қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВЕТЕРАНҲО»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 7-8, мод. 67; с. 1996, № 3, мод. 48; с. 1998, № 22, мод. 295; с. 2004, № 2, мод. 41; с. 2007, № 7, мод. 657; с. 2010, № 1, мод. 18) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаҳои 2 ва 13 калимаҳои «(Сарқонуни)» ва «(Сарқонун)» хориҷ карда шаванд.
2. Дар моддаҳои 11, 24, 25, 26, 27, 28, 29, 30, 31, 33, 34, 35, 36, 37, 40 ва 43 калимаи «бепул» ба калимаи «ройгон» иваз карда шавад.
3. Дар зербанди 9) банди а) қисми якуми моддаи 25 ва сархати якуми зербанди б) моддаи 40 пеш аз калимаҳои «(ба истиснои таксӣ)» калимаҳои «бо пешниҳоди шаҳодатнома» илова карда шаванд.
4. Дар зербанди 6) қисми якуми моддаи 26, зербанди 6) моддаи 28, зербанди 10) моддаи 29, зербанди 5) моддаи 30, зербанди 4) моддаи 31, зербанди 7) моддаи 33, зербанди 5) қисми якуми моддаи 37, зербанди 3) моддаи 38 ва зербанди 13) қисми якуми моддаи 43 калимаҳои «(ба ғайр аз таксӣ)» ба калимаҳои «бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ)» иваз карда шаванд.
5. Ба моддаи 45 қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли ветеранҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳудуди шаҳр, назди шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷуброн карда мешавад.
Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.
Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2020, № 1741
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2020, № 225
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 9 декабри соли 2020, № 87
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 659