logo

фарҳанг

 ШОМИ ШАНБЕ


ИНТЕЛЛЕКТ +
ЧАЙНВОРДИ «ДОНИШМАНД»
1. «Агар аҳли … бигзарад, боқӣ бувад номаш». 2. Фанни таълимӣ. 3. Муродифи байрақ, парчам, дирафш. 4. Макони дониш. 5. Шаҳр дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 6. Сеюмин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. 7. Исми мардонаи  тоҷикӣ. 8. Муаллифи «Ғалабаи Таня». 9. Аломати номуайянӣ дар илми ҳисоб. 10. Моҳи апрелро гӯянд. 11. Сафед, сабз, кабуд. 12. Иҷрогари нақши «Эдип» аз спектакли «Эдип». 13. Ноҳия ва дарё дар Тоҷикистон. 14. Романи адабиёти муосири тоҷик. 15. «Смена» бо забони тоҷикӣ. 16. Асбоби рӯзгор. 17. Номи  ҳайвони  саворӣ дар «Шоҳнома». 18. Хоруғ, Исфара, Кӯлоб. 19. Гиёҳи хушбӯй. 20. Навъи ширинӣ. 21. Миллат. 22. Ҳарфи алифбои ниёгон. 23. Идрок, дарк кардан.
Мураттиб  Ҳотами  ҲОМИД, корманди нашрияи «Омӯзгор»
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
ПЕНИТСИЛЛИН. АСРОРЕ, КИ ПАС АЗ 5000 СОЛ ИФШО ШУД
Агар мисриёни қадим ҷароҳате мебардоштанд, нони мағорбастаро истеъмол мекарданд. Гарчанде ин илман исбот нашуда буд, вале хеле кора мекард.
Соли 1928 олим Александр Флеминг пенитселлинро кашф кард, ки бактерияҳои зарароварро маҳв месозад. Ба шарофати ин кашфиёт, ки дар саноати дорусозӣ таҳаввулот маҳсуб меёфт, худи ҳамон сол Флеминг унвони профессорӣ гирифта, соли 1945 барандаи Ҷоизаи Нобел гашт.
Шояд ин суол дар зеҳнатон пайдо шавад, ки нони мағорбаста ба ҷоизаи боло чӣ алоқамандӣ дорад? Посух ин аст, ки ҳангоми мағор бастан нон аз худ занбӯруғ бо номи Penicillium ҷудо мекунад, ки дар ниҳоят аз он пенитсиллин ҳосил менамоянд. Яъне, мисриён ҳанӯз 5 ҳазор сол пеш аз ин кашфиёти оламгир воқиф буданд ва бе исботи илм ҳам онро ба манфиати худ истифода мебурданд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 

