иқтисод
«ПОМИР ЭНЕРҶӢ».
НАМУНАЕ БАРОИ ИБРАТ
Кормандони ширкати бонуфузи «Помир энерҷӣ» баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам дар фасли зимистон ҷидду ҷаҳди зиёде мекунанд. Сокинони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз аз он сипосгузоранд, ки барқчиёни ширкати бузурги энергетикӣ тайи солҳои охир як қатор амалҳои шоистаро ба ҷо оварда, дар фосилаи вақти кӯтоҳтарин, бо сифати баланд ва сидқан дар ҳамаи деҳаҳо симчӯбҳои кӯҳнаро бо сутунҳои нав иваз намуданд.
Роҳбари давлат дар сафарҳои кории қаблиашон ба шаҳру навоҳии вилоят ба масъулони ин муассиса се сол қабл супориш дода буданд, ки хати барқи баландшиддати Вамар - Шидз ба деҳаҳои Деҳу Шпад ва ба ҳашт маҳаллаи Ҷамоати деҳоти Язгулом кашида шавад. Барқчиён ин уҳдадориро сарбаландона иҷро намуданд.
Ҳамчунин, масъулони соҳа азнавсозии хати барқро ба деҳаҳои баландкӯҳи Ширговад, Мудехарв, Ғуҷоваст, Сумгаду Мурғудга, Поимазору Ванвани водии Ванҷи Боло дар муҳлати муайян бо ҳамкории дигар барқчиёни мамлакат ба иҷро расонданд. Акнун сокинони деҳаҳои Деҳу Шпад ва водии Язгулом ва мавзеъҳои аҳолинишини подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон то деҳаҳои сароби рӯдхонаи Язгуломоб дар 24 соат бо барқи доимӣ таъмин мебошанд. Ба ғайр аз ин хати барқи Курговади Дарвоз - Даштак - Рохарв навсозӣ гардида, тавоноии он аз 10 киловатт - соат ба 35 киловатт - соат расонда шуд. Ҳоло неругоҳҳои барқи обии «Ванҷ - 1», «Ванҷ - 2», «Андарбак», «Техарв» ва «Пои Мазор» низ дар ин давраи сардии зимистон бенуқсон кор карда истодаанд.
Аз ҷониби ширкати «Помир энерҷӣ» дар ноҳияи Дарвоз низ корҳои назаррас ва шоиста сомон ёфтаанд. Ба гуфти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода чор сол муқаддам сели калони шадид аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаромад. Ин офати табиат маҷрои дарёи Панҷро чанд соате банд намуд, аз соҳил дамида 22 хонаи деҳаҳои Хостав ва Ширговади Ҷамоати деҳоти Нулвандро ба коми дарё ғарқ кард ва даҳҳо нафарро бехонаву дар намуд. Барои зисти доимӣ дар мавзеи Тангно дар деҳаи қадимаи Яхчисор барои зарардидагони офати табиат хонаҳои ободу зебо сохтанд. Сокинони аз манзили зист маҳруммонда ба ин деҳаи хушбоду ҳаво ва дорои замину боғоти дилпазир кӯчонда шуданд, барояшон биноҳои маркази саломатӣ, мактаб, мағоза ва чойхона - ошхона сохтанд. Коргарони ширкати «Помир энерҷӣ» дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ба зудӣ ба ҷо оварда, хати баландшиддати барқии Зиғар - Яхчисорро дар масофаи 15 километр бунёд карданд. Ҳоло сокинони деҳа хонаҳои гарму равшан дошта, аз чизе танқисӣ надоранд. Аз чунин ғамхориҳо ва иқдомҳои шоиста мардуми ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз чун саросари Бадахшон шукронаи ғамхориҳои Роҳбари давлат ва файзу баракати даврони истиқлолиятро намуда, дар Рӯзи энергетикҳо ба кормандони ширкати «Помир энерҷӣ» изҳори миннатдорӣ менамоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 715