қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ БАР АСАРИ ФАЛОКАТИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ АТОМИИ ЧЕРНОБИЛ ЗАРАР ДИДААНД»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 175; с. 2008, №10, мод. 820) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Сархати шашуми қисми якуми моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- бо пешниҳоди шаҳодатнома дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои такси), рафтуо кардан барои табобат бо нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ барои шахсони дар бандҳои «а», «б» ва «в» моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинишуда дар ҳаҷми 50 фоиз, барои шахсони дар банди «г» моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинишуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2020, № 1742
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2020, № 227
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати
нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 9 декабри соли 2020, № 88
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 714