ИН ТАВР ҲАМ МЕШАВАД...
Жанна Калман, бонуи 90 - солаи фаронсавӣ, соли 1965 манзили зисташро ба муфаттиши 47 - сола ба таври насия фурӯхт. Муфаттиш гумон дошт, ки ин бону шояд 10 соли дигар умр бинад.  Мувофиқи шартномаи тарафайн ҳуқуқшинос вазифадор буд, ки  насияро танҳо то рӯзи марги соҳибхона бо маблағи муайяне пардохт намояд. Вале Жанна дар муддати 30 сол ҳар моҳ маблағи муайянгардидаро мегирифт ва пас аз марги муфаттиш ду соли баъдӣ бошад, ин шартномаро ҳамсари муфаттиш идома дод. Жанна Калман бошад, 122 сол умр дида, ҳамчун дарозумтарин шахс шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» гардид. Ин дар ҳолест, ки ӯ ҳаргиз ҷонибдори ҳаёти солим набуда, ҳамагӣ 5 сол қабл аз маргаш аз истеъмоли тамоку даст кашидааст. «Ман сирри дарозумриамро дар пайваста истеъмол кардани равғани зайтун ва шоколад мебинам» - гуфтааст Жанна Калман.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Аҷаб! Китоб ҳам қимат буду ҳам харидор надошт. Зотан, ҳар он чӣ аз қиматӣ бехаридор мондан, ба ҷуз ҷавоҳирот, арзон мешуд. Вале китоб, агарчанде ки талабгорони кам андаркам дошт, арзон намешуд. Оё баъзе ҷавонони шаккоки ҳозира бовар мекарда бошанд, ки ҳамин Ленинободи ҳоло бисту ду дукони газетаю китобфурӯшӣ, понздаҳ китобхонаи қариб  як миллион номгӯй китобдор, ҳамааш шуда панҷоҳу се сол муқаддам як дукони китобфурӯшӣ дошту бас!
* * *
Духтари тоҷик, дар тасвири ту
Ҳар сухан бе рангу борӣ мекунад,
Ҳаст уммеде, ки дар ин суратам
Ҳусни ту, кори ту ёрӣ мекунад.
.
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,
аз 11 декабри соли 2020
Пӯлод Толис,     Ҳофизи Шерозӣ.
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
ПАЖӮҲИШГАРИ ТОҶИК - ҒОЛИБИ "УМНИК-2020"
Беҳрӯз Табаров, пажӯҳишгари тоҷик дар озмуни умумироссиягии “Умник-2020” (“Донояк-2020”) пирӯз шуда, 500 000 рубли русӣ мукофот гирифт.
Мавсуф номзади илмҳои техникӣ ва докторанти Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амури Россия буда, лоиҳаи  ӯ “Таҳияи модули реактор - тиристор барои зеристгоҳҳои трансформаторӣ” ном дорад. Он миёни ҳазорон лоиҳаи илмию инноватсионии олимони ҷавони Россия яке аз беҳтаринҳо дониста шуд.
Дар озмунҳои барномаи мазкур то имрӯз 70 ҳазор пажӯҳишгар ширкат варзид. Беҳрӯз дар қатори 252 ғолиби озмун имкон ба даст овард, ки лоиҳаи илмиашро дар амал татбиқ намояд.
Ёдовар мешавем, ки Беҳрӯз Табаров соли равон  аз ҷониби губернатори минтақаи Хабаровск олими минтақа шинохта шуда, қадр гардид.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
ТАБИАТИ НОДИРИ ТОҶИКИСТОН
АЗ МАҲАЛИ ГАРМТАРИН ТО БУЛУНКӮЛИ САРДТАРИН
Хонандагони «Шоми шанбе» пас аз ошноӣ бо мавзеъҳои сайёҳӣ, фарҳангӣ, дарёву кӯлҳои кишварҳои ҷаҳон хостанд, ки дар бораи ҷуғрофияи рангини Тоҷикистони азизамон низ маълумот диҳем.
Инак, фактҳои ҷолиб дар бораи диёри хушманзарамон пешкаши шумост.
1. Маҳали гармтарини Тоҷикистон ноҳияи Шаҳритус (Айваҷ + 48°С) аст.
2. Дар мавзеи Булункӯли ноҳияи Мурғоби ВМКБ сардӣ то ба - 63°С мерасад ва дар ҷаҳон хунуктарин мавзеъ ба шумор меравад.
3. Пиряхи аз ҳама калони Тоҷикистон Федченко мебошад,
ки дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи илмҳо ҷой гирифтааст. Дарозии ин пирях 77 километр, бараш тақрибан 5 километр ва ғафсиаш то 1800 метр мерасад.
4. Водии Зарафшон 200 километр тӯл кашида, водии бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Таҳияи Комрон САФАР
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АНАТОЛ ФРАНС

Боре ҷавондухтаре, ки дар тасаввури худаш ҳуруфчини бемисл буд, аз мунаққиди машҳури фаронсавӣ Анатол Франс хоҳиш мекунад:
- Агар маро ба кор бигиред, яқинан, пушаймон намешавед. Охир, ман дар 1 дақиқа то 150 калима мечинам, дигар чӣ ҷои шубҳа мемонад?!
- Ман ба шумо не, хонуми зебо ба худам шубҳа дорам, ки дар як дақиқа 150 калимаро аз куҷо меёбам,- китф дар ҳам кашида, мегӯяд нависанда.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
221 САНТИМЕТР ҚАДИ НАВРАСИ 14 – СОЛА
Хонандаи чинӣ, ки қадаш ба 221 сантиметр расидааст, ба «Китоби рекордҳои Гиннес» дар номинатсияи «Навраси қадбаландтарини дунё» ариза пешниҳод намуд. Рекорд алҳол ба марди амрикоӣ, ки дар 16 – солагӣ 216 сантиметр қад дошт, мансуб мебошад.
Дар афзоиши қади Сяон ягон аломати беморӣ вуҷуд надорад. Писарбача аз овони кӯдакӣ қадбаландтар аз ҳамсолони худ буд. Волидонаш ӯро борҳо ба назди духтурҳо бурданд, вале ҳар бор як ҷавобро мешуниданд: «Писарбача солим аст». Худи писарбачаи чинӣ бар ин назар аст, ки афзоши қади ӯ ба ирсияташ мансуб мебошад. Волидон, бобову бибиаш низ қади баланди 180 – сантиметра доранд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
100 ФАКТИ ҶОЛИБ
Аввалин зани риёзидон дар таърих Гипатия, ки дар асри V мелодӣ дар Искандарияи Миср зиндагӣ карда буд, эътироф шудааст.
***
Давоми ҳар як сония дар майнаи сари инсон 100 000 реаксияи кимиёвӣ рух медиҳад.
***
Каждум ва сангпуштҳо, умуман, об наменӯшанд.
***
Агар моҳичаи зарринро  дар торикӣ нигоҳ доред, рангаш сафед мешавад.
***
Оби гарм дар хунукӣ аз оби хунук дида зудтар ях мебандад.
***
Дар Филиппин ҳар нафаре, ки зоғро мекушад, 12 сол зиндонӣ мешавад.
Гирдоваранда Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
 
