иқтисод
ДАНҒАРА.
ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ШАБАКАҲОИ БАРҚӢ
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ вобаста ба татбиқи нақшаву барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд. Хушбахтона, дар пайи ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат маҳдудияти неруи барқ дар кишвар аз байн рафт.
Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ҶСК «Шабакаҳои барқии Данғара» то имрӯз корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ШСХК «Барқи тоҷик» дар ноҳия зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Лолазор», хати барқии баландшиддати 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон, хати барқии 220 кВ-и Сангтӯда - Лолазор бо дарозии 66,846 километр, зеристгоҳи 110 кВ-и Корез ва хати барқии баландшиддати 110 кВ-и Лолазор - Корез сохта, ба истифода дода шуд. Дар зеристгоҳи барқии 110 кВ-и «Коргар» барои бо барқи доимӣ таъмин намудани минтақаи озоди иқтисодии Данғара, Донишгоҳи давлатии Данғара ва маҷмааи варзишӣ як адад трасформатори баландшиддати 25000 кВА бо таҷҳизотҳояш васлу насб шуд.
Илҳом Кенҷазода, директори ҶСК «Шабакаҳои барқии Данғара», зимни суҳбат гуфт, ки дар замони истиқлолият дар ноҳия 244 трансформатори иловагӣ насб ва маҳалаҳои навбунёди деҳаҳои Пушинг, Паркамчӣ, Ғиҷовак, Талхоб, Қули Суфиён, Шар-Шар ва кӯчаҳои шаҳрак бо пояҳои оҳану бетонӣ пурра таъмин шуд. Деҳаи дурдасти Шибансой, ки дар тӯли мавҷудияташ барқ надошт, бо барқ таъмин гардид.
Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии Ҳукумати кишвар баҳри фаъолияти бонизом ва фароҳам овардани шароити созгор барои кормандони қитъавии шабакаҳои барқӣ дар шаҳраки Себистон бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ бинои наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин, ҳамаи мушкилоте, ки дар самти симчӯбҳои фарсуда дида мешуд, пурра аз байн бардошта шуд. Соли равон зиёда аз 70 километр хати барқи гуногуншиддат ва як қатор зеристгоҳҳо бо маблағи 700 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба зимистонгузаронӣ омода шуд.
- Ёдовар мешавем, ки аз 12 то 28 сентябри соли гузашта 15 мутахассиси варзидаи соҳаи барқи тоҷик, аз ҷумла аз ноҳияи Данғара, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба 16 намуди қисмати соҳа, яъне таъмиру барқарорсозии хатҳои баландшиддати барқӣ, аз ҷумла зеристгоҳҳо, ки дар шаҳри Қизилордаи Ҷумҳурии Қазоқистон байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузашт, донишу малакаи баланди касбӣ нишон дода, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сатҳи байналмилалӣ дар ин соҳаи ҳаётан муҳими стратегӣ муаррифӣ намуда, сазовори ҷои сеюм гардиданд, - гуфт Илҳом Кенҷазода, ки худ иштирокчии ин мусобиқа буд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 703