иқтисод
ВАНҶ:
ШАШУМИН ИНШООТИ ОБРАСОНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ
Маҷӯй ганҷи дигар дар сарои чархи барин,
Биё, ба Ванҷи пур аз ганҷи мун, бародари ман.
Ширин Бунёд
Дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни пурифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барномаи ҳукуматӣ оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Ванҷ бисёр иншооти соҳаҳои саноат, иҷтимоиёт ва фарҳанг мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар арафаи Соли нави 2021 дар шаҳраки Рохарв маркази хизматрасонӣ, меҳмонхона, нуқтаи таъмир ва шустушӯи мошинҳо аз ҷониби бародарони соҳибкор Идибек, Зафар, Ҷамшед ва Бунёд Шарифовҳо дар ҳамдастӣ бо шарикони хориҷии рушд фаъол шуданд. Хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоии деҳаи Равгадаи Ҷамоати деҳоти Техарв ҳамчун туҳфаи солинавӣ соҳиби бинои нав гаштанд.
Сокинони деҳаи Гармчашмаи Ҷамоати деҳоти Рованд, ки солиён аз норасоии оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашиданд, ба орзуи деринаи худ расиданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ бо дастгирии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони хазинаи Оғохон ва шарикии сокинон ба деҳа аз масофаи қариб 13 километр ба маблағи зиёда аз 820 ҳазор сомонӣ хати обгузар кашида шуд. Деҳотиён ин амалро ҳамчун туҳфаи солинавӣ пазируфтанд. Акнун 57 хонаводаи деҳаи Гармчашма, инчунин, табибони маркази саломатӣ, ки имрӯзҳо баҳри пешгирии бемории коронавирус ҷаҳду талош доранд ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 бо оби тоза таъмин гардиданд. Ба гуфтаи директори маркази санитарӣ- эпидемиологии ноҳия Заррина Музаффарова аҳолии деҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳиби иншооти обрасонӣ гардида, дигар аз оби софу тоза истифода мебаранд.
Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати обрасон аҳли деҳаи Гармчашмаро табрик гуфта, иброз дошт, ки сиёсати дарҳои кушодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он мусоидат намудааст, ки шарикони хориҷии рушд дар беҳтар намудани инфрасохтори деҳот, беҳбуди рӯзгори деҳотиён саҳми муносиби худро гузоранд. Бунёди хати обгузар ба деҳаи Гармчашма ва 5 деҳаи дигар далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Дар идомаи суҳбат раиси ноҳия ёдовар шуд, ки водии Ванҷи Боло дар баробари боғоти мева, инчунин, бо манбаъҳои обҳои фаровони худ - пиряхҳои Федченко, Хирсон ва Кашолаях, маъданҳои нодир, аз ҷумла мармари сафеду сиёҳ ва ҷигарии мавзеъҳои Пои Мазор, Равак ва Змахсумаш ҳам, машҳур аст. Дар канори деҳаи Гармчашма чашмаи оби гарми маданӣ аз бағали сангҳои соҳилҳои Ванҷоб асрҳо боз фаввора мезанад. Деҳнишинон дар шафати ин чашма истироҳатгоҳ - фароғатгоҳ бунёд карданианд.
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Иматшозода ёдовар гашт, ки чор сол муқаддам Пешвои муаззами миллат ба деҳоти водии Ванҷи Боло ташриф оварда, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор намуданд, ки баҳри рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ёрӣ расонанд. Дар партави дастурҳои Президенти кишвар соҳибкори муваффақ, директори генералии ширкати «Рухом» Муфарраҳ Муҳаббатов маркази сайёҳии «Ванҷи Боло» - ро бунёд кард. Бонуи ташаббускор Васила Ғафурова корхонаи коркарди равғани ангат ва чормағзро ба кор даровард. Роҳбари боғи миллӣ Розиқ Гиёев барои ҷаҳонгардони хориҷӣ ва ватанӣ меҳмонхона ва тарабхона сохт.
Муовини раиси вилоят Анвар Иматшозода табрикоти солинавии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзовро ба мардуми ноҳия, аз ҷумла сокинони деҳоти Рован, расонд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2020 №: 241 Мутолиа карданд: 660