фарҳанг
РАШТ. ТАЛАБОТ БА КИТОБХОНАҲО
МЕАФЗОЯД
Баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва ҷалби ҳар чи беҳтару бештари аҳолӣ ба китобхонӣ, таъмин намудани эҳтиёҷоти бакитобдоштаи сокинони ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Аз ҷумла, бо ҷалби соҳибкорону саховатмандони ноҳия сохтмони китобхонаҳо дар деҳаҳои Ярхаби деҳоти Ҳиҷборак, Навдоники Қалъаи Сурх, Қазноқи Нусратулло Махсум, Шулмаки Боқӣ Раҳимзода, Ярхичии Миёна, Шоҳидон ва Миртоби деҳоти Ҳоит бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳот сохтмони китобхонаҳо ва иншооти таъйиноти гуногун бомаром идома доранд. Айни замон шумораи умумии китобхонаҳо дар ноҳияи Рашт 44 ададро ташкил медиҳад.
Алъон масъулони соҳа кӯшиш доранд, ки китобхонаҳои ноҳияро ба маркази ҳақиқии илму дониш табдил диҳанд ва барои боз ҳам беҳтар намудани шароити кор дар китобхонаҳо, бахусус таъмини онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ - коммуникатсионӣ, такмили фонди китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр чораҷӯӣ намоянд.
Ин амал дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2019) роҳандозӣ гардидааст. Сарвари давлат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд.
Дар татбиқи ин иқдоми наҷиб нақш ва мақоми китобхонаҳо бисёр хуб арзёбӣ гардид ва ишора шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии китобдорӣ ба аҳолӣ «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд». Ҳамзамон, дар ин паём роҳбарону кормандони соҳаи маориф вазифадор карда шуданд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ баланд бардошта, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонанд ва наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд.
Ш. КОМИЛЗОДА, С. НАИМОВ,
ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.12.2020 №: 238 Мутолиа карданд: 663