қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ»
Моддаи 1. Банди 25) қисми якуми моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 352; с. 2006, № 3, мод. 148; с. 2007, № 7, мод. 663; с. 2008, № 6, мод. 450; с. 2009, № 12, мод. 820; с. 2011, № 3, мод. 156, № 6, мод. 438, № 12, мод. 835; с. 2012, № 4, мод. 251, № 7, мод. 692, № 8, мод. 821, № 12, қ. 1, мод. 1023; с. 2013, № 3, мод. 183, мод. 184, № 12, мод. 884, мод. 885; с. 2014, № 11, мод. 649; с. 2017, № 7-9, мод. 569; с. 2018, № 1, мод. 13; с. 2019, № 6, мод. 316) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«25) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намояд. Кормандони милитсияи нақлиёт ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ, дар доираи минтақаҳои хизматрасониашон ҳуқуқи истифодаи ройгонро доранд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2020, № 1736
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2020, № 217
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 9 декабри соли 2020, № 82
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 1199