қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, № 11, мод. 956, № 12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод. 133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод. 8, № 5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, № 1, мод. 7, № 7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 87:
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки дар моддаи 2951 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки намунааш аз тарафи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт муқарраргардида ба расмият дароварда мешавад ва дар сурати ситонидани ҷарима дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, пардохтномаи намунаи муқарраргардида дода мешавад.»;
- дар қисми 4 рақамҳои «1-3» ба рақамҳои «1-4» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 111 пас аз рақамҳои «290 - 294,» рақами «2951,» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2020, № 1729
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2020, № 233
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 9 декабри соли 2020, № 75
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 1127