АРЕЛАТТО ВА АМАЛҲОИ АБЛАҲОНА
Арелатто Менарди китобчаи рӯимизие дошт бо номи «Хроникаҳои амалҳои аблаҳона» («Хроники глупости»). Аҷиб аст, вале вақте сарлашкари испанӣ маблағи ниҳоят калонро барои хариди аспҳои ҷангӣ ба Дидрих ном як тоҷири немис бовар карда, пешакӣ медиҳад, Арелатто номи ӯро низ ҳамчун «аблаҳ» дар китобчааш сабт мекунад. Сарлашкар чун огоҳӣ меёбад, нависандаро наздаш хонда, бо ситеза мегӯяд:
- Агар тоҷири немис ба ваъдааш вафо карда, аспҳоро биёрад чӣ? Ту чӣ кор мекунӣ?
- Он гоҳ номи мубораки шуморо аз рӯйхати аблаҳон хат зада, номи Дидрихро менависам,- ҳозирҷавобӣ карда, мегӯяд Арелатто ва ҷон ба саломат мебарад.
Аз русӣ тарҷумаи
Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ

ШОҲМОТ БОЗИИ ҲАРБӢ БУД
Инро бостоншиносон ба исбот расондаанд. Ба қавли онҳо, бозии аҳди қадими Чин - «вей-кви» дар Ҳиндустон ба шоҳмоти имрӯза табдил ёфтааст. Императори Чин Яо (наздикии соли 2300 то милод) ин бозиро ихтироъ кард, то ки ба писараш стратегияи муҳорибаҳоро омӯзад. «Вей-кви» дар сурати аскарону афсарону тӯпу туфангҳо ҳазор муҳра дошт. Писари Яо аз бозӣ ба ваҷд меомад. Вай қариб тамоми вақти холии худро ба ин бозӣ сарф менамуд ва дар оянда ҳамчун стратеги ҳарбии барҷаста ба воя расид. Баъдтар, бозӣ дар Япония сайқал ёфт. Дар Ҳиндустон онро ба бозии шоҳмот табдил доданд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
 
ВАҚТЕ РОСТ МЕГӮЯНД...
Ҳезумкаш дар лаби дарё дарахт мебурид, ки ногоҳ табараш ба об афтод. Вай ба гиря даромад. Ҳамин асно Фариштае пайдо шуда, аз ӯ мепурсад:
- Чаро гиря мекунӣ?
- Чӣ гуна гиря накунам, ки табарам ба дарё рафт.
Фаришта табари тиллоиеро аз дарё берун оварда мепурсад:
- Ин табари туст?
- Не, ин табари ман не! – посух медиҳад ҳезумкаш.
Фаришта табари нуқрагиро аз дарё бароварда боз пурсид:
- Шояд ин бошад?
- Не, - гуфт ӯ. Ин ҳам табари ман нест.
Ниҳоят, як табари оҳаниро аз наҳр берун кард.
- Ана ин табари ман, - хурсанд шуд ҳезумкаш.
- Мебинам, ки ту марди ҳалолкор ҳастӣ, пас дар кору борат баракат ато мешавад, - гуфт фариштаю ғайб зад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, тарҷума аз русӣ
 
ОМӮХТАМ, КИ …
Аз ҳакиме пурсиданд: “Аз зиндагӣ чӣ омӯхтед?»
Посух дод: «Дунё қарз аст, бояд дер ё зуд пас бидиҳем, аммо мо ғофил ҳастем. Сухани ширин, кушодарӯӣ ва бахшиш сармояи аслии мо дар зиндагӣ мебошад. Он чи бо ғазаб оғоз мешавад, бо хиҷолат ва пушаймонӣ анҷом меёбад. Агар вақт қиматтарин чиз аст, пас, масрафи он ба беҳудагӣ бузургтарин талафот мебошад. Сарватмандтарин мардум дар дунё касонеанд, ки аз саломатӣ, амният ва оромиш баҳраманд бошанд.                                                           
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР

