logo

сиёсат

 ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАШАККУЛИ  МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ


Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, ашхосе, ки дар фазилату иродаи сиёсию маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд, дар пайвастагии бевосита қарор дорад. Ба аксар сокинони сайёра рӯшан аст, ки на ҳама сарварони давлатҳо ба таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд.
Як шахсият вақте ба унвони олию ифтихории пешвои миллат сазовор мегардад, ки ӯ ба дарки рисолатмандӣ ва масъулияти таърихии худ бояд дар сарнавишти ҳаммеҳанон барои як кишвар барномаи комил ва масири устувори пешрафтро эҷод ва василаҳои амалӣ гардидани онро фароҳам орад. Бемуболиға, яке аз чунин ашхос бунёдгузори давлати тозаистиқлоли миллии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, техникию саноатии имрӯзаи кишвари маҳбубамон аз фаъолияти гуногунҷанбаи ин абармарди арсаи сиёсат ибтидо мегирад. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот диҳанд, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашанд, ҷинояткоронро авф намоянд, зиёда аз як миллион гурезаю муҳоҷири иҷбориро ба Ватан баргардонанд, аркони давлатдориро аз нав бунёд ва эҳё созанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон 28 августи соли 1993, ки аз интихобашон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ҳамагӣ  9 моҳу 12 рӯз гузашта буд ва дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ба кишвари ноороми Афғонистон сафари расмӣ анҷом доданд. Дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо марҳум Бурҳониддини Раббонӣ, Раисҷумҳури вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, се  масъалаи асосӣ - баргардондани гурезаҳои тоҷик, аз асорат озод намудани марзбонони рус ва ба эътидол овардани вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 30 август Баёнияи муштараки сарварони давлатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ба имзо расид, ки дар он самтҳои асосии ҳамкории ҳар ду мамлакат дар ҳалли масъалаи гурезагон, ба эътидол овардани вазъи сарҳад, ҳамчунин, дурнамои рушди муносибатҳои онҳо муайян гардид. Ин сафари таърихиро расонаҳои хабарии ҷаҳон ҳамчун иқдоми ҷасурона ва қотеонаи Сарвари ҷавони давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.
Ҳамин заҳмату ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, ӯро ба унвони олии кишвар - Қаҳрамони Тоҷикистон қадр намуданд. Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва шукуфоии Меҳани маҳбуб - Тоҷикистон бағоят бузург аст.
Дар раванди тамаддунофарии башарият ҳар нафаре, ки дар ҷодае қадамҳои нахустин мениҳад ва барои амале аввалин шуда иқдом мегирад,  ӯро асосгузор ё бунёдгузор меноманд. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон аввалин шахсияте мебошанд, ки истиқлолияти комили сиёсиро ба вуҷуд оварда, ваҳдати миллиро таъмин намуда, иқтисодиёти пасазҷангиро ба маҷрои дурусти рушд расонданд.
Тазаккур бояд дод, ки ба шарофати заҳматҳои зиёд ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон тамоми тоҷикону форсизабонони олам дар симои ин сиёсатмадори тавоно Тоҷикистони соҳибистиқлолро диданд. Яъне, акнун Тоҷикистон на танҳо Ватани тоҷикистониён, балки хонаи умеди тамоми форсизабонони дунё аст.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
муҳаррири маҷаллаи илмии
«Фарҳанг ва санъат»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2020    №: 241    Мутолиа карданд: 866
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед