logo

сиёсат

 ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХАЛТАҲОИ ПОЛИПРОПИЛЕНИИ ҶДММ “ҒАЮР-ПАК”


16 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр-Пак”- ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур дар асоси технологияи муосири соҳавии ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ фаъолият менамояд. Таҷҳизоти корхона аз ширкати пешгоми Олмону Австрия “Старлингер анд Ко ҷиэмбиэйч” дарёфт гардида, дар Осиёи Марказӣ феълан ягона ба ҳисоб меравад.
Коргоҳи “Ғаюр-Пак” имкон дорад, ки дар як сол 50 миллион дона халтаи полипропиленӣ истеҳсол карда, бо сифати баланд пешниҳоди харидорон намояд.  Халтаҳои истеҳсолнамудаи ширкат яккарата буда, истифодаи онҳо барои муҳит безарар ва ҳам барои истифодабарӣ мувофиқ аст. Иттилоъ дода шуд, ки пас аз курсҳои бозомӯзӣ дар корхонаи “Ғаюр-Пак” 140 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид.
Бояд зикр кард, ки гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар се корхона солона 2,5 миллион тонна семент истеҳсол менамоянд ва ба халтаҳои полипропиленӣ талаботи зиёд доранд. Аз ин рӯ, 80 фоизи халтаҳои истеҳсолгардидаи корхона барои қонеъсозии талаботи худи ширкат истифода мегардад ва 20 дарсадаш ба коргоҳу корхонаҳои ватанӣ  ва содирот ба дигар кишварҳо пешниҳод хоҳад шуд. То имрӯз ин номгӯи маҳсулот аз хориҷ ворид мешуд ва халтаҳои полипропилении корхонаи нави “Ғаюр-Пак” ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар бозорҳои мамлакат рақобат намуда, вобастагии соҳаро аз маҳсулоти воридотӣ ба тарзи назаррас коҳиш хоҳад дод.
Насби технологияи насли нав имкон медиҳад, ки корхона бе партов фаъолият намуда, боқимондаи ашёи коркардшуда ба дигар корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсоли номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ равона мешавад. Ғайр аз халтаҳо барои семент, ҳамчунин, “Ғаюр-Пак” тибқи фармоиш имкони тавлиди халтаҳои полипропилении орд, дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва кимиёвиро дорад. Тамоми марҳилаҳои истеҳсолии халтаҳои полипропиленӣ, шурӯъ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва рангу ороиши он, дар корхонаи навтаъсис роҳандозӣ гардидаанд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳ-дуди “Ғаюр-Пак” дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар он истеҳсоли маҳсулот аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст. Ҳамчунин, корхонаи нав дорои лабораторияи санҷиши сифат мебошад, ки танҳо пас аз баҳогузории мутахассисон маҳсулоти он барои истифода пешниҳод мегардад. Озмоишгоҳи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон, ки имконияти васеи санҷиши ҳамаҷонибаи сифати маҳсулоти ниҳоиро дорад, муҷаҳҳаз мебошад.
Ифтитоҳи корхонаи мазкур идомаи тадбирҳо дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат буда, бунёди корхонаҳои нав имкон медиҳад, ки вобастагии кишвар аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш дода шавад. Дар ин баробар, Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи молу маҳсулоти ниҳоии саноатӣ табдил ёфта, ҳамзамон, иқтисодиёти мамлакат рушд хоҳад кард.
Президенти мамлакат зимни боздид ба фаъолияти истеҳсолии корхона ва иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати назорати сифат ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2020    №: 240    Мутолиа карданд: 822
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед