қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» аз 21 июли соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 7, мод. 563; с. 2016, № 7, мод. 632) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархатҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва даҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- аудити низом – санҷиш ва баҳодиҳии мутобиқат ва самаранокии низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ;
- аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – санҷиш ва баҳодиҳии мувофиқати фаъолияти ташкилот оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаи фаъолиятро танзим менамояд;
- аудити молиявӣ – омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва низоми баҳисобгирии объекти аудит, ки ба аудитор имкон медиҳад хулосаи худро оид ба таҳия шудани ҳисоботи молиявӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад;
- аудити фаъолият – санҷиш ва баҳодиҳии барномаҳо, чорабиниҳо, амалиётҳо, инчунин сохти низоми ташкилот бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои самаранокӣ, даромаднокӣ ва натиҷанокӣ, ки аз ҷониби субъект ва объекти таҳти аудит қарордошта амалӣ карда мешаванд;
- аудити технологияи иттилоотӣ – санҷиш ва баҳодиҳии мувофиқати технологияи иттилоотӣ ва ҳифзи низоми бехатарӣ, ки бо мақсади таъмин намудани махфиятнокӣ, пуррагии низом, бехатарӣ ва дастрасии иттилоот гузаронида мешаванд;».
2. Дар моддаҳои 5, 7, 8, 15, 16, 19, 20 ва 21 калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳо» ва «ӯҳдадориҳоеро» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «Уҳдадориҳои», «уҳдадориҳо» ва «уҳдадориҳоеро» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 8:
- ба қисми 1 сархатҳои ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- Кодекси одоби касбии аудиторони дохилӣ ва стандартҳои миллии аудити дохилиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- тартиб ва қоидаҳои гузаронидани супоришҳои аудиториро муқаррар менамояд;
- низомнома ва дастурамалҳои мансабии намунавии аудиторони дохилиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- ҳамкории аудити дохилиро бо аудити беруна ва мақомоти назоратию санҷишӣ ҳамоҳанг месозад;
- низоми аудити дохилиро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таъмин менамояд;».
4. Моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 12. Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2020, № 1747
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 14 октябри соли 2020, № 189
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 9 декабри соли 2020, № 93
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 651