗ МАҲБАС ВА ЯК ДОЛЛАР ҶАРИМА
Эмерих Юттнери амрикоӣ тайи даҳ сол пули якдоллараи қалбакӣ сохта ба муомилот мебаровард ва доимо аз дастгир кардани Хадамоти махфии ИМА, ки дар «шикор»-аш буданд, мегурехт. Юттнер ба ин кор аз соли 1938 машғул шуда, ҳар ҳафта 10 – 12 чунин пулро чоп карда, дар мағозаҳои гуногуни Манхэттен (Ню-Йорк) сарф менамуд. Оқибат ӯ ба даст афтод. Суд бо назардошти он, ки маҳкумшуда пулҳои қалбакиро танҳо барои истифодаи шахсӣ кор фармуда, чизҳои зарурӣ харидааст, ӯро 1 солу 1 рӯз зиндонӣ ва 1 доллар ҷарима кард.
Пас аз адои ҷазо, рӯйдоди аҷиб рух дод. Юттнер ҳуқуқи сабти қиссаи худро фурӯхт ва аз ҳама пулҳои қалбакии баровардааш бештар даромад ба даст овард.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 
ШЕКСПИР МЕГӮЯД:
Вақте мехостам  суҳбат кунам, гуфтанд: «Гӯш кун!»
- мехостам бозӣ кунам, маро кор кардан омӯхтанд.
- замоне кор пайдо кардам, издивоҷ намудам.
- издивоҷ кардам, кӯдакҳо ба дунё омаданд.
- то онҳоро дарк кардам, маро тарк карданд.
- ҳангоме ёд гирифтам, ки чӣ гуна зиндагӣ кунам, зиндагӣ тамом шуд.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР
 
100 ФАКТИ ҶОЛИБ
Инсонҳо то 50 000 бӯйро дар хотир нигоҳ медоранд.
***
Кӯдакон ҳангоми таваллуд 300 ва  калонсолон 206 устухон доранд.
***
Моҳии тиллоӣ ҳамагӣ 3 сония хотира дорад.
***
Пули коғазӣ бори аввал 700 сол қабл дар Чин пайдо шуда буд.
***
Мурғобиҳо барои дарёфти ғизо то 6 метр дар баҳр ғутта мезананд.
***
Хуни ҳашарот зард ва аз харчангҳои баҳрӣ кабуд мебошад.
***
Ҳайвонҳои хонагӣ 4000 сол қабл ром шудаанд.
***
Вазни 3 дандони фил 10 килограммро ташкил медиҳад.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
 
РАҚАМИ 21 ВА ЛЮДОВИКИ ХVI
Шоҳи фаронсавӣ Людовики XVI дар мавриди санаи 21 - уми ҳар моҳ ба вуқӯъ пайвастани ягон ҳодисаи нохуше бо ҷуръат метавонист бо дилхоҳ шаҳрванд гарав бандад. Вай ба ин асос ҳам дошт. Замони кӯдакӣ як ситорашинос  пешгӯӣ карда буд, ки санаи 21 барояш бадбахтӣ меораду дар ин рӯз бояд аз рӯи эҳтиёт кор гирад. Ва чунин ҳам шуд. 21 июни соли 1770 ба ҳангоми фейерверк – тарфандозӣ ба шарафи завҷааш Мария Антуанетта, мушаке дар байни мардум таркида боиси тарсу ҳарос гашт ва дар натиҷаи бамиёномадани воҳима 1200 одам зери по монд. 21 июни соли 1791 аҳли оилаи шоҳ ба ҳангоми гурез аз суиқасди инқилобиён ба даст афтод. 21 сентябри соли 1792 ҳокимияти шоҳӣ сарнагун гашт, 21 январи соли 1793 Людовики XVI қатл шуд.
Таҳияи Қурбон
МАДАЛИЕВ
 