ВАҚТЕ МАЪЮБ ИРОДА ДОРАД...
Мустафо бо фалаҷи майнаи сар таваллуд шуда, дасту пояш кор намекунад. Аз кӯдакӣ аробачаи маъюбӣ ҳамсафараш аст. Вале, бо вуҷуди ин, мактабро бомуваффақият хонда, донишгоҳҳои Анқара ва Эскишехро хатм намудааст. Мавсуф мегӯяд, ки маъюбият имкон намедиҳад, то ба зиндагияш халал ворид намояд.
Мустафои 47-сола бо ҳамин пиндор ва иродаи қавӣ қаламро бо даҳон дошта менависад. Дар компютер низ навиштанро омӯхтааст. Ӯ бо ёрии модар ва рафиқонаш се китоб – «Танҳоии заъфаронӣ», «Дар рӯзи ошиқон ман боре дар мулоқот набудам» ва «Гӯш кун, рафиқ» навиштааст.
Мустафо бо модараш зиндагӣ мекунад. Ва маҳз муҳаббату ғамхориҳои ӯро дар саргаҳи ҳамаи муваффақиятҳояш мебинад.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 
СИРРИ МУВАФФАҚИЯТ
Маслиҳат аз миллиарддорҳо

4. «Ҳатто агар шумо хеле боистеъдод бошед ва саъйи зиёд ба харҷ диҳед, баъзе натиҷаҳо вақтро талаб мекунанд» (Уоррен Баффет).
5. «Сирри тиҷорати муваффақ дар омезиши эҷодкорӣ ва малакаи ташкилотчигӣ аст» (Бернард Арно).
6. «Сарватманд будан ё не, фарқ надорад, ман хушбахтам, зеро аз коре, ки мекунам, лаззат мебарам. Ва, ин дар воқеъ сарвати асосист» (Сергей Брин).
7. Манбаи боэътимоди маблағгузорӣ ва асабҳои қавӣ калиди муваффақият ҳангоми пешниҳоди маҳсулоти нав мебошад» (Майкл Блумберг).
8. «Барои иҷрои як кори муҳим, шумо бояд тарси нокомиро бартараф созед» (Ларри Пейҷ).
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
АЗ ОСМОН 2 МИЛЛИОН ДОЛЛАР АФТОД
Тобутсози индонезӣ Ҷошуа Хутагалунг аз вилояти Суматраи Шимолӣ пас аз он, ки метеорит ба боми хонааш афтод, миллиондор шуд,- хабар  медиҳад нашрияи Metro.
Ҷошуаи 33-сола замоне, ки аз осмон метеорит афтид, дар назди хонааш ба сохтани тобути нав машғул буд. Санг 15 сантиметр ба умқи замин даромад ва вақте онро Ҷошуа баровард, гарм буд.
Вазни метеорит 2,2 килограмм ва синнаш қариб ба 4,5 миллиард сол баробар буд. Ҳамзамон, вай аз навъи метеоритҳои хеле нодир маҳсуб мегардад.
Марди индонезӣ, бозёфти худро ба як нафар коллексионери амрикоӣ фурӯхта, соҳиби 1,9 миллион доллар шуд.
Ин маблағ ба падари 3 писар имкон дод, ки аз кори пешинааш даст кашад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
ИҚТИБОСҲОИ ИЛҲОМБАХШ
На барои муваффақият, балки барои арзишҳое, ки он медиҳад, саъй кунед.
Алберт Эйнштейн
Муваффақияти ман дар он аст, ки ҳеҷ гоҳ баҳона пеш намеовардам ва узрхоҳии дигаронро қабул надоштам.
Флоренс Найтбул
Дар фаъолияти худ зиёда аз 9000 зарба аз даст додам, қариб 300 бозиро бохтам. 26 маротиба ба ман зарбаи ниҳоии ғолибиятро эътимод карданд, вале аз иҷрояш набаромадам. Ман гаштаю баргашта мағлуб мешудам. Ва маҳз барои ҳамин дар ниҳоят муваффақ гаштам.
Майкл Ҷордан
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2020    №: 241    Мутолиа карданд: 912
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед