logo

барқияҳо

 МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ


17 декабр миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид оли Наҳён ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад:
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид оли Наҳён омадааст:
«Аълоҳазрат!
Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба ифтихори 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, сидқан табрику таҳният мегӯям.
Ҷониби Тоҷикистон аз он қаноатманд аст, ки тайи ин солҳо муносиботи дӯстиву ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо марҳала ба марҳала рушд ёфта, арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифтаанд.
Итминон дорам, ки мо бо саъю талошҳои пайгиронаи муштарак робитаҳои ҳасанаи кишварҳоямонро дар оянда низ мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон тавсеа бахшида, мазмуну муҳтавои онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонд.
Бо истифода аз фурсати нек ба Шумо сиҳатмандии бардавому хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсту бародари Амороти Муттаҳидаи Араб осоишу некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям.
Лутфан, эҳтиромоти фоиқа ва таманниёти неки инҷонибро ба унвонатон бипазиред».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид оли Наҳён ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Бо салому дуруди беҳтарин!
Боиси сарфарозӣ ва камоли хушнудии инҷониб аст, ки табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринамро ба муносибати 25-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта, барои Ҷаноби Олӣ саломативу саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии минбаъда орзу намоям.
 Лутфан, эҳсосоти самимии иззату эҳтироми манро нисбати шахсияти Шумо қабул фармоед».
 
Дар робита ба фарорасии 25 - солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, ки ба 18 декабр рост меояд, ба унвони Пешвои миллат, ҳамчунин, аз номи Ноиби Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рашид ал-Мактум, Валиаҳди Абу Забӣ, муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид оли Наҳён номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2020    №: 241    Мутолиа карданд: 4708
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед