logo

сиёсат

 ҶДММ «КОМБИНАТИ ОРДИ ДУШАНБЕ» БА КОР ДАРОМАД


16 декабри соли 2020 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати орди Душанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Комбинати орди Душанбе, ки зиёда аз 30 соли охир бо сабаби куҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ аз фаъолият боз монда буд, бо дастгирию роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади рушди соҳаи саноат ва афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифат бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардид.
Биноҳои комбинат бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмир гардида, навсозӣ ва таҷдиди он барои таъмини бозори дохилӣ бо орд ва таҳкими истеҳсоли маҳсулоти содиротшавандаи ватанӣ мусоидат менамоянд.
Масоҳати умумии комбинат 4 гектар буда, сохтмон, таҷдид ва навсозии биноҳои мавҷуда имкон дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ширкатҳои бонуфузи Аврупо ва “КОФКО Инжинеринг ва Менеҷмент”- и Ҷумҳурии Мардумии Чин хатҳои истеҳсолии нав харид ва васлу насб карда шаванд.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хати истеҳсолии васлу насбгардида айни замон назираш дар Осиёи Марказӣ нест ва аз рӯи технология ва хусусиятҳои техникӣ муосиртарин маҳсуб меёбад.
Технологияи васлгардида ба таври автоматӣ фаъолият мекунад ва дар раванди истеҳсолот қувваи корӣ кам истифода мешавад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани комбинати орд дар маҷмӯъ, 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардид.
Дар комбинат дар як шабонарӯз 400 тонна гандум коркард мешавад, бо номҳои “Майса”, “Хӯша”, Сунбула” ва “Суфра” тавлиди бештар аз 10 навъи орд, ки аз онҳо ярмаи гандум, макарон, номгӯи зиёди маҳсулоти нонию қаннодӣ истеҳсол карда мешаванд, роҳандозӣ гардидааст. Маҳсулоти комбинат мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ дар ҳаҷми гуногун бастабандӣ ва ба харидорон пешниҳод мегардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ оянда дар назди комбинати орди Душанбе чандин коргоҳҳои нав ба кор дароварда мешаванд. Бунёди коргоҳҳои истеҳсоли макарон ва маҳсулоти нонию қаннодӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳоест, ки ба нақша гирифтаанд. Ҳамчунин, бо назардошти талабот коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ аз сабӯс низ бунёд меёбад. Дар ин ҷо хӯроки паранда, моҳӣ ва чорво ҳам истеҳсол мегардад.
Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои наздик мағозаҳои фирмавии комбинати орди Душанбе ба фаъолият мепардозанд.
Кори бонизоми комбинат метавонад дар самти истеҳсоли орд дар пойтахти мамлакат барои муътадилии арзиши маҳсулот дар тамоми фасли сол ва ҷиҳати захираи он ҳамчун маҳсулоти ниёзи аввал, нақши муассир гузорад.
Ба таъкиди масъулони комбинати мазкур бо таъмини талаботи рӯзонаи шаҳри Душанбе бо орд, ки тибқи таҳлилҳо беш аз 400 тоннаро ташкил медиҳад, оянда баъди ба кор даровардани иқтидорҳои нав маҳсулот ба дигар кишварҳои минтақа низ содирот мешавад.
Дар комбинати орди Душанбе анбор барои захираи 32 ҳазор тонна гандум, анбор бо масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ ҷиҳати нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабӯс ва гандуми реза бунёд гардида, хати роҳи оҳан аз дохили корхона мегузарад, ки хароҷоти интиқоли маҳсулотро бамаротиб коҳиш медиҳад.
Бо мақсади таҳвил ва дастрассозии маҳсулоти истеҳсолшаванда ба нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои савдо 10 адад воситаи нақлиёти боркаши муосири гуногунҳаҷм харидорӣ шудааст. Барои муайян намудани сифати гандуми воридшаванда ва маҳсулоти истеҳсолгардида озмоишгоҳ бо тамоми лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз гаштааст, ки ин ба пешниҳоди маҳсулоти босифат заминагузор мебошад.
Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони ҶДММ “Комбинати орди Душанбе” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ворид намудани технологияи муосири истеҳсолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар шудаанд. Натиҷа ҳамин аст, ки тайи солҳои охир дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе дар баробари бунёду навсозии муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ садҳо корхонаҳои нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин тадбир дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.
Тибқи маълумоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат наздики 70 корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2020    №: 240    Мутолиа карданд: 653
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед