сиёсат
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ.
АЗ ТАТБИҚИ НАҚШАҲО ТО ТАҲКИМИ МУҚОВИМАТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳама суханрониҳояшон сокинони кишварро аз хатари терроризм ҳушдор медиҳанд, дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 декабри соли 2019 таъкид доштанд: «Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».
Сарвари давлат шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизмро фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо арзёбӣ карданд. Инчунин, изҳор доштанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад. Дар ин робита ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ дастур доданд, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Манучеҳр Ҳамидзода, ҳуқуқшинос, корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки ҷиҳати иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” дар таҳрири нав омода гардида, айни замон дар баррасӣ қарор дорад.
Шараф Каримзода, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, дар таҳрири нав омода шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” - ро тасдиқ кард.
Ба андешаи ҳамсуҳбатони мо яке аз мақсадҳои асосии қабули қонуни мазкур дар таҳрири нав ин мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузорӣ дар ин самт ба талаботи замон, ба вуҷуд овардани механизмҳои наву муосир дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва таъмини бехатарии давлату ҷомеа аз хавфу таҳдидҳо маҳсуб меёбанд. Бовар меравад, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба наздикӣ қабул гашта, дар самти муқовимат ба терроризм заминаҳои ҳуқуқиву амалиро боз ҳам бештар фароҳам меорад.
Муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳама вақт дар ҳоли рушд қарор доранд ва аз лиҳози танзими ин муносибатҳо дар қонун бояд тағйирот ворид сохт, он ҳам ба хотири рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо.
Бо мақсади тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», ки 8 декабри соли 2003 № 69 қабул шуда буд, аз эътибор соқит ва ба ҷояш қонуни нав - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм», ки 25 ноябри соли 2019, №1516 қабул шуда, аз 6 боб ва 30 модда иборат аст, рӯи кор омад.
Ба назари Манучеҳр Ҳамидзода фарқиятҳои қонуни нав, аввалан, дар номи он мушоҳида мешаванд, баъдан, матни он, ки доираи васеи танзимнамоии муносибатҳои мазкурро дар бар гирифтааст. Қонуни мазкур муқовимат бо экстремизм номгузорӣ шуда, дар тафовут аз қонуни пешина мубориза аз муқовимат фарқ мекунад. Мафҳуми муқовимат бо экстремизмро аввалин маротиба қонуни нав шарҳ додааст. Муқовимат ба экстремизм фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин, шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ба ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор кардани сабабу шароити ба зуҳуроти экстремизм мусоидаткунанда, инчунин, барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъи фаъолияти экстремистӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои он равона шудааст.
Дар қонуни нав мафҳумҳои нави вобаста ба муқовимат ба экстремизм ба монанди фаъолияти экстремистӣ, маблағгузории экстремизм, ташкилоти экстремистӣ, маводи экстремистӣ, муқовимат ба экстремизм, ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта пурра шарҳ дода шудаанд.
Тавре коршиносон изҳор медоранд, сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм гуногунанд. Аз ҷумла, сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, пайдоиши шавқ ба фаъолияти нав, камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, сатҳи пасти фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва дигар омилҳо, мебошанд.
- Бо назардошти паҳлуҳои гуногуни масъала, ба хулосае омадан мумкин аст, ки нақши аҳолӣ аз ҳар ҷиҳат дар самти пешгирии терроризму экстремизм ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори он, махсусан оид ба ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва шахсони ҷиноятпеша, пешгирии ҳодисаҳои нохуши террористӣ, аз роҳи бад баргардондани ҷавонон, муҳофизати Ватан ва арзишҳои миллӣ, таъмини оромиву осудагии диёр ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят муҳим, зарурӣ, калидӣ ва ҳатто ҳалкунанда мебошад, - гуфт Манучеҳр Ҳамидзода.
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.2020 №: 239 Мутолиа карданд: 940