ГУМОНИ ДӮСТ БАР ДӮСТ
Ду рафиқ ба сафар баромаданд. Дар роҳ зарурати гузаштан аз дарё пеш омад. Ҳамин ки аз наҳр убур кардан хостанд, зани зебоеро диданд, ки ӯ барои ба соҳил расидан ба кумак ниёз дошт. Яке фавран ба зан наздик шуда, ӯро бардошту ба соҳили дигар бурд. Ӯро ба замин монда, бо рафиқаш сафарро идома дод.
Дӯсташ ғайримуқаррарӣ хомӯш монд ва ба суолҳо ҷавоб намедод. Чанд соат гузашт. Ниҳоят, дигар хомӯш истода натавонист ва гуфт: «Чаро ба он зан даст задӣ? Вай метавонист туро аз роҳ занад. Мардон ва занон ба ҳам набояд даст расонанд!».
Мард чунин посух дод: «Дӯстам, ман он занро аз болои дарё гузаронда, дар соҳил гузоштаму рафтам. Ту ҳанӯз ӯро бо худ мебарӣ!».
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
ПАРДОХТИ ПУЛ БАРОИ ПИЁДАГАРДӢ
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев амре содир намуд, ки мутобиқи он, барои пиёдагардӣ пул пардохта мешавад. Тибқи ин амр, ҳамаи сокинони кишвар, ки синнашон аз 18 болост, дар сурати ҳадди ақал дар як шабонарӯз 10 ҳазор қадам задан ба гирифтани пули на чандон калон аз давлат мушарраф мегарданд.
- Барои иштирок дар барнома дар сомонаи «Тарзи ҳаёти солим» худро бояд номнавис кард. Дар он қадамҳо назорат мешаванд ва пардохт аз тариқи ҳамёни махсуси электронӣ сурат мегирад. Масалан, барои 10 ҳазор қадам дар як шабонарӯз 3000 сӯм (наздик ба 23 рубл),- менависад  Sputnik Ӯзбекистон.
Ғайр аз ин, барои дар давоми моҳ фаъол будан низ пул пардохт мегардад. Шаҳрие, ки бештар аз ҳама қадам мегузорад, 300 ҳазор сӯм (2330 рубл) ва деҳотӣ 500 ҳазор сӯм (4000 рубл) дарёфт хоҳад кард. Шахсе, ки дар кишвар нисбат ба дигарон бештар гом бармедорад соҳиби 1 миллион сӯм (7800 рубл) мешавад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
ДАРЁЧАҲОИ ҒАЙРИОДӢ
Дар Полша ду дарёчае ҳаст, ки ба таври амудӣ дар кунҷи рост якдигарро убур мекунанд. Ин дарёчаҳои Велна ва Нелба мебошанд.  Дар баробари ин, бо сабаби фарқият доштани ҳарорати оби дарёчаҳо, суръат ва сатҳи ҷоришавӣ оби онҳо ин ду дарёча ба ҳамдигар ҳатто омехта намешаванд.
Инро дар раванди таҷрибагузарониҳо тасдиқ карданд. Барои дақиқ кардани ин андеша каме поёнтар аз ҷои убуршавии дарёчаҳо рангҳои гуногунро рехтанд, аммо ягон омехташавӣ рух надод. Ҳамагӣ даҳ дарсади рангҳо бо ҳам омехта шуданд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
КАЛИФОРНИЯ.
ИЁЛАТ Ё МЕТАЛЛИ ГАРОНАРЗИШТАРИНИ ҶАҲОН?
Калифорния ҳамчун металли гаронарзиш дар «Китоби рекордҳои Гиннес» сабти ном шудааст. Олимон онро бори аввал соли 1950 дар ИМА пайдо карданд. Воқеан, арзиши 1 грамми он 10 миллион доллар мебошад. Истеҳсоли солонааш ҳамагӣ 30 - 40 микрограммро ташкил медиҳад. Ҳоло аз ин металли қиматбаҳо дар ҷаҳон ҳамагӣ 8 грамм мавҷуд аст.
Таҳияи Ф. АБДУКАРИМ
 
БАНДИИ ИХТИЁРӢ
Зебосанами 21 - солаеро дар тарабхонаи шаҳри Гифгорн, танҳоӣ ба танг овард, шояд аз ҳамин сабаб ин ҳодисаи нохуш рӯй дод. Вай аз сутӯҳ ба сӯрохии сутуни чӯбини пурнақшу нигор ангушти ишорат халонда, тавре вонамуд кард, ки гӯё тилло меҷуста бошад. То ба ҳадде ангушт халонд, ки дигар натавонист онро аз сӯрох барорад. Ду соат дар паҳлуи сутун музтар нишаст ва намехост, ки аз ин ҳодисаи масхараомез дигарон воқиф гарданд. Ангушт варамиду ба дард даромад. Маҷбур шуд ёрӣ талабад. Меҳмонон ва соҳибони тарабхона ба имдодаш расиданд, вале натавонистанд, ки ангуштро аз дарду азият бираҳонанд. Зӯри дубора боиси канда шудани ангушт мегардид, бинобар ин, ба идораи ҳолатҳои фавқулода занг заданд. Устоҳо сутуни гаронбаҳоро бурида, ангушти занро берун оварданд. Барои бонуи барно ин шаб боз аз он ҷиҳат «хотирмон» буд, ки маблағи сутун - ҳазор долларро пардохт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2020    №: 237    Мутолиа карданд: 1059
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед